Ин рассоми тоҷик, ки асосан бо рангҳои равғанӣ эҷод мекунад, аз охирҳои солҳои 1980, баъди як муддат зиндагӣ дар Маскав қарор кард, ки дар ин шаҳр бимонад. Ҳоло ӯ шаҳрвандии Русияро дорад ва мегӯяд, танҳо аз ҳисоби рассомӣ зиндагиро пеш мебарад. Намунаҳои наққошиҳои ӯро дар Интернет низ пайдо кардан мумкин аст.
- Таи се соли охир бо галереяҳои бузург дар Олмон, Фаронса ва ИМА кор мекунам ва айни замон бо фаронсавиҳо ҳамкорӣ дорам. Онҳо расмҳои маро ба фурӯш мегузоранд, - гуфт ӯ.
Қодир Раҳимов нахост дар бораи қимати асарҳои худ дар галереяҳои ҷаҳонӣ сӯҳбат кунад, вале гуфт, “рӯзам мегузарад”.
“Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам”, - ҳамин қалам аст, ки маро хор шудан намемонад”, гуфт ин рассом.
Ин қаламкаши тавоно мегӯяд, дар зиндагӣ ва кор бештар танҳоиро дӯст медорад. Соҳиби як писар ва духтар аст, вале ҳеҷ шогирде тарбият накарадаст. Мегӯяд, ҳоло рисолати устод ҳам тағйир ёфтааст. “Ҳар кас агар устод хоҳад, корҳои маро аз Интернет мебинаду меомӯзад”, мегӯяд вай. Бо вуҷуди дурӣ аз Тоҷикистон, Қодир Раҳимов бар ин аст, ки тамоми асарҳои ӯ бо илҳом аз манзараву табиати Тоҷикистон ва ҳам сабзаву рангҳои зебои Варзобу Харангон наққошӣ шудаанд. “Чӣ фарқ дорад, ки ман дар куҷо эҷод мекунам. Ҳар куҷое кори ман пайдо мешавад, маро ба унвони як рассоми тоҷик муаррифӣ мекунад”, гуфт ӯ.
Манзаранигор Қодир Раҳимов
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад