Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5600 тоҷик дар Олмон. Реадмиссия киҳоро ҳадаф қарор медиҳад?


Муҳоҷирон дар Берлин. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистону Олмон ба баррасии тарҳи созишномаи бозпасгардонӣ ё реадмиссия оғоз кардаанд. Олмон дар қатори Лаҳистон яке аз кишварҳои асосии аврупоист, ки дар чаҳор соли ахир дари худро ба рӯйи садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон кушодааст. Шумори тоҷикистониҳои муқими Олмон ба 5600 нафар мерасад.

Баррасиҳои нахустини созишномаи реадмиссия миёни Тоҷикистону Олмон рӯзи 20-уми августи имсол дар Душанбе ҷараён гирифт. Ҷониби Олмонро дар нишаст Волфганг Ҳаммер, сардори шуъбаи баргардонидани шахсон оид ба Аврупо ва Осиёи вазорати федеролии корҳои дохилии он кишвар намояндагӣ кард. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин мулоқот намояндагони вазоратҳои умури дохилӣ, хориҷӣ, муҳоҷират ва инчунин масъулони сохторҳои дигари қудратии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Толибҷон Шарифов, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, созишномаи бозпасгардонӣ ба нафароне рабт дорад, ки "ҷиноят содир кардаанд ва он ҷо (дар Олмон) ғайриқонунӣ фаъолият доранд. Ҳадафи созишнома ин аст, ки ин гуруҳ ба кишвари худ бозпас фиристода шаванд."

Як ширкатдори дигари ин гуфтугӯҳо аз ҳукумати Тоҷикистон ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мулоқоти Душанбе намояндагони сохторҳои ҳифзи қонуни Тоҷикистон ба татбиқи ин санад "ҳавасмандӣ ва манфиати бештар" нишон медоданд, "баъзеашон дар бораи имкони бозгардони мухолифону мунтақидони сиёсӣ ҳам гап заданд".

Вале фаъолони мухолифин мегӯянд, созиши реадмиссия як санади бештар фаннӣ аст ва ҳеҷ рабте ба соҳибони санади паноҳандагӣ надорад. Темур Варқӣ, журналист ва узви Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар Париж истиқомат мекунад, гуфт:

“Мақомоти Тоҷикистон ва Олмон маънии ин тавофуқномаро ба таври мухталиф арзёбӣ мекунанд. Барои ҷониби Олмон ин як санади маъмулист, ки ба сиёсат рабте надорад, вале бар пояи талаботи қонунгузорӣ таҳия шудааст. Барои ҷониби Тоҷикистон ин санад талошест барои истифодаи муқаррароти қонунгузорӣ дар заминаи таъқиби мухолифони сиёсӣ”. Ӯ гуфт, ки Олмон як кишвари “мутамаддини ҳуқуқбунёд аст ва ин кишвар гурезаҳои сиёсиеро, ки дар кишварҳои мухталифи худкома мавриди пайгард қарор доранд, истирдод намекунад”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки санад ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва баъд аз иловаҳои бештар ва омӯзиши амиқтари ҷонибҳо бори дигар бояд баррасӣ шавад.

Ҳуқуқшиноси олмонӣ: Реадмиссия ба паноҳандагон рабте надорад

Созишномаи реадмиссия ё бозгардони шаҳрвандони ғайриқонуниро кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бо давлатҳои зиёди ҳамкорашон имзо кардаанд.

Созишномаи реадмиссия чӣ санад аст ва оё кадом гурӯҳи шаҳрвандон метавонанд бар асоси ин санад ба ватанашон истирдод шаванд? То куҷо зарурат барои имзои чунин як санад вуҷуд дорад ва ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон чӣ гуна аст?

Ба ин саволҳо Бернд Месович, мушовири ҳуқуқии PRO ASYL – cозмони ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқи паноҳҷӯён дар Олмон дар номае ба Радиои Озодӣ посух дод. Ин созмон ба ҳайси ёрирасони ҳукумати Олмон ва муҳоҷирон кор мекунад ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам муштариёни ин созмон мебошанд.

Радиои Озодӣ: Созишномаи реадмиссия чӣ маъно дорад?

Бернд Месович: Дар миёни кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Олмону давлатҳои ғайриаврупоӣ созишномаҳои зиёд оид ба реадмиссия вуҷуд дорад. Ин созишномаҳо ҷараёни реадмиссия (аз калимаи англисии to readmit - бозпасгардонӣ)-ро миёни кишварҳои имзокунандаи ин санад дар робита бо шаҳрвандони бидуни ҳаққи зист танзим мекунад. Ин ба он маъност, ки бар асоси шароити созишнома, Олмон шаҳрвандони дар Тоҷикистон бидуни иҷоза қарордоштаашро бозпас оварда метавонад. Ҳамин корро Тоҷикистон ҳам метавонад. Ин созишномаҳоро мешавад ҳамчун тавофуқҳои фаннӣ арзёбӣ кард, чун бар асоси онҳо масъалаҳои бештар техникӣ ҳал мешавад, ба мисли: кадом санадҳо барои ҷараёни реадмиссия пазируфта мешаванд ва ё аз кадом роҳ кишварҳо шаҳрвандонашонро эътироф мекунанд. Иҷрои чаҳорчӯби қонунии созишномаҳои бозпасгардонӣ ҳатмӣ буда, бозгардондани шаҳрвандон ба кишварҳояшон бар асоси қонунҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

Радиои Озодӣ: Кадом гурӯҳи шахсон метавонанд ба унвони афроди муносиб барои бозпасгардонӣ ё реадмиссия арзёбӣ шаванд?

Бернд Месович: Дар маҷмӯъ, тамоми шаҳрвандоне, ки дар Олмон бе иҷоза қарор доранд, афроди марбут ба ин созишнома арзёбӣ мешаванд. Бар асоси баъзе шароитҳо, ин санад метавонад марбут ба афроди ғайриқонунӣ татбиқ шавад: масалан, онҳое, ки мӯҳлати визаи туристиашон хотима ёфтааст. Афроде ҳам, ки дархости паноҳҷӯии онҳо рад шудааст, мутобиқи ин созишнома метавонанд истирдод шаванд.

То замоне дархост ниҳоӣ нашавад...

Радиои Озодӣ: Оё ин санад ҳамчунин паноҳҷӯёни сиёсӣ аз Тоҷикистонро ҳадаф қарор медиҳад?

Бернд Месович: На. То замоне ки дархости паноҳандагии шахс ниҳоӣ нашавад ва аризадиҳанда бар асоси қонун посухи рад нагирад, нисбат ба ӯ муқаррароти Эъломияи муҳоҷират оид ба адами бозпасгардонӣ татбиқ мешавад.

Радиои Озодӣ: Бархе мусоҳибони Радиои Озодӣ дар миёни паноҳҷӯён аз дурнамои имзо шудани созишномаи реадмиссия нигаронӣ карданд. Онҳо ҳарос доранд, ки фирор аз таъқибҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва талоши паноҳҷӯӣ дар Олмон метавонад мавқеи онҳоро заиф кунад ва дар ниҳояти амр мақомот дар Олмон хилоф бо арзишҳои ҳуқуқи башар амал карда, онҳоро истирдод менамоянд...

Бернд Месович: Ҳамонгуна, ки дар посух ба саволи аввали шумо гуфтам, ин созишнома танҳо роҳҳои фаннии татбиқи ҷараёни бозпасгардониро танзим мекунад. Ҳатто бидуни чунин як созишнома ҳам Тоҷикистон бар асоси қонунҳои байналмилалӣ вазифадор аст, ки шаҳрвандонашро бозпас бигирад. Худи вуҷуди ин санад ҳеҷ арзиши иловагӣ надорад. Вале бояд ҷараёни дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар Олмон аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дақиқ омӯхта шавад, то куҷо қонун риоя шудааст, то куҷо паноҳандагии шахс дуруст эътироф шудааст, то куҷо афроди осебдида мавриди ҳимоят ҳастанд ва то куҷо мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон ба эътибор гирифта шудааст. Аз Тоҷикистон шумори ками нафарон дархости паноҳандагӣ додаанд – дар 18 моҳ тахминан 600 ариза ворид шудааст.

700 паноҳанда ва ихроҷи 16 нафар ба Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Чӣ миқдор шаҳрвандони Тоҷикистон баъди соли 2015 аз кумаки ҳукумати Олмон бархӯрдор шуда паноҳандагии сиёсиву иқтисодӣ дарёфт карданд? Чӣ миқдорашон мунтазири ҳал шудани қазияаашон мебошанд?

Бернд Месович: Мутобиқи омори ниҳоди марказии сабткунандаи шаҳрвандони хориҷӣ (Ausländerzentralregister ваё AZR) дар Олмон тахминан 5600 шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. 3230 нафар ҳамчун паноҳҷӯ сабтином шудаанд. 700 нафар ба унвони паноҳанда сабт шуда, 740 ариза рад шудааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2019 аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон 150 нафар аввалин бор дар Олмон дархости паноҳандагӣ додаанд. Дар ҳамин муддат мизони эътироф ё қабули аризаҳо 26,6 дарсадро ташкил додааст. Ба савол дар бораи мизони афроде, ки ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебаранд, дақиқ посух гуфтан мушкил аст. Бархе воқеан ҳам тарки ин кишвар мекунанду ба давлатҳои дигар мераванд ва ё ба ватан бармегарданд, вале моро огоҳ намекунанд. Чунин қазияҳо вуҷуд дорад. Вале бар асоси омори расмӣ, соли 2018 шаш ва дар нимсолаи аввали соли 2019 – 10 шаҳрванди Тоҷикистон аз Олмон ба ватан ихроҷ шуданд. Дар муқоиса бо шумори умумии паноҳҷӯён ин рақами ночиз аст. Мешавад гуфт, ки дар асл муқаррароти депортатсия ё ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон кор намекунад ва ҳамин чиз моро ба ин андеша овардааст, ки шояд созишномаи реадмиссия битавонад ин вазифаро анҷом бидиҳад.

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG