Пайвандҳои дастрасӣ

Доллар нест ва ё намедиҳанд? ВИДЕО


Камчин шудани доллар дар бонкҳо ва бо ин баҳона боло рафтани қурби асъори хориҷӣ дар бозори сиёҳ, боиси нигаронии тоҷирон ва сокинони Тоҷикистон шудааст.

Алиакбар 6 соат интизор монду даст дасти холӣ баргашт

Алиакбар Саидов, як сокини шаҳри Душанбе ду рӯз боз барои харидории ҳамагӣ 200 доллар дари бонкҳоро мекӯбад, аммо то ҳанӯз муваффақ нашудааст, ки ин асъори хориҷиро ба даст оварад. Ӯ рӯзи 20-уми феврал барои харидани ҳамагӣ 200 доллар аз бонк, соати 5-и субҳ пушти дари "Аввалин бонки молиявии хурд" навбат истод.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, давом ёфтани чунин вазъ аз як тараф мушкили корафтодаҳоро бештар кунад, аз тарафи дигар ба гарм шудани бозори сиёҳ сабаб мешавад.

Вале баъди навбатпоии шашсоата масъулини бонк гуфтанд, ки дигар имрӯз доллар фурӯхта наметавонанд, зеро то ӯ аллакай бист нафар аз бонк доллар харидааст. Алиакбар мегӯяд, писараш донишҷӯ ва дар хориҷи кишвар аст ва ӯ ҳар моҳ барои хурду хӯроки писараш пул мефиристад.

Алиакбар Саидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ман пушти дари бонк будам. Зиёд гирифта бошад, се нафар доллар хариду рафт, вале онҳо мегӯянд, ки ба бист нафар доллар фурӯхтанд. Ман чанд бор ба чанд бонк гуфтам, ки сомонӣ медиҳам, шумо бо доллар не, бо рубл ба писарам фиристед. Аммо онҳо ҳазор рублро, ки 143 сомонӣ буд, 138 сомонӣ ҳисоб мекунанд. Ин пулро ман барои хӯроки ӯ мефиристам. Ман тоҷир нестам, як ронандаи оддӣ ҳастам ва 10 сомонӣ дар зиндагии ҳаррӯзаи ман нақши калон дорад".

Як моҳ аст, ки доллар камчин шудааст

Як моҳ боз дар бозори арзи хориҷии Тоҷикистон доллари амрикоӣ камчин шудааст. Ҳадди ақал дар се бонк ва ташкилоти қарзӣ рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фурӯши долларро дар сатҳи аз 100 то 200 доллар барои як шахс маҳдуд кардаанд. Сокиноне, ки мисли Алиакбар ба доллар эҳтиёҷ пайдо карда ва ё соҳибкоранд, барои ворид кардани мол аз хориҷа ба асъори нақди хориҷӣ ниёз доранд, мегӯянд, дар ин шабу рӯз доллар харидан аз бонкҳо ба осонӣ даст намедиҳад.

Нигаронии сокинон ва тоҷирон аз камчин шудани доллар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Раҳимахон Шарифова, як тоҷири тоҷик, ки ба тиҷорати либоси кӯдакона машғул асту аз кишвари Туркия мол ворид мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз бонкҳо танҳо дар як рӯз то 200 доллар метавонанд бихаранд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати пайдо накардани доллар ӯ наметавонад молҳои фармоишии мизоҷонашро саривақт аз Туркия ворид кунад ва боиси аз даст додани муштариёнаш мешавад.

"Вақти харидани мол аз хориҷи кишвар бо доллар сурат мегирад, тоҷирон маҷбур ҳастанд доллар дошта бошанд. Аммо пайдо намекунед. Хуб мешуд агар Бонки миллӣ барои дастгирии соҳибкорон ин мушкилро ҳал кунанд. Ҳатто ҳолатҳое мешавад, ки билети ҳавопайморо харидед, аммо доллар пайдо намекунед, ки барои овардани бор сафар кунед",-гуфт хонум Шарифова.

Мубодилаи пул - танҳо дар бонкҳо

Бо баста шудани фаъолияти нуқтаҳои саррофӣ дар се соли пеш хариду фурӯши арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон танҳо дар идораи бонкҳои тиҷоратӣ ва ё ташкилоти хурди қарзӣ сурат мегирад. Дар тоблуҳои чанде аз идораи бонкҳо дар шаҳри Душанбе рӯзи 20-уми феврал қурби 100 доллари амрикоӣ 943 сомонӣ барои харид ва 944 сомонӣ барои фурӯш муайян шуда буд. Аммо қимати як доллар дар “бозори сиёҳ” марзи 9 сомониву 80 дирамро убур кардааст. Як сабаби дигаре, ки бонкҳо айни замон намехоҳанд ба муштариён доллар фурӯшанд, фарқият дар қурби он ва вазъи номуайянӣ дар бозори арз аст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар як посухи катбӣ ба суоли Радиои Озодӣ дар робита ба камчин шудани доллар гуфт, "ҳеҷ маҳдудияте дар фурӯши доллар дар бонк ва муассисаҳои қарздиҳӣ вуҷуд надорад ва аз рӯи имкониятҳои молиявӣ онҳо бояд талаботи мизоҷонро қонеъ гардонанд". Кормондони бархе аз бонкҳо мегӯянд, талаботи сокинон бештар ба рубли русӣ буд, вале тоҷирон бештар ба суроғи доллар меоянд.

Доллар - аввал ба соҳибкорон баъд ба сокинон?

Фарҳод Шерхонов, як корманди "Соҳибкорбонк" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло бештар мубодила ва интиқоли рубли русӣ зиёд аст, чун мавсими муҳоҷират аст. Доллар танҳо барои соҳибкороне, ки аз хориҷ молу коло меоранд, зарур мешавад. Мо кӯшиш мекунем ба тамоми мизоҷон хизмат расонем".

Бонки миллии Тоҷикистон чанде пеш эълон кард, ки кишвар ҳар рӯз ба 24 миллион доллар асъори нақди хориҷӣ ниёз дорад.

Масъулони бонкҳо мегӯянд, ки аз Бонки миллӣ дастур гирифтаанд, ки нахуст соҳибкоронеро бо доллар таъмин кунанд, ки ба воридоти маҳсулоти ниёзи авввал ва муҳим ба мисли орду сӯишворӣ ва дигар анвои хӯрокворӣ машғул ҳастанд қонеъ кунанд. Бо ин вуҷуд, соҳикборон, хусусан аз тоҷирони Суғдӣ, ки ба воридоти гандум ва орд кардани он машғуланд шикоятҳо ба Радиои Озодӣ расиданд, ки бонкҳо барои хариди доллар муроҷат карданд, аммо хостаашон бароварда нашуд.

Чаро доллар камёфт шуд?

Камчин шудани доллар дар бонкҳо мавзӯи нав нест ва ин мушкил ду соли ахир мавриди нигаронии тоҷирон ва сокинон аст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, давом ёфтани чунин вазъ аз як тараф мушкили корафтодаҳоро бештар кунад аз тарафи дигар ба гарм шудани бозори сиёҳ сабаб мешавад.

Кароматулло Сайфуров, иқтисоддони тоҷик ҳам сабабҳои навбатпоӣ ва талоши пайдо кардани долларро бештар мушкили тоҷироне медонад, ки аз кишварҳои хориҷ молу коло ворид мекунанд. Ба гуфтаи ин устоди кафедраи умури бонкдории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мушкили пайдо кардани доллар замоне метавонад ҳалли худро пайдо кунад, ки байни бонкҳои Тоҷикистон бо кишварҳое, ки тоҷирон аз он мол ворид мекунанд, қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расад.

"Дуруст аст, ки доллар ҳамчун пули ҷаҳонӣ эътироф шудааст ва ҳарҷо мешавад аз он истифода кард. Вале як сабаби аслии пайдо шудани бозори сиёҳ ин камчин шудани доллар дар бонкҳо аст. Чун маълум аст, ки вақте талабот зиёд ва пешниҳод кам аст, дар онҷо бозори сиёҳ ба миён меояд",-мегӯяд ин устоди донишгоҳ.

Камчин шудани доллар ва аз ин тариқ боло рафтани қурби он дар баробари сомонӣ дар соли 2014 таҳти таъсири бӯҳрони иқтисодӣ шурӯъ гардид ва дар тайи се сол қурби сомонӣ дар баробари доллар наздики 2 баробар поин рафт. Камбуди шадиди доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки пешбинии коршиносон дар мавриди дар оянда дастрас шудани ин асъори хориҷӣ хушҳолкунанда нест.

Танзими бозори асъор дар Тоҷикистон

Бонки миллӣ ба хотири танзими бозори асъор чораҳое сахт рӯи даст гирифт ва нахуст ҳама саррофиҳои хусусиро баст ва танҳо ба бонк ва муассиаҳои қарздиҳӣ ҳаққи табодули асъор дод. Дар пай қонуни нави муомила бо асъори милливу хориҷӣ қабул шуд, ки аз рӯи он ба касоне, ки ғайриқонунӣ ба табодули асъор машғул мешаванд, ҷазоҳои сахти то 9 соли ҳабс пешбинӣ мекунад.

Даҳҳо нафар саррофон зимни ивази ғайриқонунии асъор бадаст афтода ҷарима ва зиндонӣ шуданд. Ин чораҳо ба хотири мустаҳкам кардани қурби пули миллии тоҷикӣ ва ҷилавгирӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ рӯи даст гирифта шуданд. Вале ин ҳама норасоии асъори хориҷиро аз байн набурд ва ҳоло ҳам бонку саррофиҳои расмӣ доллару евроро ба табодули озод бо сомонӣ нагузоштаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG