Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи видоъ бо Хоманаӣ. Раҳбари нави Эрон дар куҷост?

Майдони Озодии Теҳрон, ӯзи 6-уми июли 2026
Майдони Озодии Теҳрон, ӯзи 6-уми июли 2026

Дар маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон, ки ҳанӯз идома дорад, писари ӯ ва раҳбари кунунии Ҷумҳурии Исломӣ Муҷтабо Хоманаӣ ҳузур надорад. Ин дар ҳолест, ки се писари дигари ӯ – Мустафо, Масъуд ва Майсам – дар маросим иштирок карданд. Онҳо дар бештар аз чаҳор моҳи охир бори аввал дар миёни мардум дида шуданд.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи 28-уми феврали имсол дар ҳамлаи Амрико ва Исроил кушта шуд. Муҷтабо Хоманаӣ пас аз марги падараш раҳбари нави олии ин кишвар эълон гардид. Бо вуҷуди ин ки ҷойгузини мақоми раҳбари пешин бояд дар садри маросими видоъ бошад, Муҷтабо Хоманаӣ дар ин маърака дида нашуд.

Вай аз замони ҳамлаи Амрико ва Исроил, беш аз чор моҳ боз дар мазҳари ом пайдо нашудааст ва ҳам ҳеч садо ё навореро аз ӯ нашр накарданд. Ин чиз суолҳоеро дар бораи вазъи саломатӣ ва тавонмандияш барои иҷрои масъулиятҳои раҳбари олии кишвар эҷод кардааст.

Мақомот дар Эрон ҳузур наёфтани раҳбари олиро дар маросими видоъ бо падараш эҳтимол ба далелҳои амниятӣ пайванд диҳанд. Аммо нозирон мушоҳида кардаанд, ки тақрибан ҳама раҳбарони баландмақом дар маросим буданд ва ҳукумат барои таъмини амнияти онҳо чораҳоро фароҳам овардааст.

Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳур ва Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси порлумони Эрон, инчунин, тамоми фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва раҳбарони дигари низомӣ дар ин маросим иштирок карданд.

Доналд Трамп, президенти Амрико, рӯзи 3-юми июл ба Теҳрон "як ҳафта" вақт дод, ки пеш аз азсаргирии гуфтушунидҳо маросими видоъ ва дафни Хоманаиро ба поён расонанд.

Дар баробари мақомот, миллионҳо сокини Эрон низ дар маросими видоъ бо Хоманаӣ ширкат карданд. Мақомот барои онҳо нақлиёту хӯрок ва меҳмонхонаҳои ройгон фароҳам кардаанд.

Ба иттилои матбуоти давлатии Эрон, ҳайатҳои "Ҳамос", "Ҳизбуллоҳ" ва ҳусиҳои Яман, гурӯҳҳои мусаллаҳи мавриди ҳимояти Ҷумҳурии Исломӣ, аз саросари Ховари Миёна ҳам дар маросими сӯг иштирок кардаанд.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос"-ро созмони террористӣ меноманд. Иёлоти Муттаҳида "Ҳизбуллоҳ"-ро ташкилоти террористӣ меномад ва Иттиҳоди Аврупо танҳо қаноти низомии онро ба ин феҳрист шомил кардааст.

Маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ шаш рӯз давом мекунад ва раҳбари пешини Эронро рӯзи 9-уми июл дар зодгоҳаш Машҳад ба хок месупоранд.

Тӯли даҳсолаҳои ҳукмронии Алии Хоманаӣ бисёре аз эронинён бо саркӯбу таъқиби сиёсӣ ва иҷтимоӣ, таҳдид, боздошт ва ҳабс рӯ ба рӯ буданд. Нерӯҳои амниятии Эрон дар аввали имсол таҷаммӯи зиёди норозиёнро башиддат саркӯб карданд.

Мардуми норозӣ ба зидди бадшавии сатҳи зиндагӣ дар Эрон, ки ҳосили сиёсатҳои ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ буд, ба кӯчаву хиёбонҳо баромада буданд. Баъзе аз гурӯҳҳо иддао доранд, ки дар ин рӯйдод аз 35 то 40 ҳазор кас кушта шудаанд. Радиои Озодӣ ин оморро мустақилона тасдиқ кард ё инкор карда наметавонад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Муҷтабо Хоманаӣ куҷост?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00
Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG