Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рубио дар Самарқанд. Амрико ва Осиёи Марказӣ чиро баррасӣ мекунанд?

Марко Рубио рӯзи 19-уми октябр бо ҳамтоёнаш аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мулоқот хоҳад кард
Марко Рубио рӯзи 19-уми октябр бо ҳамтоёнаш аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мулоқот хоҳад кард

Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи якшанбе ба шаҳри Самарқанд расид ва қарор аст 19-уми октябр бо ҳамтоёнаш аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мулоқот ва манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида, амнияти минтақа ва ҳамкориҳои иқтисодиву стратегиро баррасӣ кунад.

Саида Мирзиёева, духтари калонии раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамзамон раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент дар ин кишвар, Марко Рубиоро дар Фурудгоҳи Самарқанд пешвоз гирифт
Саида Мирзиёева, духтари калонии раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамзамон раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент дар ин кишвар, Марко Рубиоро дар Фурудгоҳи Самарқанд пешвоз гирифт

Рубио пеш аз шурӯи сафараш ба Осиёи Марказӣ дар посух ба ин суол, ки чаро дар пасманзари чандин буҳрони байнулмилалӣ ба Узбекистон меравад, гуфт, "ҳадафи ин сафар таҳкими робитаҳо аст, на вокуниш ба ягон буҳрони мушаххас." Ӯ афзуд, замони сафар тавре интихоб шудааст, ки барои ҳамаи панҷ раҳбар ва вазирони корҳои хориҷӣ муносиб бошад.

Иёлоти Муттаҳида талош дорад, робитаҳояшро бо минтақае, ки миёни Русия ва Чин ҷой гирифтааст, устувор кунад.

Марко Рубио ба Самарқанд расид
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Як мақоми баландпояи Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико Рӯзи 16-уми октябр дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, Вашингтон мехоҳад тамосҳои дипломатии сатҳи баландро ба ҳамкориҳои мушаххаси иқтисодӣ ва амниятӣ табдил диҳад. "Иёлоти Муттаҳида муддати бисёр тӯлонӣ ба Ховари Миёна ва Шарқ тамаркуз карда буд ва Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи заруриро дарёфт накард," -- гуфт ӯ.

Сафари Марко Рубио ба Узбекистон бо ҳадафи рушди натиҷаҳои қолаб ё чорчӯби дипломатии “C5+1” сурат мегирад. Нишасте, ки Вашингтонро бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон пайванд медиҳад ва меҳвари онро иқтисод, ҷалби сармоя ва ҳамкориҳо дар бахши амният ташкил медиҳад.

Навор дар Инстаграм:

Сафари намояндагони ширкатҳои амрикоӣ ба Узбекистон

Ҳайати ҳамроҳи Марко Рубио аз намояндагони ширкатҳои бузурге чун Boeing, Citibank ва Franklin Templeton, ҳамчунин, ширкатҳои фаъол дар бахши маъданҳои нодир ва дигар соҳаҳои стратегӣ иборат аст.

Намояндагони Корпоратсияи молиявии рушди байнулмилалии Амрико, Бонки содироту воридоти Иёлоти Муттаҳида, Шӯрои амнияти миллӣ ва Департаменти давлатӣ низ дар гуфтушунидҳое иштирок хоҳанд кард, ки ҳадафашон эҷоди робита миёни доираҳои тиҷоратии Амрико бо шарикони эҳтимолӣ дар саросари Осиёи Марказӣ аст.

Мансабдори баландпояи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида рӯзи 16-уми октябр гуфт, танҳо Қазоқистону Узбекистон дар як соли гузашта беш аз 30 миллиард доллар сармояи навро ба Иёлоти Муттаҳида ҷалб кардаанд. Ӯ сармоягузориҳоро барои коргарони амрикоӣ фоидаовар ва нишонаи наздиктар шудани робитаҳои иқтисодии Вашингтон бо ин ду кишвар хонд. Вале дар бораи созишномаҳои нави мушаххасе, ки қарор аст дар Самарқанд ҳосил шаванд, ҷузъиёт надод.

Самарқанд, маркази таърихии тиҷорӣ дар Роҳи Абрешим, макони асосии сафари Рубио ба Осиёи Марказӣ аст. Мансабдори Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, сафар на танҳо мулоқоти дуҷониба ва нишастҳо дар қолаби “C5+1”, балки тамоси мустақими ширкатҳои амрикоиро бо соҳибкорони минтақа ва намояндагони ҳукуматҳо низ дар бар хоҳад гирифт.

Қазоқистон, “Паймони Иброҳим” ва даъват ба G20

Нияти Қазоқистон барои пайвастан ба “Паймони Иброҳим” аз таҳаввулоти дигари муҳиме буд, ки дар нишасти хабарии рӯзи 16-уми октябр таъкид шуд. Мақоми баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо баёни “мунтазир бошед” санаи дақиқеро барои имзои паймон нагуфт, аммо афзуд, тарафҳо умедворанд, ин равандро “ҳарчи зудтар” ба поён расонанд.

“Паймони Иброҳим” дар оғоз барои одӣ кардани равобит миёни Исроил ва чанд кишвари арабӣ таъсис шуда буд. Пайвастани эҳтимолии Қазоқистон доираи ин чаҳорчӯбро васеъ хоҳад кард, ҳарчанд мақоми Департаменти давлатӣ дар бораи шартҳо ё замони пайвастани расмии кишвар ҷузъиёте надод. Ин мақом ҳамчунин гуфт, Қазоқистон ва Узбекистон бори нахуст ба ҳайси нозир ба нишасти Гурӯҳи 20 (G20) даъват шудаанд.

Ин даъватҳо ҳамчун бахше аз талошҳои густурдаи Вашингтон барои боло бурдани ҷойгоҳи байнулмилалии Осиёи Марказӣ ва бештар кардани равобит бо ҳукуматҳои минтақа муаррифӣ шуданд. Мансабдори Департаменти давлатӣ ҳамзамон гуфт, раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, даъват кардаанд, ки ба кишварҳои онҳо сафар кунад ва афзуд, ҳукуматҳои минтақа аз фаъолтар шудани Вашингтон хуб истиқбол кардаанд.

Мубориза бо терроризм низ ҳаст

Тиҷорат ва сармоягузорӣ ягона авлавиятҳо нестанд. Мақоми баландпояи Департаменти давлатӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризм бо баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият медиҳад.

Ин мақом аз ягон кишвар ном набурд ва дар бораи ташаббусҳо ҷузъиёт надод, аммо ҳамкориҳои амниятиро як бахши муҳими равобити рӯ ба густариши Вашингтон бо минтақа хонд.

Талошҳои Амрико барои густариши робитаҳо дар ҳолест, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бо Русия ва Чин муносибати худро нигоҳ дошта, ҳамзамон мекӯшанд доираи шарикиҳои байнулмилалии худро васеъ кунанд. Мансабдори Департаменти давлатӣ ин ташаббусро кӯшише барои берун рондани яке аз ин ду қудрат надонист ва баръакс, ба имкониятҳои тиҷоратӣ, тақвияти тамосҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои муштараки амниятӣ таъкид кард.

Чаҳорчӯби "C5+1" ба яке аз абзорҳои асосии ҳамкории Иёлоти Муттаҳида бо минтақа табдил шудааст. Ин мақом гуфт, Трамп соли гузашта барои нахустин бор нишасти раҳбарони "C5+1"-ро дар Кохи Сафед мизбонӣ кард, ки дар он раисони ҷумҳури ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ гирди ҳам омаданд. Ӯ афзуд, ҳадафи сафари Рубио табдил додани натиҷаҳои он ҳамкориҳои сатҳи баланд ба ҳамкориҳои амалӣ аст.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG