Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тӯй бо иштироки 10 нафар". Самарқанд ба "карантин" омода мешавад. ВИДЕО


Шаҳри Самарқанд

Узбекистон рӯзи 23-юми март марзҳояшро бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, баст. Нақшаи мақомот ин аст, ки ба хотири пешгирӣ аз густариши коронавирус дар ин кишвар роҳҳои даромаду баромад ба пойтахт – шаҳри Тошкандро низ аз шаби 24-уми март қатъ кунанд. То ҳол дар Узбекистон шумори гирифторони вируси нав 50 нафар аст, ки аксарашон сокини Тошканд мебошанд.

Ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар Тошканд маҳдуд шуда, ба корхонаву идораҳо ва бахши хусусӣ амр шудааст, ки ҳадди аксар аз хона ва фосилавӣ ба фаъолият идома диҳанд. Аммо дар гӯшаҳои дигари Узбекистон низ ба ин масъала бетараф нестанд.

Наргис, сокини 45-солаи шаҳри Самарқанд, рӯзи 23-юми март сари мошинаи дарздӯзӣ нишаст. Вай барои шавҳару фарзандон ва хешовандони дигар нақобҳои тиббӣ медӯзад, то дар кӯчаву хиёбонҳо оромона гаштугузор кунанд. "Пайдо кардани ниқобҳои тиббӣ дар дорухонаҳои маҳаллӣ амри маҳол аст", - мегӯяд ӯ.

Таҳияи ниқобҳои тиббӣ дар Самарқанд
Таҳияи ниқобҳои тиббӣ дар Самарқанд

Дар бораи эҳтимоли вуҷуди олудашудаҳо ба вирус дар шаҳру вилояти Самарқанд Вазорати беҳдошти Узбекистон чизе намегӯяд, вале ҳавои нигаронӣ аз хатари вирус чанд ҳафта аст, ки ба ин шаҳре бо беш аз ним миллион аҳолӣ дар ҷанубу шарқи Узбекистон расидааст.

Сокинон хабарҳои охирро дар бораи коронавирус ва тадбирҳои андешидаи мақомот аз сайтҳои расмӣ, аз ҷумла Телеграм-канали махсуси coronavirus.uz дарёфт мекунанд. Онро вазорати беҳдошт таҳия кардааст. Баъди нашри хабарҳои охир дар бораи вазъ дар Тошканд, суръати омодагии сокинони Самарқанд ҳам ба ҳолати карантин бештар шуд.

Наргис мегӯяд, кӯчаҳои Самарқанд рӯзи 23-юми март камодам ва бозори марказӣ бо сабаби рӯзи санитарӣ баста буд, вале мисли дигар нуқоти кишвар, ин ҷо ҳам аз фардо бозорҳо аз кор мемонанд. Бар асоси дастури мақомот, дар вазъи фавқулодаи кишвар, танҳо нуқтаҳои фурӯши ғизо, дорухона ва бонкҳо иҷозаи фаъолият доранд.

Ӯ мегӯяд, шабурӯзе, ки дар Тоҷикистон васвасаи вирус мардумро дар ҳолати таҳлукаву воҳима ба бозор бурду нархҳо якбора боло рафт, дар Самарқанд ҳам чунин ҳолат мушоҳида шуд. Арзиши бархе анвои ғизо ду баробар баланд шуд, вале таҳдиди мақомот барои муҷозоти афроди гунаҳкор дар болоравии сунъии нархҳо вазъро дубора муътадил кард.

Шаҳри Самарқанд. 23-юми марти 2020
Шаҳри Самарқанд. 23-юми марти 2020

Наргис мегӯяд, субҳи душанбе ба кӯча рафт, то маҳсулоти асосии таҳияи ниқобҳои латтагиро бихарад. Дар аввалин фурӯшгоҳ дид, ки агар пайдо кардани матои пахтагии мисли карбос мушкил набошад, банд барои дар пушти сар сахт нигоҳ доштани ниқоб камчин шудааст. Танҳо дар фурӯшгоҳи сеюм Наргис тавонист банд бихарад. Мегӯяд, “самарқандиҳо ҳунарманд ҳастанд ва дар ду ҷо дидам, ки дар худи ҳамон дӯкон мошинаи дарздӯзӣ гузошта, дӯзандае ба таҳияи ниқобҳо пардохтааст. Харидорон ҳам ниқобҳоро “гарм-гарм” харида мерафтанд”.

Духтари Наргис дар синфи шаш мехонад ва мактаби онҳо аз рӯзи 16 март ба ин тараф дар карантин аст. Маълум нест кай хонандаҳо дубора ба дарс ҳозир мешаванд. Мактаб шароити таъмини таҳсили фосилавиро надорад, аз ин рӯ духтари наврас дар хона бе дарс мемонад.

Бо ин ки бархе сокинони Самарқанд тавонистанд пеш аз Наврӯз маросими сертараддуд ва сермеҳмони тӯю арӯсиро барпо кунанд, бо шадидтар шудани чораҳо, ин рукни муҳими зиндагии мардуми суннатгарои Самарқанд ҳам таҳрир хӯрд. Чанд рӯз аст, ки барпо кардани маъракаҳои серҷамъиятро иҷоза намедиҳанд ва ба гуфтаи Наргис, “тӯй дар гузари ҳамсоя бо ширкати 10 нафар гузашт. Масъулони гузар (маҳалла) иҷрои ин муқарраротро сахт назорат мекунанд”.

Самарқанд камодам шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00

Айни замон, ба гуфтаи ӯ, соҳибкорони маҳаллӣ бо назардошти эҳтиёҷ, шеваи хадамотро тағйир медиҳанд ва ба мардуми дар ҳолати карантин дар хона нишаста то ба пушти дар овардани ғизои омодаи ошхонаҳои басташудаашонро пешниҳод мекунанд.

“Албатта, гапи асосӣ дар даҳони ҳама ҳоло ҳамин коронавирус аст, вале боз ҳам муносибати мардум яксон нест. Масалан, писари аммаам ба падару модарашон таъкид карданд, ки аз хона ба кӯча набароянд ва одатҳои маъмулии худро партоянд. Онҳо одат доранд бо ҳамсояву хешовандон қариб ҳамарӯза дидорбинӣ кунанд, дастурхон ороста бо ҳам соатҳо сӯҳбат кунанд. Одамҳои пир бе муошират буда наметавонанд. Намедонам, то куҷо ин маҳудият иҷро мешавад”, - мегӯяд ӯ.

Вале ба мушоҳидаи ин сокини Самарқанд, бо ин ки ҳама аз хатари вирус огаҳ асту хабарҳоро бо ҳар васила пайгирӣ мекунанд, боз ҳам бисёриҳо бо умеди раҳми худо ҳастанд ва бовар доранд, ки ин рӯзҳо ҳам пушти сар хоҳад шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG