Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Регар-ТадАЗ” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC дар Бишкек бозӣ мекунад


Бозии дастаи “Регар”-ТадАЗ” бо дастаи "Истиқлол"
Бозии дастаи “Регар”-ТадАЗ” бо дастаи "Истиқлол"

Дастаи “Регар”-ТадАЗ”-и Турсунзода дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 дар гурӯҳи “С” рақобат хоҳад кард.

Рақибони “Регар-ТадАЗ” дар ин гурӯҳ дастаҳои «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон), "Сафо" (Лубнон) ва "Ал-Арабӣ" (Кувайт) мебошанд.

Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳ ба таври мутамарказ дар як ҷо, дар варзишгоҳи "Долон Умурзоқов"-и пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек - барпо мегарданд.

Тибқи тақвими мусобиқот “Регар-ТадАЗ” 25-уми октябр бо "Мурас Юнайтед", 28-уми октябр бо «Ал-Арабӣ» ва 31-уми октябр бо "Сафо" вориди рақобат мешавад.

Тақвими бозиҳои «Регар-ТадАЗ» дар Лигаи даъвати AFC-2025/26:

Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25-уми октябр (шанбе)

19:00 - «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) - "Мурас Юнайтед" (Қирғизистон)

Даври 2-юм

28-уми октябр (сешанбе)

15:00 - "Ал-Арабӣ" (Кувайт) - "Регар-ТадАЗ" (Тоҷикистон)

Даври 3-юм

31-уми октябр (ҷумъа)

15:00 - "Регар-ТадАЗ" (Тоҷикистон) - "Сафо" (Лубнон)

Эзоҳ: Замони оғози ҳамаи бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Ёдовар мешавем, "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2024, натавонист ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи Осиё-2025/26 роҳ ёбад, бинобар ин дар Лигаи даъвати AFC иштирок хоҳад кард.

"Регар-ТадАЗ" дар бозии плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои дуи Осиё-2025/26 рӯзи 13-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода аз тими "Аҳал"-и Туркманистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ҳамакнун "Регар-ТадАЗ" баромади худро дар сеюмин мусобиқаи бошгоҳии Осиё – Лигаи даъвати AFC-2025/26 - идома медиҳад

XS
SM
MD
LG