Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва 9 рақиби ӯ. Интихоботи президентии Тоҷикистон ба чӣ номзадҳо ниёз дорад?


Раъйдиҳӣ дар яке аз қитъаҳои интихоботӣ, моҳи марти 2020

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Интихоботи президентии пешорӯи Тоҷикистон аз як нигоҳ ба интихоботи соли 1991 монанд мешавад. Он замон якбора 8 нафар муддаии курсии президентӣ гардид:

Раҳмон Набиев;

Давлат Худоназаров;

Сайфиддин Тӯраев;

Ҳикматулло Насриддинов;

Қадриддин Аслонов;

Бӯрихон Салимов;

Бобишо Шоев;

Акбар Махсумов.

Гуфтан мумкин аст, ки ин рӯйхат аз шахсиятҳои таъсиргузори вақт иборат буд. Имкон дошт сафи номзадҳо аз ин ҳам бештар шаванд, агар Аслиддин Соҳибназаров ва Тоҳири Абдуҷаббор ба маърака ҳамроҳ мешуданд. Соҳибназаров, ки ҳуҷҷатҳои худро ба КМИР пешниҳод карданӣ буд, якбора тасмим гирифт, ба тими Давлат Худоназаров пайвандаду дар сурати пирӯзӣ муовини ӯ бошад. Мегуфтанд, Тоҳири Абдуҷаббор имзои заруриро ҷамъ оварда натавонист, ҳарчанд бархе барояш ваъда дода буданд, ки 10 ҳазор имзои он замон меъёршударо фақат аз ноҳияи Маскав (ҳоло Ҳамадонӣ) ҷамъ мекунанд.

“Номзадҳои шӯх” ҳам баъзан даркоранд...

Шояд бо тамасхур аз муносиб набудани на ҳамаи номзадҳо буд, ки нашрияи машҳури вақт “Чароғи рӯз” Абдулло Дӯст Хоксорӣ – шоири дарвешнаморо ҳам шӯхиомез номзади худ эълон намуд, ки мегуфт барномаи интихоботиаш аз як нуктаи муҳим иборат аст: китоби “Дарёнома”-и худро бо теъдоди калон нашр мекунад ва бо пули фурӯши он имкон дорад буҷаи Тоҷикистонро таъмин кард.

Дар байни онҳое низ, ки расман сабти ном гаштанд, “номзадҳои шӯх” кам набуд. Аз ҷумла, Бӯрихон Салимов ва Бобишо Шоев, ки якеаш мегуфт дар шоҳроҳҳои кишвар дарахтони бисёре хоҳад шинонду бо ҳамин ҳалли хеле масъалаҳо имконпазир мегардад.

Аммо он маърака аз интихоботи президентии соли 2020 як тафовути ҷиддӣ дошт: ду номзади қавӣ!

Ин боис гардид, ки ҷомеаи фаъоли Тоҷикистон ба ду тақсим шаванд ва як муҳити интихоботиро шакл бидиҳанд: ҷонибдорони Набиев ва Худоназаров.

Зимнан, ҳузури номзадҳои қавӣ маъракаро хеле гарм нигоҳ медошт ва зарфияту хостаҳои гуногуни бофтҳои иҷтимоии кишварро маълум менамуд. “Номзадҳои шӯх” дар ин ҳолат гӯё фақат нақши тафреҳӣ доштанд.

Дар натиҷа интихобот бо фарқи начандон калони байни ду номзади аслӣ хотима ёфт, ки он ҳам ҷониби мағлуб эълоншударо қонеъ намекард. Ин ки ҳукумати вақт аз ҳолати маълумшудаи воқеиятҳои ҷомеа истифода карда натавонист, ҷурми худи онҳост. Ё шояд таҷрибаи кор дар чунин ҷомеаро надоштанд, ё масъаларо ҷиддӣ нагирифтанд...

Аз он маърака ба рухдодҳои 29 сол пас баргардем, саҳнаи дигареро шоҳид мешавем. Дуруст аст, ки аз 6 номзади ҳоло пешниҳодшуда дар интихоботи президентии пешорӯ номаълум чанд нафар 250 000 имзо ҷамъ карда метавонад, то ба сабқати асосӣ раҳ ёбад. Эҳтимол 3 ё 4 нафари онҳо монанд, ки бо махсусиятҳои интихоботи пешорӯ он ҳам шумораи зиёд аст.

Вале ҳамин маъракаи пешниҳоди “номзадҳои дуруст” маълум кард, ки на ҳамаи онҳо ҷавобгӯи хостаи интихобкунандаи тоҷик будаанд. Дар маҳфилҳои мухталиф то охир мушаххас карда наметавонанд, ки ин ё он изҳороти номзадҳо, ки аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ пешбарӣ шудаанд, то куҷо ҷиддӣ фаҳмида шавад ва то куҷо шӯхӣ.

Масалан, вақте Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист гуфт, ки вуруд ба пойтахтро пулакӣ карданист, ё Латифзода масъалаи дузанагиро ба баҳс кашид. Дуруст, масъалаи дузанагӣ вуҷуд дорад, ки ҳатман танзими ҳуқуқиро мехоҳад. Танбашавии нақлиёт дар Душанбе низ баъзан пеш меояд, аммо ҳоло мардум менависанду мегӯянд, номзадеро дастгирӣ кардан мехоҳанд, ки аз ҷумла роҳи шимоли мамлакатро ройгон намояд, чӣ расад ба роҳи пулакии пойтахт.

Раиси Ҳизби аграрӣ шояд ба назар нагирифт, ки интихобкунандаи асосӣ дар Тоҷикистон занҳоанд ва гуфтан душвор аст, ки аксари онҳо ҷонибдори дузанагӣ бошанд. Воқеан, соли 1995 - 1996 раҳбари собиқи Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев, ки ҳамзамон вакили Шӯрои олӣ буд, тарҳи қонуни дузанагиро ба муҳокима гузошт. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо як савол ба генерал мавзуъро ниҳоӣ кард:

“Оё розӣ мешавед, ки духтари худатон зани дуюм шавад?”

Ғаффор Мирзоев гӯё дар посух хомӯш мондааст...

Вақте “номзадҳои расмӣ” хостаҳои ҷомеаро ошкор намекунанд...

Бо ҳамин, гуфтан душвор аст, ки аҳзоби фаъоли сиёсии Тоҷикистон воқеиятҳои рӯзгори моро санҷидашудаву таҳлилӣ баррасӣ карда метавонанд. Маълум аст, ки анҷоми ин кор танҳо хос ба нерӯҳои тавонманд ва пуштибонии мардумидошта имконпазир мегардад. Ё аҳзобе, ки даъвои идеологиву сиёсӣ доранд. Аз ҳизбҳои фаъол бошад, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодиро, ҳатто таҳлилгарони наздик ба ҳукумат “ғайриидеологиву ғайрисиёсӣ” арзёбӣ мекунанд. Ҳизби демократ, коммунист ва сотсиалист, ки бояд ҳизбҳои ҷиддии сиёсӣ бошанд, мегӯянд бо ҳукумат даъвои хос надоранд ва танҳо масоили иҷтимоӣ – иқтисодиро асоси барномаҳои худ меҳисобанд. Албатта, дар ин гуна баҳсҳо низ ба назар мерасад аз эҳтиёт сахт кор мегиранд.

Оё чунин ҳолат тамоми интихобкунандаро қонеъ мегардонад?

Дар асри 21 таъмин будан бо газу барқ, ҷойи кори муносиб, мошин ва манзил оё имтиёз аст, ё шароити ҳадди ақалли зиндагии як инсони бошараф?

Оё таъмин намудан бо ин шароитҳои аввалия вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумате нест, ки 28 сол дар сари қудрат аст?

Шояд вуҷуди ин саволҳо буд, ки бори аввал дар интихоботҳои президентии кишвар “номзадҳои ғайрирасмӣ” ба миён омаданд. Гап сари ба истилоҳ номзадҳое меравад, ки мехостанд ба таври худпешбарӣ вориди рақобат шаванд. Ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон чунин тартибро муқаррар накардааст.

“Номзади №1” аз рӯи ин меъёр Қувваталӣ Муродов - узви собиқи Фронти халқӣ буд, ки ҳанӯз баҳори соли гузашта аз тасмими иштирокаш дар интихоботи президентии соли 2020 хабар дод. Вале дертар дар сӯҳбат бо расонаҳои хабарӣ гуфт, ки таҳти фишори фарзандон қарор гирифтааст ва аз раъяш мегардад.

Бо ин вуҷуд гуфт, ин тасмимаш қолабҳоеро дар муҳити Тоҷикистон шикаст: "Фалон корро накун, ки ҳабс мешавӣ" ва "фалон гапро нагӯй, хуб нест", бояд аз байн бурда шавад. Эҷоди фазои тарс хуб нест. Бигзор ҳар кас дар доираи қонун гапи худро гӯяд ва ҳаққашро талаб кунад, - гуфта буд Қувваталӣ Муродов.

Пас аз эълони расмии маърака бошад, як сокини шаҳри Панҷакент бо аризае ба унвони раисони ҳарду қабатҳои парлумон муроҷиат карду хост, ки номзадии ӯро дар интихоботи президентӣ ба қайд гиранд. Маълум аст, ки ин ариза ба суроғаи нодуруст ирсол шуда буд, чун парлумон чунин салоҳият надорад. Шояд ба ҳамин хотир буд, ки ба он посух надоданд. Ҳарчанд Иброҳимҷон Юсуфбеков мегуфт, ки ҳадафи иштирокаш ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд ва дар охир аз онҳо хоҳиш мекунад, то ба президенти кунунӣ овоз диҳанд.

Аммо вақте бо даъвои номзадии мустақил Фаромӯз Иргашев, ҳуқуқшиноси 30-сола аз шаҳри Хоруғ баромад намуд, дар доираҳои наздик ба ҳукумат мисле, ки такон хӯрданд. Акнун шумораи зиёди «фейкҳо» ба таҳқиру таҳдиди ӯ гузаштанд. Шояд матбуоти расмӣ ҳам ба муқобилаш матолибе нашр намоянд. Инро фаҳмидан мумкин. Ба ҳар ҳол даъвоҳое, ки ӯ дорад, дар муқобили номзадҳои расмӣ ҷиддитаранд:

“Дар тӯли 7 соли корам дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба беадолатӣ дар мурофиаҳои судӣ ва зулму ситам аз тарафи мақомоти қудратӣ нисбат ба шаҳрвандон, фасод дар хидмати давлатӣ, суиистифода аз мансаб ва табдил додани мақомоти давлатӣ аз тарафи хидматчиёни давлатӣ ба корхонаҳои шахсии худ дучор шудам. Бино бар чунин ҳолати кор, тасмим гирифтам, дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоям. Ва дар якҷоягӣ бо мардуми оддии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро аз чунин хидматчиёни давлатӣ, ки бо фасод сару кор доранд ва ҳокимиятро барои худ ҳамчун хонаи шахсӣ кардаанд, ягон касро ба дохилаш ҳатто даромадан намемонанд, аз чунин одамон тоза намоем. Чунин хидматчиёни давлатӣ дар сохтори давлат бояд кор накунанд!”

Вақте танқидро “беэҳтиромӣ” меҳисобанд...

Бояд дуруст дарк кард, ки интихобот маҳз бо вуҷуди чунин номзадҳо маъракаи муҳим мешавад. Ҳукумат ва институтҳояш дар натиҷаи ин гуна баҳсҳо нуқсҳои ҷойдошта, майлону ормонҳои мардумро эҳсос карда, барои оянда барномарезӣ мекунад.

Дар ин сурат, мантиқӣ мебуд, агар бипурсем, ки оё барои ҳар ҳукумати нав маҳз номзадҳое бояд муҳим бошанд, ки чизи наверо ошкор мекунанд, ё чанд нафаре, ки барои “зеб” ба маърака ворид мешаванд?

Дар интихоботи парлумонии имсол аз намояндаи коммунистҳо пурсидам: “Шабдолов мегуфт, мо нафароне ҳастем, ки дарди дили мардумро гуфта метавонем. Ҳам дар минбари парлумон ва ҳам аз тариқи расонаҳо. Ҳоло, агар 5 соли ахирро хулоса намоем, ҲКТ тақрибан хомӯш буд. Пас, умеди Шумо ҳоло ба чист, ки мардум ба ҷонибдориатон овоз медиҳад?”

Сардабири нашрияи ҳизбиашон журналисти шинохта Ҳабибулло Ёров ҷавоби аҷибе дод: «Фикр мекунам, дарди мардумро ғайр аз ҳукумат касе бештару беҳтар гуфтаву дарк карда наметавонад. Ягон ҳизб ҳам. Гуфтан мехоҳам, ки танҳо ҳизби ҳукмрон, ки тамоми маълумоти зарурӣ ва имконотро дар ихтиёр дорад, метавонад аз дарди мардум бохабар бошаду роҳи ҳал пайдо кунад. Он имкониятҳое, ки Президенти Тоҷикистон аз рӯи ваколату салоҳияташон доранду ба минтақаҳо сафар мекунанд ва бо мардум мулоқоти доимӣ доранд, ҳеҷ ҳизбе надорад. Шабдолов ҳам ба минтақаҳо намерафт, агар мерафт, ҳамчун вакили парлумон мерафт. Раиси нави ҳизб ҳам ин имконро надорад.»

Ба раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров савол додам, ки чаро аз интиқоди ҳукумат канорагирӣ мекунед? Ҷавоби ӯ: “Соли 2006 вақте номзад ба президентӣ будам, аз ман хабарнигорони хориҷӣ пурсиданд, ки чаро Шумо рақибони худро сахт танқид намекунед? Посухи ман ин буд, ки фарҳанг ва ҷомеаи Шарқ аз Ғарб комилан фарқ мекунад. Дар мо, баръакс, агар рақибро сахт интиқод кардед, мардум дар симоятон нафареро мебинанд, ки ҳарифи худро эҳтиром намекунад.»

Чунин “посухҳои ҷиддӣ” ва ҳам “шӯхиомез” –ро, ки мисолашро дар боло овардем ва шояд дар раванди маърака боз шоҳид мегардем, баъзан мардумро ба хулосаи дигар мебарад: Ин гуна номзадҳо барои он ба маърака роҳ дода мешаванд, ки ба онҳо овоз надиҳанд!

Вокуниши ҷолиб ва мантиқӣ. Аммо интихоби байни “баду бадтар” дар маъракаи муҳиме чун интихоботи президентӣ набояд меъёр бошад. Ё ин ченакҳо тағйир ёфтаанду мо бехабарем?

Агар чунин аст, саволи асосии интихобкунанда пайдо хоҳад шуд:

Зиндагии мо кай тағйир меёбад?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (34)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG