Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IRS: "Нозирони роҳ ҳақ надоранд, ки посгоҳ ташкил кунанд"


Баъзе ронандаҳо аз вуҷуди посгоҳҳои пулис дар роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ ва мавридҳои, ба гуфтаи онҳо, “ҳақситонӣ” шикоят карданд. Вале раҳбарияти IRS, Инновейтив Роуд Солюшнз, масъули пулчинӣ ва назорати ин роҳ гуфтанд, ки бар асоси як шартнома кормандони БДА (ГАИ) ҳақ надоранд, дар масири Душанбе-Чаноқ посгоҳ ташкил кунанд.

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS) соли 2009 дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст.

Ҳоҷӣ Азизбек собиқаи беш аз 30-солаи ронандагӣ дорад. Ӯ рӯзи 29 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар тӯли ин роҳ се посгоҳи пулис фаъол буда, тақрибан ҳамаи ронандаҳоро “аз ғалбер мегузаронанд”. “Ҳар кадоми онҳо “ҳаққ”-и худро дорад. Мо дар тарозуҳо пул дода мегузарем. Ба болои ин кормандони БДА моро нигаҳ дошта мегӯянд, ки қоидаи роҳро вайрон кардед ва ҳатман таваққӯе доранд”, - афзуд Ҳоҷӣ Азизбек.

БДА: Онҳо бехатарӣ дар роҳро назорат мекунанд

Ронандаи дигаре, ки нахост номаш бурда шавад, низ гуфт, “вақте тарозуҳоро гузоштанд, чаро кормандони БДА-ро мегузоранд? Вақте пули роҳу “ҳаққ”-и нозиронро медиҳӣ, ҳатман қимати роҳкиро боло меравад. Вале сокинон шикоят мекунанд, ки мо аз пеши худ пули бисёр металабем.”

Масъулони Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон вуҷуди посгоҳҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқро тасдиқ карда, вале гуфтанд, ки онҳо асосан барои назорати бехатарӣ истодаанд. Амирхон Ҳасанов, як масъули БДА ба Радиои Озодӣ гуфт, “фаъолияти кормандони мо дар фосилаи аз километри 10 то 79-уми роҳ, яъне то даромадгоҳи нақби "Истиқлол" ба роҳ монда шудааст. Онҳо дар ҷойҳое, ки эҳтимоли рух додани садамҳои нақлиётӣ аст, меистанд." Ҳасанов мегӯяд, танҳо дар сурате ки "корманди БДА дар минтақаи ҳамвору бехатар истода, постгоҳ ташкил кардаанд ва мошинҳоро аз як сар нигоҳ медоранд, ин ғайриқонунӣ аст.”

"Қарордод ба ташкили посгоҳҳо иҷозат намедиҳад"

Дар ҳамин ҳол, Далери Абдулло – масъули дафтари матбуоти Инновейтив Роуд Солюшнз – гуфт, “қонун ба ташкили посгоҳҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ иҷозат намедиҳад”. Ӯ афзуд, чунин ҳолатҳо мушоҳида шудаанд ва ширкати онҳо кӯшиш мекунанд, то аз чунин, ба гуфтаи ӯ, қонуншиканиҳо ҷилавгирӣ намояд.

“Дар асоси шартномае, ки миёни ҳукумат ва ширкати Инновейтив Роуд Солюшнз баста шудааст, дар роҳи Душанбе-Чаноқ ташкили посгоҳу омилҳои манъкунанда ба монанди тафтиши ҳуҷҷат аз ҷониби кормандони БДА манъ аст”, - таъкид кард ӯ ва аз ронандаҳо хост, ки дар сурати мушоҳидаи чунин ҳолат онҳоро хабардор кунанд.

Ҳафт соли пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Ширкати IRS дар масири Душанбе-Чаноқ 7 тарозу, яъне нуқтаи ҷамъоварии пул дорад ва дар гузашта фаъолияти ин ширкат эътирози сокинонро ба бор оварда буд. Аз рӯи муқаррароти ин ширкат, барои истифода аз роҳи пулакӣ дар самти Душанбе-Хуҷанд як мошини сабукрав бояд то 55 ва мошини боркаш то 1000 сомонӣ ҳаққи роҳ пардохт кунад. Ба ҷуз аз ин, ширкат масъулияти нигоҳубини қитъи роҳи Нуробод-Нимичро дар шоҳроҳи Ваҳдат-Ҷиргатол бар ӯҳда дорад.

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS) соли 2009 дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст. Дар Тоҷикистон танҳо филиали он амал мекунад ва масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ аз роҳи Душанбе-Чаноқ тибқи як созишномаи соли 2010 бо ҳукумати Тоҷикистон ба ихтиёри ин ширкат гузошта шудааст. Ширкати IRS аз ҷорӣ шудани хадамоти пулӣ барои истифода роҳ ҳимоят карда мегӯянд, ин як таҷрибаи ҷаҳонӣ аст ва дар сурати ситонидани ҳаққи роҳ, ширкат масъулияти хадамоти дурусти онро ба ӯҳда мегирад.

XS
SM
MD
LG