Як Додгоҳи низомӣ дар Санкт-Петербург 11 зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро дар таркиши маргбор дар метрои ин шаҳр, мусоидат ба фаъолияти террористӣ, қочоқи маводи тарканда ва иштирок дар иттиҳоди террористӣ гунаҳкор донист. Хадамоти матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург рӯзи 10-уми декабр дар "Телеграм" паём дод, ки як нафар аз муттаҳамон ба ҳабси абад ва дигарон аз 19 то 28 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳамчунон онҳоро ба пардохти аз 500 то 800 ҳазор рубли русӣ (муодили аз 9 то беш аз 13 ҳазор доллар) муваззаф намуд. Вокуниши наздикон ва вакилони маҳкумшудаҳо дастрас нест. Пештар ҳамаи онҳо айбро напазируфта буданд.
Бино ба хабари хадамоти матбуоти додгоҳ, шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқов, ки барои ҳамкорӣ бо тарроҳони ҳамла ба метрои Санкт-Петербург муттаҳам буд, 22 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ортиқов ҳангоми мурофиаҳои додгоҳӣ ин айбро қабул накарда буд.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон соли 2015 баъди ихроҷ шудан аз Русия номи воқеиаш – Кимсанбек Қодировро иваз карда, дубора ба он ҷо барои кор рафтааст. Вай баҳори соли 2017 дастгир шуд.
Ҳамла дар метрои Санкт-Петербург рӯзи 3-юми апрели соли 2017 дар яке аз вагонҳо ҳангоми ҳаракати он дар байни истгоҳҳои "Майдони Сенная" ва "Донишкадаи Технологӣ" ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи он 16 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуданд.
Бино ба хулосаи тафтишот таркишро террористи маргталаб, шаҳрванди 22-солаи қирғизтабори Русия Акбарҷон Ҷалилов анҷом додааст. Ҷалилов дар ҷои ҳодиса ҷон бохт.
Муфаттишон гуфтанд, гумонбаршудагон бо ҳам шиносоӣ надоштанд ва робита байни онҳо бо истифода аз "василаҳои муосири иртибототӣ" ҷараён мегирифт. Аммо ошкор ва боздошт кардани онҳо тавассути пайгард ва таҳлили ин равобит имконпазир гашт.
Дар айни ҳол ҳеч яке аз боздоштшудаҳо худро дар таркиши метро гунаҳкор нашумурдаанд. Ба камияш се нафари онҳо аз шиканҷа шудан бо мақсади иқрори гуноҳ шикоят карданд.
Бародарон Акрам ва Аброр Азимовҳо, ки мақомот онҳоро аз тарроҳони ҳамла ба метро донистанд, гуфта буданд, то "боздошти расмӣ" дар зиндони махфии Хадамоти федеролии амнияти Русия шиканҷа шуданд. Баҳром Эргашев, яке аз гумонбаршудагони таркиш дар метрои Петербург моҳи июли имсол дар додгоҳ изҳор дошт, ки маводи таркандаро кормандони полис ба кӯлбораш андохтанд. Полис инро рад мекунад.
Додгоҳи Санкт-Петербург Аброр Азимовро ба ҳабси абад маҳкум кард. Бародараш Акрам Азимов 28 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Муҳамадюсуф Эрматов -- 28 сол;
Иброҳимҷон Эрматов -- 27 сол;
Шоиста Каримова -- 20 сол;
Муҳаммадюсуф Мирзоолимов -- 20 сол;
Аъзамҷон Маҳмудов -- 20 сол;
Дилмурод Муҳиддинов -- 20 сол;
Сайфулло Ҳакимов -- 19 сол;
Баҳром Эргашев -- 19 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Қаблан додситон барои Аброр Азимов, Акрам Азимов, Муҳаммадюсуф Эрматов ва Иброҳимҷон Эрматов ҳабси абад талаб карда буд. Додситон ҳамчунин хост, дигарон 28-солӣ ба зиндон андохта шаванд.
Муфаттишон ангезаи таркишро бархӯрди манфии аъзои гуруҳҳои террористӣ ба сиёсати Русия дар Сурия маънидод карданд. Маълум нест, додрас иддаои шиканҷа шудан ва боздоштҳои саҳнасозишудаи муттаҳамонро ба инобат гирифтааст ё не.
Солҳои ахир даҳҳо зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо ҷурми ҳамкорӣ бо гуруҳҳои террористӣ дастгиру зиндонӣ шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ баъзан ба дурустии айбномаҳои мақомоти тафтишотии Русия бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, гоҳе муфаттишон ба хотири ба даст овардани натиҷа баъзе афродро маҷбур мекунанд гуноҳи нокардаро ба дӯш гиранд. Чизе, ки мақомоти Русия беасос медонанд.
Ин дача моликияти давлат хаст, баьди Путин дигар президент хам истифода мебарад
Маншахсан мехохам ки С.Ч.Т. ин дархости хукумати ЧТ кабул накунад шояд касоне бошанд барои чи барои онки инхукумати кунуни бо талбандаги одат намудаст ваксинаро мегираду дар ТВ нишон медихан чанд наворе сипас мадумро мачбур бо харидани ваксина менамоянд........................
Мардикорбозори занон дар гирду атрофи Хужанду Истаравшан хам хаст.Факат дар инжо бо воситаи саркорашон бо телефон ба кор чалб карда мешаванд асосан мавсими аст.
ОЛЛОХи мехрубон раҳмату магфираташ кунад .Омин
Вакте ки писараки синфи 11-ро хатм мекунад уро ба хизмати харби даьват мекунанд.Ин писарак сад накуни фахмишаши харбияш дар сатхи паст мебошад.Дар хизмати харби ба ин писарак калонсолон ва командирхо албатта зуровари мекунанд.Мисол хочатхонаро хамомро ошхонаро казармаро ва утокхои кории камандиронро ин писарак бояд хамеша тозаву нигохбин кунад аз тани сержантхо бояд каровули ва пост меистад агар мабодо ба ягон кас гуяд ки хукуки ман поймол шуда истодааст уро чунон сахт танбех медиханд ки даст ба худкуши мезанад йо дар холати ярок дар дасташ метавонад камандирхояшро ва сержантхоро паронад.Психологияш сбой додан мамкин.Дар хона то ин писарак хизмати харбиро бо сари баланд тамом мекунад дили падару модараш реш реш мешавад.Худо ватани азизамонро аз хар бало нигахбон бошад вале агар ягон вокеа сар занад ин писарак дар вакти чанг йо чепе хулосаи хуб ва даркориро ичро карда наметавонад худро гум мекунад агар дар мухосираи душман галтад ин хел писараконро осон фиреб таслим ва катл мекунанд йо бар мукобили ватан пеш пеш равон мекунанд.Хулосаи ман мачлиси оли чунин аст. Баьди хатми мактаби мийона бояд фарзандхоямон ба мактабхои оли дохил шуда баьди хатми он ба хизмати харби даьват шуда ба мухлати як сол хизмати ватан модаро сарбаландона ичро намояд. Он вакт ин писарак чавони бузург хушйор ва далер шуда хонадор хам шавад оилаашро худаш нигоху бин мекунад.Пош хурии оилахои чавон хам хело кам мешавад. Агар хохад баьди хизмат дар ягон кисми харби хамчун афсар кор ва фаолият намояд.Агар хамин гуфтахоям шавад дигар аз облава мудати дах сол намегурези дедавшина аз байн меравад ояндаи ватанамон дар дасти чавонони шучоь хушйор мемонад. Бисйор навиштам узр мепурсам мехохам ки дар хонаи хамаамон хамеша хурсанди бошад ман хам писар дорам аз ояндааш нигаронам. Озоди барои ободии дийорамон ба чоп дихед рахмат.