Маҳви чаҳор фарди мусаллаҳ, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба дасти се марзбони қаторӣ таҳсину офарин ва баҳсеро ҳам дар воҳиди низомии онҳо ба бор овардааст.
Аз маҳви ин марзшиканон Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ хабар дод ва гуфт, ки бомдоди ҳамин рӯз дар марзи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) “чаҳор террористӣ мусаллаҳ безарар карда шуданд.”
Кушташудангон шаҳрвандони Афғонистон будаанд. Чанд манбаъ, ки нахостанд номашон зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чаҳор марзшиканро сарбозони навбатдор дар марз мушоҳида карда, мустақилона ва бе занги бонги хатар амал кардаанд.
Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, сарбозон ба ин афрод ҳушдор додаанд, ки силоҳҳои худро гузошта таслим шаванд, вале ҳангоми талоши муқовимати мусаллаҳонаи марзшиканон онҳоро нобуд кардаанд. Чанд манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фармондеҳонашон сарбозонро бозпурсӣ мекунанд, ки чаро бе риояти қоидаҳои марзбонӣ амал кардаанд.
Бар тибқи муқаррарот, сарбозон ҳангоми мушоҳидаи хатар ва марзшиканон бояд ба фармондеҳони худ хабар медодаанд ва дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи фаврӣ ин амалиётро анҷом медодаанд. Сарбозон гуфтаанд, ки фурсат ва имкон надоштанд, аз ин рӯ танҳо амал кардаанд.
Кумитаи амнияти миллӣ дар баёнияи расмӣ гуфтааст, ки аз ҷойи ҳодиса 3 автомати Калашников, 1 туфангчаи навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 тири автомати Калашников, 3 адад телефони мобилӣ, 1 ратсия, 1 қаиқ мусодира карданд.
Вобаста ба ҳодиса, парванда бо иттиҳоми “терроризм”, “убури ғайриқонунии сарҳад” ва “интиқоли силоҳ” парванда боз шудааст. Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади кушташудагонро пас аз маълум кардани ҳуввияташон ба Афғонистон супурдаанд.
Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҷасади афроди бо гумони терроризм кушташуда ба наздиконашон дода намешавад, вале маълум нест, ки бо кадом асос ҷасадҳо ба Афғонистон бозгардонидаанд.
Дар як моҳи ахир бори дуввум аст, ки аз мавридҳои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон гузориш мешавад. Кумитаи амниятӣ миллӣ моҳи гузашта гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи се узви як гурӯҳи террористӣ дар марз ва дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду марзбони тоҷик Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд.
Ба гуфтаи кумита се нафар аз марз гузашта, ният доштанд, ба яке аз дидгонгоҳҳои сарҳадии Нерӯҳои марзбонӣ ҳамла кунанд. Ба гуфтаи мақомот, зимни муқовимат ба ин гурӯҳ маъмурони амниятӣ се нафари онҳоро куштанд, аз ҷойи ҳодиса аслиҳаи зиёде гирифтаанд.