Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабтиноми симкортҳо як моҳ тамдид шуд


Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Хадамоти алоқа ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муҳлати аз як ном ба номи дигар гузарондани симкортҳо ("переоформление")-ро як моҳ дароз карданд. Қаблан ширкатҳои мобилӣ аз ин ниҳодҳо хоста буданд, ки барои аз ном ба ном гузаронидани симкортҳо ду моҳ, яъне то 1-уми ноябр мӯҳлат бидиҳанд. Аммо мақомот ин мӯҳлатро ҳамагӣ як моҳ, яъне то 1-уми октябр дароз карданд.

Дар нархи симкортҳо тағйироте нест ва ҳар кас мехоҳад аз якуми сентябр ба он тараф симкорти нав бигирад, 250 сомонӣ пардохт хоҳад кард.

Як манбаъ дар як ширкати мобилии Тоҷикистон рӯзи 30-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз фардо ба муштариён огоҳӣ фиристода хоҳад шуд".

Дар аввал ширкатҳои мобилӣ ба муштариёнашон то 1-уми сентябр муҳлат дода буданд, ки симкортҳои "зиёдатӣ"-и худро қатъ карда ваё ба номи одамоне, ки ҳоло онро истифода мебаранд, сабтином кунанд. Ширкатҳо гуфта буданд, ин хадамот, ки ҳоло ройгон аст, аз якуми сентябр мисли симкортҳо 250 сомонӣ хоҳад шуд.

Дар гузашта дар Тоҷикистон як нафар ҳақ дошт чанд симкорт харида, онро барои истифода ба наздикони худ бидиҳад.

Ҳоло як нафар аз як ширкат ҳаққи гирифтани танҳо ду симкортро дорад ва бино ба тарҳи пешниҳодии Вазорати умури дохилӣ, гирифтану ба каси дигар додани симкорт (агар ба оқибатҳои нохуб орад) аз ду то се сол ҷавобгарӣ хоҳад дошт.

Ғафурҷон Иркаев
Ғафурҷон Иркаев

Ғафурҷон Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, гуфт, таҷаммӯи зиёди мардум дар марказҳои дилерӣ нишон дод, ки то якуми сентябр ҳама наметавонанд аз хадамоти бепули сабтиноми симкортҳо ба номи каси дигар истифода кунанд ва барои ҳамин масъалаи тамдиди муҳлат пеш омад.

Ӯ рӯзи 30-юми август гуфт, "бисёриҳо дар деҳот ё дар муҳоҷиратанд. Хешовандон ба номи якдигар симкорти зиёде гирифтаанд ва аз як ном ба номи дигар гузарондан бо пешниҳоди шиноснома ва ҳузури ду тараф имконпазир аст."

Аммо Иркаев гуфт, дар нархи симкортҳо тағйироте нест ва ҳар кас мехоҳад аз якуми сентябр ба он тараф симкорти нав бигирад, 250 сомонӣ пардохт хоҳад кард.

​Аввали моҳи август ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон нархи як симкорти телефонҳои мобилиро то 250 сомонӣ муқаррар карданд. Дар аввал қарор буд, ин тасмим 20-уми август иҷро шавад, вале дертар ширкатҳои мобилӣ эълон карданд, ин тасмим аз якуми сентябр амалӣ мешавад.

Ширкатҳои мобилӣ дар як огоҳӣ гуфтанд, ин тасмим бар асоси "протокол"-и ҷаласаи якҷояи Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз 8-уми августи имсол ва бо ҳадафи "таъмини амнияти муштариён", роҳандозӣ мегардад.

Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон ин нархномаро тасдиқ кард, аммо гуфт, ин пешниҳоди чаҳор ширкати мобилӣ буд.

250 сомонӣ шудани як симкорт ва 250 сомонӣ шудани хадамоти аз як ном ба номи дигар гузарондани симкорт вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Бисёре аз сокинон чунин нархгузориро нодуруст шумурда, ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъоварии имзо алайҳи ин қарор ҷараён дорад.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG