Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи нави Ворух аз куҷо мегузарад? Баъзе ҷузъиёти созиш бо Қирғизистон


Дар ҳоле ки ҳукумат ва бисёре аз мансабдорони Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, як намояндаи Вазорати нақлиёт дар Суғд ба ихтиёри кадом тараф гузаштани чанд қитъаҳои роҳи минтақаро шарҳ дод.

Аз роҳи Хоҷаи Аъло то Ворух

Сардори Идораи роҳҳои мошингарди вилоят гуфт, баъзе аз масирҳои баҳсӣ ба ихтиёри Тоҷикистон гузашта, аз ҷониби ҳарду кишвар истифода хоҳанд шуд. Инчунин, таъмиру бозсозии чанд роҳи дар гузашта баҳсбарангез, аз ҷумла роҳи Ворух, ки ҳоло аз миёнаи деҳаи Оқсуи Қирғизистон мегузарад, ба нақша гирифта шудааст.

Масъулони Идораи роҳҳои мошингард дар вилояти Суғд мегӯянд, ҳоло барои бунёди роҳи алтернативии Ворух бо Қирғизистон ба созиш расидаанд ва сохтмонаш ба зудӣ оғоз хоҳад ёфт. Дар чор соли баста будани марзҳои ду кишвар ин минтақа шоҳиди задухӯрдҳои шадид гашт. Ҷанҷол ҳам ин ҷо асосан сари истифодаи роҳи муштарак сурат мегирифт.

Музаффар Носирзода, сардори Идораи роҳҳои мошингарди вилояти Суғд, гуфт: "Роҳи Чоркӯҳ пурра аз они мо шудааст. Фақат дар масъалаи даромадан ба Ворух як лоиҳаи нав кардем, ки 255 милион сомонӣ аст. Намояндагони ширкатҳои чинӣ, туркӣ ва эрониро ба онҷо бурдем, масоҳати дарёро танг карда, ба болояш бетон мекунем ва роҳи нав месозем. Барои рафту омади бемалол."

Яке аз роҳҳои марзӣ
Яке аз роҳҳои марзӣ

"Дигар роҳ надоранд ва маҷбур ҳастанд, ки..."

Яъне, ба гуфтаи Носирзода роҳи деҳаи Хоҷаи Аъло ва чорроҳои баҳсӣ ҳам ба ҳудуди Тоҷикистон гузашта, феълан сокинони ду кишвар аз он истифода мебаранд. Пештар ин мансабдори тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки пас аз баҳсҳои тӯлонӣ таъмири роҳи байни деҳаи Хистеварзи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва деҳаҳои Борбордуку Арқаи ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро ҳам оғоз кардаанд.

Барои таъмиру ҳамвор ва васеътар кардани роҳ бо ризоияти сокинони деҳаи Борбордук дарахтони канори онро решакан карданд. Ба ҷуз ин, роҳи баҳсии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам ҳалли хешро пайдо кардааст.

Музаффар Носирзода гуфт: “Роҳи Кулунду-Мақсад бо дарозии 1,1 километр дар ҷамоати Овчӣ -Қалъача вуҷуд дорад, роҳ аз Тоҷикистон мегузарад ва ба кишвар тааллуқ дорад. Мо пурра мумфарш кардем ва шаҳрвандони Қирғизистон низ онро истифода мебаранд. Онҷо ҳамин хел аст, дигар роҳ надоранд ва маҷбур ҳастанд, ки ба ҳудуди Тоҷикистон даромада бароянд”.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Роҳи нави Ворух. Баъзе ҷузъиёти созиши марзӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00

Ин шарҳу тавзеҳи як масъули Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳолест, ки бо гузашти беш аз чаҳор моҳ Тоҷикистон ҳанӯз ҳам минтақаҳо ва маҳалҳои табодулшударо бо Қирғизистон эълон намекунад. Мансабдорони Қирғизистон пеш аз имзои созишнома баъзе ҷузъиётро ошкор карда буданд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, рӯзи якуми август дар посух ба суоли хабарнигорон ин тасмимро ба идомаи нишонагузории сарҳад пайванд дод.

Тоҷикистон ва Қирғизистон баҳси беш аз 40-солаи марзиву арзии миёни якдигарро пас аз низоъ ва даргириҳои зиёде, ки аз ҳар ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, дар баҳори имсол бо имзои созишномаи доимӣ ҳал карданд.

Коршиноси масоили марзӣ Неъматулло Мирсаидов дар паёме хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо такя ба он чи ҷониби кишвари ҳамсоя эълон кард, дида мешавад, ки “бохти зиёде нашудааст” ва ин табиист, ки гузаштҳое аз ду тараф сурат гирифтааст ва “дар як ҷо кам асту дар ҷойи дигар зиёд”. Вале худдорӣ ва дермонии мансабдорони Тоҷикистон дар расонаӣ кардани созиши марзӣ баъзе ҳадсу гумонҳоро байни сокинон ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG