Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиркбозони Узбакистон дар Душанбе пас аз 20 сол. ВИДЕО


Дар ҳоле, ки давлатмардони Узбакистону Тоҷикистон аз минбарҳои баланд ба дурнамои хуби равобити сиёсии ду кишвар изҳори умедворӣ мекунанд, намояндагони фарҳанг талош доранд аз роҳи ҳунару истеъдод ба дили мардуми кишвари ҳамсоя роҳ ёбанд.

Нахустин бор дар тӯли 20 соли ахир дар саҳнаи сирки тоҷик, сиркбозони узбак ҳунарнамоӣ мекунанд. Сафари ҳунарии сиркбозони Узбакистон ба Тоҷикистон, ки як моҳ идома мекунад, аз сӯи мухлисони сирки тоҷик хуш истиқбол шуда зоҳиран тамошобини зиёдеро ҷалб кардааст.

Ҳунарнамоии сирки Узбакистон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Парвина Одинаева, як сокини пойтахт, ки рӯзи 6-уми январ бо ду писараш ба тамошои сирки Узбакистон омада буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кӯдаконашро бештар бозиҳои рангоранги сиркбозон бо ҷонварони ҳунарманд ба худ ҷалб кард. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, дар як моҳи охир бори дуюм аст, ки онҳо ба тамошои саҳнаҳои пурҷозиба бо ширкати аспу сагу маймун меоянд.

Парвина гуфт, фурсати роҳандозии барномаҳои сиркбозон ҳам хеле мувофиқ ба рӯзҳои таътили зимистона омадааст: “Хуб аст, назар ба он, ки дар ин фасли сармо кӯдаконро ба боғ барои тамошо барем, сирк беҳтар аст. Ман замони кӯдакиям зиёд мерафтам, ҳоло фарзандҳоямро ҳам ба тамошои сирк овардам”.

Толори сирки тоҷик чанд соли ахир чунин ҳаводори зиёд надошт. Тамошобинони аслии он ҳам кӯдакон буданд, ки дар рӯзҳои таътили зимистона тамошои саҳнаҳои рангини сирки Узбакистон барояшон ғайримунтазира буд.

Муҳаммад Абдулазизов, хонандаи литсей рақами 55-и Душанберо ташрифи сиркбозони узбак ба толори сирк овард. Муҳаммад таърифи ҳунари сиркбозонро аз волидонаш шунидааст: “Дорбозҳоро мебинем, вақте, ки дорбозҳо дар болои банд ба дигар тараф мегузаранд, мо хеле ба ҳаяҷон меоем, ки давоми вай чӣ мешуда бошад. Боз ҷолибаш ин ки сагчаҳо бо одамон бозӣ мекунанд, хеле барои мо ҷолиб аст”-гуфт ӯ.

Аммо ба фарқ аз Муҳаммад, Фаришта Одинаеваи хурдсол, ки бори аввал намоиши сиркбозонро дидааст, мегӯяд бештар аз ҳама дар саҳнаи сирк бозии маймун ва масхарабозон писандаш омад, ки танҳо дар телевизион дида буд. Зимнан, сафари ҳунарии сирки Узбакистон муддати як моҳ роҳандозӣ шуда, арзиши билет аз 30 то 80 сомонӣ буда, барои кӯдакони синни то 3-сола тамошои барнома бепул аст.

Сирки давлатии Узбакистон аз бузургтарин сиркҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ унвон мешавад. Ҳудуди 400 ҳунарманд дорад ва дар тӯли 20 соли ахир дар ҳудуди 20 кишвари дунё сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст. Сафари ҳунармандон ба Тоҷикистон, наздиктарин ҳамсояи Узбакистон бори аввалсурат мегирад.

Зимннан, гуруҳи ҳунарии сирки давлатии Узбакистонро, ки дар Душанбе ҳунарнамоӣ доранд, Нарзинисо Алиева, ҳунарманди собиқадори сирки давлатии тоҷик ва ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ раҳбарӣ мекунад. Хонум Алиева баъди пошхӯрии Шӯравӣ бо хонаводааш сокини Узбакистон ва корманди сирки Тошканд шуд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҳайати 16-нафараи сирки Узбакистон бо худ ҳайвонҳои гуногуни ромшуда, аз ҷумла маймуни африқоӣ, сагҳо, ламаҳо ва аспчаҳои инглисӣ овардаанд.

Ҳамчунин миёни онҳо шаш нафар масхарабозҳоҳам ҳастанд. Дар ин намоиши ҳунарии сирки давлатии Узбакистон дар Душанбе теъдоди ками ҳайвонҳои бузург ҳузур доранд. Зеро ҳануз суолҳои ҳалношуда миёни мақомоти байторӣ ва марзбонии Узбакистон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ҳунармандон тасмим гирифтанд бо шумори маҳдуди ҷонварон ба Душанбе биёянд.

Нарзинисо Алиева гуфт: “Албата, миёни мақомоти байтории кишварҳо марз вуҷуд дорад ва мамнуиятҳо ҳаст. Аммо дар оянда мо ҳайвонҳои даррандаро ҳам оварда метавонем. Ҳангоми сафар мушкилот вуҷуд дошт, барои ҳамин мо каме бо таъхир ба Тоҷикистон расидем. Мушкилот бо хадамоти байторӣ ва дар марз буд. Вале мо ҳамаи инро пушти сар кардем”.

Нарзинисо Алиева умедвор аст, мубодилаи фарҳангӣ миёни ду кишвари бо ҳам “бародар” бештар мешавад ва сиркбозони Тоҷикистон ҳам барои намоиши барномаҳои худ ба кишвари ҳамсоя сафар мекунанд. Мақомот мегуянд, сафари ҳунарии сирки Узбакистон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангӣ Тоҷикистону Узбакистон ва бо ҳадафи рушди муносибатҳои дуҷониба сурат гирифтааст.

Нахустин сафари ҳунарии сирки давлатии Узбакистон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар тӯли бештар аз як соли нармиши муносибатҳои ду кишвар, ҳайатҳои бозаргонони ду кишвар назди ҳамдигар барои тавсеи тиҷорат рафтанд ва табодули фарҳангии миёни Тоҷикистону Узбакистон рушд кард.

Дар Душанбе ва Тошканд Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Гурӯҳҳои ҳунарии ситораҳои эстрадаи Узбакистон дар Душанбе барномаҳои худро пешкаши тамошобинон карданд. Дар моҳи октябр дар Душанбе сафари ҳунарии театри лӯхтаки кӯдаконаи Узбакистон сурат гирифт ва ҳоло Сирки Тошканд меҳмони пойтахти Тоҷикистон шудааст.

XS
SM
MD
LG