Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русский марш - 2013" (ВИДЕО)


"Русский марш" дар Маскав
"Русский марш" дар Маскав

Имсол дар раҳпаймоиҳои маъмулии гурӯҳҳои қавмгаро дар шаҳрҳои Русия шумори нисбат ба солҳои гузашта хеле камтари мардум ширкат кардаанд.

Рӯзи 4 ноябр дар раҳпаймоии қавмгароёни рус дар минтақаи Люблинои Маскав, ба гуфтаи ташкилкунандагонаш, 20 000 нафар ширкат карданд."Русский марш" дар минтақаи Люблино, ки бо иҷозати шаҳрдории Маскав даъват шуда буд, анҷом ёфтааст. Пулис дар бораи боздошти ҳудуди 30 нафар аз аҳли ин "Русский марш" хабар медиҳад.

Дмитрий Дёмушкин, раҳбари ҷунбиши "Русские" гуфтааст, дар раҳпаймоӣ то 20 000 нафар ширкат карданд. Дар ҷараёни раҳпаймоӣ як бахши қавмгароён садди нирӯҳои пулисро шикаста, аз масири барояшон таъйиншуда берун рафтанд, вале ба сурати умум, бино ба хабарҳо, ба фарқ аз солҳои гузашта, "Русский марш" дар Маскав имсол бо хушунати камтар пушти сар шудааст.

"Русский Марш" дар Люблино
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:43 0:00

Рӯзи 4 ноябр, ки Русия Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунад, дар майдони Пушкини Маскав бо ширкати тақрибан 1000 нафар гирдиҳамоии тарафдорони ҳизби либерал-демократи сиёсатмадори қавмгаро Владимир Жириновский низ дори шуд. Ҳамин тавр, 5 нафар дар шимолу шарқи Маскав дар ҷараёни раҳпаймоии қавмгароён баъди он дастгир шудаанд, ки талаби пулис барои кашидани ниқобҳои рӯяшонро иҷро накардаанд.

Раҳпаймоии дигар дар ин рӯз дар минтақаи Октябрское поле ба шарафи 400-солагии ба тахт нишастани сулолаи Романовҳо барпо шудааст. Дар ин раҳпаймоӣ низ шиорҳои қавмгароёна ва зидди муҳоҷирон садо додаанд.

"Русский марш " имсол тарафдори зиёд ҷамъ накард

"Русский марш" дар Маскав
"Русский марш" дар Маскав
Раҳпаймоиҳои қавмгароён дар чорчӯби "Русский марш" тайи рӯзҳои 3-4 ноябр дар даҳҳо шаҳри Русия, аз ҷумла дар Киров, Самара, Мурманск, Уляновск, Иркутск, Хабаровск, Ярославл, Калининград, Благовешенск, Уфа ва Қазон ва дар чанд шаҳри Украина, аз ҷумла дар Николаев ва Симферопол, доир шудааст. Аммо ба сурати умум “Русский марш” дар шаҳрҳои Русия имсол бар хилофи интизори ташкилкунандагонаш мардуми зиёдеро гирди ҳам оварда натавонист.

Гурӯҳҳои қавмгарои Русия нақша доштанд, ки рӯзи 4 ноябр, дар рӯзи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллии Русия дар тақрибан 100 шаҳр таҳти шиорҳои зидди муҳоҷирон раҳпаймоиҳои тарафдорони ақидаҳои миллатгароиро бо номи “Русский марш” барпо кунанд. Аммо гузоришҳои расида аз манотиқе, ки ин раҳпаймоиҳо алакай доир шуданд, ҳокист, ки “Русский марш” имсол тарафдори зиёде пайдо накардааст.

Тула: 350 нафар

Дар Тула барои ширкати дар "Русский марш" 350 нафар ба хиёбон рехтаанд. Дар ин раҳпаймоӣ аз ҷумла ба муттаҳид кардани Русияву Украина ва Беларус дар як давлати воҳиди славянӣ даъват кардаанд. Дар Красноярск, бино ба гузоришҳо, рӯзи 4 ноябр 12 тан аз қавмгароёнро бо иттиҳоми баргузории тазоҳуроти ғайриқонунӣ боздошт кардаанд.

Ярославл: 200 нафар

Дар Ярославл, ки ҳанӯз рӯзи 3 ноябр “Русский марш”-ашро барпо кард, ин раҳпаймоӣ танҳо ҳудуди 100 нафарро гирди ҳам овард. . Артём Фролов, масъули «Русский марш» дар Ярославл гуфтааст, ки «муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба рушди иқтисод зиёни зиёд мерасонанд. Мо бо мақомоти вилояти Ярославл ҷиҳати решакан кардани масъалаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳамкорӣ мекунем. Аз ҳама муҳим ин аст, ки мақомоти минтақаи мо ба гуфтугӯ дар ин мавзӯъ омодаанд.»

Николаев: Рӯёрӯии қавмгароёни русу украин

Тазоҳуроти миллатгароёни рус дар Симферопол
Тазоҳуроти миллатгароёни рус дар Симферопол
Раҳпаймоии тарафдорони ҷунбиши “Русский блок” дар шаҳри Николаеви Украина, ки низ рӯзи 3 ноябр доир шуд, ба ҳамлаи тарафдорони ҳизби “Свобода” дучор шудааст. Пулис аъзои “Свобода”-ро ки баширкатдорони “Русский марш” ҳамла оварда, болои онҳо “дымовая шашка” меандохтанд, дастгир кард, вале тазоҳуроти қавмгароёни рус низ баъди ин зиёд дер напоид ва пароканда шуд.

Аммо дар Симферопол иштирокдорони "Русский марш" ҳамчун нишони мухолифаташон ба азми Украина барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо парчами ин созмонро оташ заданд.


Чита- 50 кас, Калининград - 50 кас

Рӯзи 4 ноябр дар шаҳри Чита, воқеъ дар шарқи Русия, барои ширкат дар раҳпаймоии бидуни иҷозат ҳудуди 50 нафар ҷамъ шудаанд, вале дар ниҳоят ҷуръат ба тазоҳурот накардаанд. 4 ноябри соли 2012 дар пайи “Русский марш” дар Чита 18 нафар дастгир шуда буд. Дар шаҳри Калининград, ғарбитарин шаҳри Русия, низ ҳудуди 50 нафар ва он ҳам бо баҳонаи таҷлил аз солгарди 400-уми ба тахти Русия нишастани сулолаи Романовҳо гирди ҳам омада, низ зуд ва бидуни кадом хушунат ё даргирӣ бо нирӯҳои пулис пароканда шудаанд.

Қазон: “Крёстный ход” ба ивази “Русский марш”

Дар Қазон, ки мақомоташ 3 сол боз дархости баргузории “Русский марш”-ро рад мекунанд, тарафдорони гурӯҳҳои қавмгаро ба ҷои “Русский марш” ба ном “Крёстный ход” ташкил кардаанд.

Хабаровск: 200 нафар ба раҳбарии "Пудел"

Тазоҳуроти миллатгароён дар Иркутск
Тазоҳуроти миллатгароён дар Иркутск
Дар Хабаровск “Русский марш” қариб буд, ки барпо нашавад, чунки ташкилкунандааш Иля Ермолаевро рӯзе қабл ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд. Дар ғайби Ермолаев раҳбарии тақрибан 200 нафари барои ширкат дар раҳпаймоии миллатгароён ҷамъшуда дар маркази Хабаровскро Владимир Податев, мулаққаб ба “Пудел”, ки дар гузашта яке аз сарони олами ҷиноии Хабаровск ба шумор мерафт, бар ӯҳда гирифт.

Яке аз ширкаткунандагон дар бораи ҳадафи “Русский маш”-и имсола джар Хабаровск гуфтааст: “Мо талабҳои сиёсиву иҷтимоӣ дорем. Талаби сиёсии мо қатъи муҳоҷирати бидуни назорат аст. Талаби иҷтимоии мо – беҳтар кардани шароити зиндагии шаҳрвандон. Мо мехоҳем танҳо бо шеваҳоит сиёсӣ мубориза барем ва роҳи ифротгароӣ ва хушунатро қабул надорем. Мо тарафдори таъкид ба мансубияти миллием.”

Балговешенск: Ташаббускорон наомаданд

Дар "Русский марш" дар шаҳри Благовешенск, шаҳри дувуми бузурги вилояти Хабаровск низ ташткилкунандагонаш ҳозир нашудаанд. Раҳбари "Русский союз", ки мардумро ба раҳпаймоӣ даъват карда буд, гуфтааст, берун аз Благовешенск таҳти табобат қарор дорад. Барои ширкат дар тазоҳурот 50 нафар, умдатан ноболиғон ва занони солхӯрда ҷамъ шуданд, вале баъди хеле зуд, чанд шиор ба зидди муҳоҷирон партофтан тарки майдон карданд.

Иркутск: "Мо ҳама муҳоҷирем"

Тазоҳуроти тарафдорони муҳоҷирон дар Иркутск
Тазоҳуроти тарафдорони муҳоҷирон дар Иркутск
Рӯзи 4-уми ноябр дар "Русский марш" дар шаҳри Иркутски Русия таҳти шиори "Русия - барои русҳо!" ва "Ҳушёр бош!" ҳудуди 200 нафар ширкат кардаанд. Аммо дар муқобил гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ барои дифоъ аз муҳоҷирон гирдиҳамоӣ намуданд. Сокинони норозӣ бо шиори «Мо ҳама муҳоҷирем» изҳор медоштанд, ки набояд дар симои муҳоҷирони корӣ фақат шахсони бадро бубинанд.


Петербург: Фашизм намегузарад!

Ҳамчунин рӯзи 2-уми ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҳам раҳпаймоии зидди табъизи милливу зидди фашистӣ доир шуда буд. Ин гирдиҳамоӣ бидуни ягон қонуншиканӣ анҷом ёфта, ба навиштаи расонаҳои русӣ, кормандони мақомот танҳо чанд саркардаи роҳпаймоиро барои «сӯҳбати дӯстона» бурдаанд.

Дар роҳпаймоии Санкт Петербург Александ Шилов, намояндаи дифои ҳуқуқи башар дар ин шаҳр гуфтааст, «мо барои он ҷамъ омадем, ки якҷо аз ҳуқуқи башар дифоъ кунем. Мо бояд ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ, эҳтиром гузорем, зидди табъизи милливу динӣ ва бадбинии сиёсӣ мубориза барем.»

Ин ҳама дар ҳолест, ки чанд вақти охир дар Русия маъракаи густурдаи зидди муҳоҷирон идома дорад.




Русия дар интизори "Русский марш"

Интизор меравад, рӯзи 4-уми ноябр, ки дар Русия Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд, дар ҳудуди 100 шаҳри бузурги ин кишвар раҳпаймоиҳои гурӯҳҳои қавмгаро бо номи “Русский марш” доир шавад.

19DA5E84-0B69-4483-9FF8-ED899250CAB3
19DA5E84-0B69-4483-9FF8-ED899250CAB3
Шаҳрдории Маскав барои баргузории “Русский марш” дар хиёбони Перерва ҷиозат додааст. Ин раҳпаймоӣ, қарор аст, бо консерти гурӯҳи “Коловрат” анҷом ёбад, ки бо таронаҳои миллатгароёнааш маъруф аст ва мегӯяд, барои раҳпаймоии рӯзи 4 ноябр таронаҳои наверо таҳия ва сабт кардааст.

Раҳпаймоии қавмгароёни рус дар шаҳри Самара бо ризоияти мақомоти маҳаллӣ рӯзи 4 ноябр соати 12 шурӯъ шуда, аҳли “Русский марш”-и Самара аз хиёбони Пионерони ҷавон ба самти хиёбони Киров раҳпаймоӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи расонаҳо, ташкилкунандагони “Русский марш” имсол ин раҳпаймоиро таҳти шиори асосии «Нет нелегальной иммиграции!» ("Нест бод муҳоҷирати ғайриқонунӣ!") доир мекунанд. Дар маҷмӯъ гурӯҳҳои қавмгаро ба баргузории “Русский марш” дар тақрибан 100 шаҳри Русия омодагӣ мегиранд.

Дар Маскав, ки “Русский марш” барои бори чорум доир мешавад, ташкилкунандагонаш умедвор будаанд, ки то 15 000 нафарро гирди ҳам биоранд. Онҳо ибтидо мехостанд шумори иштирокдоронро ба 30 000 бирасонанд, вале мақомот танҳо ба гирдиҳамоӣ бо ширкати 15 000 нафар дар ноҳияи Люблино иҷозат доданд.

“Русский марш” имсол дар пасманзари танишу ошӯбҳои зидди муҳоҷирон, аз ҷумла дар минтақаи Бирюлёвои шаҳри Маскав ҳам тундтар шудани лаҳни сӯҳбати мақомоти Русия дар бораи муҳоҷирони хориҷӣ сурат мегирад. Сиёсатмадорони рус, ки барномаҳои таблиғотии худ дар интихоботҳои як соли ахирро асосан таҳти шиорҳои зидди муҳоҷирон таҳия мекарданд, акнун шоҳиди як мавҷи бесобиқаи бегонабадбинӣ (ксенофобия) дар саросари Русия шудаанд. Ба ҳадде ки бархеи онҳо маҷбур шудаанд, аз ин издиҳому аз ин шиорҳои қавмгароӣ дигар як каме фосила бигиранд.

Алексей Навалний
Алексей Навалний
Алексей Навалний, яке аз раҳбарони мухолифини Русия ва номзади онҳо дар интихоботи моҳи сентябри шаҳрдории Маскав, ки низ таҳти шиорҳои зидди муҳоҷирон корзорашро пеш мебурд, эълон кардааст, ки рӯзи 4 ноябр дар “Русский марш” ширкат намекунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз афзоиши эҳсосоти бегонабадбинӣ ва миллатгароӣ дар миёни мардуми Русия изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, мақомот имрӯз баҳои бозӣ карданҳои худ бо эҳсосоти миллии мардумро пардохт карда истодаанд.

Ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо пахши ҳушдорҳои мукаррар аз ҷамъи муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, даъват доранд, то рӯзи 4 ноябр, дар рӯзи баргузории “Русский марш” ҳаддалимкон аз маҳалли иқомат ё кори худ берун набароянд, беҳуда кӯчагардӣ накунанд. Ба гуфтаи як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, сайругашт дар ин рӯз барои дилхоҳ гафаре, ки симои славянӣ надорад, коре дар воқеъ хатарнок аст. “Ин фақат хатару зарбу лат шудан нест, балки хатар ба ҷони ҳар нафари инҳо таҳдид мекунад,” – мегӯяд ӯ.

Дар Русия, бино ба ҳисоби мақомоти ин кишвар 1 миллиону 200 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Ин мардум солона ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар пул мефиристанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ва хеле бештар аз ҳаҷми буҷаи давлатии ин кишвари фақири пасошӯравист. Аробаи зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз ҳамин пуле мечархад, ки муҳоҷирон аз Русия мефиристанд, вале афзоиши мавридҳои ҳамлаҳои қавмгароён, бахусус баъди ошӯбҳои Бирюлёво, боис шудааст, ки бахши аъзами муҳоҷирони тоҷик имсол хеле барвақттар аз замоне ки пешбинӣ мекарданд, ба ватан баргарданд.

Аммо барои ҳазорон нафаре ки то ҳол дар Русия мондаанд, машварати ҳам ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳам мақомоти дипломатӣ ин аст, ки дар рӯзи баргузории “Русский марш”, яъне 4 ноябр аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва беҳуда берун набароянд.
XS
SM
MD
LG