Нурулло Саидов – бародар, Муҳибулло Нуриддинов ва Нусратулло Саидов – бародарзодаҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро аз зиндон озод кардаанд.
Ҳарсеи онҳо соли 2022 бо ҷурмҳои гуногун, аз ҷумла барои гирифтани пул аз намояндагони мухолифон, ки мақомот ғайриқонунӣ медонанд, аз панҷ то панҷуним сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд. Чизе, ки Муҳаммадҷони Нурӣ, писари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, соли 2022 “қасосгирӣ” номид.
Дар ҳоле мақомот дар бораи озодии се хешованди Саид Абдуллоҳи Нурӣ ягон шарҳ намедиҳанд, як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми июл гуфт, "нисбат ба онҳо қонуни нави афв татбиқ шуд".
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон, қароргоҳаш дар Лаҳистон (Полша), ки бо шахсони наздик ба хонаводаи зиндониён дар Тоҷикистон дар тамос будааст, рӯзи 10-уми июл хабарро тасдиқ кард.
Вай гуфт, ба иттилои ёфтаи онҳо, Муҳибулло Нуриддинов ва Нусратулло Саидови 67-сола рӯзи ҷумъа аз маҳбаси Хуҷанд озод шуда, "дар роҳ ба тарафи вилояти Хатлон ҳастанд".
"Нурулло Саидов, додарзодаи дигари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, аз маҳбаси "Якум Советский” дар Душанбе баромад," – афзуд ӯ.
Қонуни нави афв дар Тоҷикистон, ки 16-уми июни имсол имзо шуд ва ба иҷро даромад, нисбат ба 18 ҳазор нафар, аз ҷумла зиндониён ва онҳое, ки парвандаашон дар ҳоли баррасист, татбиқ хоҳад шуд.
То кунун беш аз чаҳор ҳазор нафар, аз ҷумла қариб сесад зан аз зиндонҳои Тоҷикистон озод карда шудаанд.
Дар ин миён қонуни афв ба баъзе аз мухолифон, фаъолони маданӣ ва сиёсатмадорони зиндонӣ, ки ба ҷиноятҳое чун хиёнат ба давлат, таҷовуз ба номус ё қаллобӣ ба миқдори махсусан калон айбдор шудаанд, сабукӣ нахоҳад дод. Ҳарчанд ин афрод ҳукми додгоҳро бепоя ва бештар дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.