Юсуф Вафо яке аз афроди наздики раҳбари Толибон гуфта мешавад ва дар гузашта волии Қандаҳор будааст. Ӯ баландтарин мақомдори Толибон аст, ки дар чор соли ҳукумати ин гурӯҳ бар Афғонистон, ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Расонаҳои Афғонистон аз қавли сухангӯи волии Толибон дар Балх навиштанд, ки Юсуф Вафо рӯзи 23 октябр ба Тоҷикистон сафар кард ва дар суҳбат бо мақомоти тоҷик хостори барқарории робитаҳои дипломатӣ шудааст. Ба гуфтаи сухангӯи волии Балх, Юсуф Вафо бо даъвати Тоҷикистон ба Душанбе сафар кардааст.
Ба навиштаи "Afghanistan International", волии Толибон дар ин дидору мулоқотҳо бар густариши робитаҳои дипломатӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва илмӣ миёни ду кишвар таъкид карда, мубориза бо таҳдидҳои амниятиро авлавияти ҳамкориҳои дуҷониба донистааст. Ӯ хостори ҳамоҳангии амалиётӣ дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои қочоқи маводир мухаддир шудааст.
Толибон дар Тоҷикистон як гурӯҳи мамнуъ ва террористӣ дониста мешавад.
Расонаҳои Афғонистон аз қавли Юсуф Вафо навиштаанд, ки ба ҳеч касе иҷоза дода намешавад, ки аз хоки Афғонистон алайҳи кишвари дигар истифода шавад. Ба навиштаи ин расонаҳо, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо истиқбол аз мавзеи тарафи Афғонистон, ба аҳамияти ҳусни ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкориҳои амниятӣ ва истихборотӣ миёни ду кишвар таъкид кардааст.
Мақомоти расмӣ дар Душанбе ва низ расонаҳои Тоҷикистон то кунун дар мавриди ин сафар хабаре нашр накардаанд.
Сафари волии Балхи Афғонистон ба Тоҷикистон дар рӯзе сурат гирифт, ки Душанбе мизбони Севумин нишасти кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар мавриди мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ буд. Маълум нест, ки ин мақоми ҳукумати Толибон барои ширкат дар ин нишаст ба Душанбе омадааст ё мустақилона даъват шудааст.
Сафари ин мақоми Толибон ба Тоҷикистон тақрибан як сол баъд аз сафари Саймумин Ятимов ба Кобул ва дидору мулоқоташ бо раҳбарони мақомоти истихборотӣ ва низомии Толибон сурат мегирад. Он сафар дар нимаи дувуми моҳи августи соли 2024 сурат гирифта буд ва дар моҳи сентябри ҳамон сол расонаӣ шуд.
Робитаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳор соли гузашта шебу фарозҳое доштааст. Тоҷикистон дар ибтидо дар маҳофили сиёсӣ ва таблиғоти расонаӣ мавзеъгирии қотеъ алайҳи Толибон мекард ва ягона кишваре аз ҳамсояҳои Афғонистон дониста мешуд, ки ба мухолифини Толибон, пойгоҳ додааст.
Бо гузашти замон, нишонаҳое аз тағйир дар сиёсатҳои Тоҷикистон дар баробари ҳукумати Толибон ба вуҷуд омад. Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии худро бо Афғонистон ҳифз кард ва ҳоло ба ин ҳамсоякишвари худ барқ содир мекунад ва бозорҳои наздимарзиро фаъол нигоҳ медорад.
Ҳарчанд Тоҷикистон то кунун Сафорати Афғонистон дар Душанберо дар ихтиёри сафири ҳукумати пешини Кобул нигаҳ медорад, аммо дар моҳи марти соли 2023 Толибон эълон карданд, ки Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон аз ҳукумати онҳо намояндагӣ мекунад.
Дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз оғоз равобити гуногуне бо Толибон доштанд ва ҳатто ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун карданд, ҳоло бо Толибон робитаҳои хуб барқарор кардаанд. Чанд моҳ пеш Русия, ки кишварҳои Осиёи Миёна дар меҳвари сиёсатҳои он мечарханд, ҳукумати Толибонро ба расмият шинохт.
Гуфтугӯ