Манобеи Радиои Озодӣ хабар дода буданд, ки Рустам Раҳмонзода моҳи августи соли гузашта бо иттиҳоми гирифтани наздик ба 2 миллион сомонӣ пора аз соҳибкорон боздошт шудааст.
Сулаймон Султонзода рӯзи 13-уми феврал дар нишасти хабарии Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, Раҳмонзода барои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди баландошёна аз се ширкат 1 миллиону 80 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст, вале “зарарро ҷуброн кардааст.”
Ин мақомдор дар бораи парвандаи сармеъмори ноҳияи Рӯдакӣ ҷузъиёт надод.
Қонунгузории Тоҷикистон ба афроде, ки ба ҷиноятҳои иқтисодӣ гумонбар мешаванд ва “зарари расонда”-ро ҷуброн мекунанд, раҳоӣ аз боздошт пешбинӣ шудааст, вале ин банди қонун на ҳамеша нисбат ба ҳама татбиқ мешавад.
Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 14-уми феврал гуфт, Рустам Раҳмонзода моҳи декабри соли гузашта озод шуда буд.
Маъмулан, дар чунин парвандаҳо бо вуҷуди раҳоии боздоштшудаҳо пас аз “ҷуброни зарар” онҳо гунаҳкор эълон мешаванд ва ҳаққи кор дар ниҳодҳои давлатиро барои чанд сол надоранд.
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Рустам Раҳмонзодаи 31-сола аз соҳибкорон барои додани қитъаи замин барои сохтани баландошёнаҳо пора гирифтааст.
Ӯ ва наздиконаш ин иттиҳомро тасдиқу рад накардаанд.
Ноҳияи Рӯдакӣ яке аз сераҳолитарин ноҳияҳои Тоҷикистон дар канори Душанбе ҷойгир аст. Наздикӣ ба пойтахт сокинони зиёдеро аз гӯшаву канори Тоҷикистон барои соҳиб шудани замин барои сохтани манзили зист ба ин ноҳия кашидааст. Мақомот борҳо эълон карда буданд, ки аз ҳама бештар дар ин ноҳия мавридҳои ғайриқонунии фурӯш ва ишғоли замин ошкор шудааст.
Радиои Озодӣ дар як таҳқиқот дар соли 2020 маълум карда буд, ки дар тақсими ғайриқонунии замин раиси онвақтаи ин ноҳия—Рустам Акрамзода низ даст дорад. Далелҳои пайдошуда нишон доданд, ки ӯ ба чанд тан аз наздикони худ замин барои бунёди манзили зист додааст. Пас аз нашри мақола ӯ аз мансаб барканор шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳама бештар дар қиёс бо дигар навоҳии Тоҷикистон шаҳрвандон талоши зиндагӣ дар ин ноҳияро мекунанд. Танҳо дар давоми 10 соли охир аҳолии ин ноҳия 125 ҳазор нафар зиёд шудааст. Шумораи он ба ҳудуди ним миллион нафар расидааст.
Гуфтугӯ