Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари дувуми Саидқиёмиддини Ғозиро ба 11 сол зиндон маҳкум кардаанд


Саидҳасан, писари Саидқиёмиддини Ғозӣ
Саидҳасан, писари Саидқиёмиддини Ғозӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе Саидҳасани 27-сола, писари Саидқиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро ба 11 сол зиндон маҳкум кардааст.

Пайвандонаш гуфтанд, ҳукм ду ҳафта пеш содир шуд, аммо азбаски мурофиа паси дарҳои баста гузашт, тафсилоташро намедонанд. Додгоҳ низ дар бораи эълони ҳукм хабари расмӣ надодааст, вале манобеи огоҳ мегӯянд, ӯ ба ифротгароӣ муттаҳам буд. Дар ҳашт моҳи охир ин писари дувуми Саидқиёмиддини Ғозӣ аст, ки ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум мешавад.

Саидҳасани Саидқиёмиддин, таҳсилкардаи яке аз донишгоҳҳои Эрон, моҳи июли соли гузашта дастгир шуда буд. Пайвандонаш рӯзи 8-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷараёни тафтиши парванда ва мурофиаҳои додгоҳӣ паси дарҳои баста гузашт ва аз ин рӯ дар бораи гуноҳи ӯ чизе намедонанд.

Яке аз пайвандони Саидҳасани Саидқиёмиддин, ки худро Саидаброр Шокиров муаррифӣ кард, гуфт, "наздиконаш дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон нестанд. Ин фарзанди Саидқиёмиддини Ғозӣ аз ҳамсари дуввумаш аст."

Додгоҳи шаҳри Душанбе бо назардошти пӯшида сурат гирифтани мурофиа дар робита ба ҳукм иттилоъ надод. Рӯшан нест, вай бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор шинохта шуда, худаш чӣ вокуниш кардааст.

Пайвандонаш мегӯянд, Саидҳасан соли гузашта ҳамроҳи бародаронаш – Саидмуҳаммадии 44-сола ва Саидмуҳаммади 25-сола – боздошт ва пас аз муддате бо шарти тарк накардани ҷойи зист раҳо шуда буд.

Саидмуҳаммади Саидқиёмиддин дар охирҳои моҳи октябри соли гузашта бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" ба 13 соли зиндон маҳкум шуд. Тақдири Саидмуҳаммадӣ маълум нест.

Худи Саидқиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург дастгир ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда, ба 25 сол зиндон маҳкум карданд. Дар ошӯби тобистони соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Вай дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони "Шаҳидон" буд. Пас аз шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард.

Бо имзои Созишномаи сулҳ, Саидқиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени "Шараф" қадрдонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG