Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се рӯзи аввали раҳбарии Ёдгор Файзов дар Бадахшон


Ёдгор Файзов, раиси тозатаъйини вилояти Бадахшон.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бадахшон мегӯянд, давоми ду ҳафтаи баъд аз интиқоди раисҷумҳур аз вазъи тартибот дар Хоруғ, аз сокинон беш аз 100 адад силоҳ мусодира шудааст. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ин миқдор силоҳ натиҷаи "корҳои фаҳмондадиҳӣ" дар байни мардум аст ва аксарият ин силоҳҳоро ихтиёрӣ ба ниҳодҳои қудратӣ супурданд.

  • Масъалаи тартибот дар Хоруғ рӯзи 3-уми октябр дар ҷаласаи вакилони халқии ин шаҳр баррасӣ шуд. Раиси нави вилоят Ёдгор Файзов вакилонро муваззаф кард, ки барои таъмини волоияти қонун дар шаҳр фаъол бошанд.

Интиқоди Президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартибот дар Хоруғ рӯзи 15-уми сентябр боиси тағйироти ҷиддӣ дар сатҳи раҳбарияти маҳаллӣ ва ҳам сохторҳои қудративу додгоҳӣ шуд. Баробар бо ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам ошкоркунии мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шуд.

"Се рӯзи аввали Ёдгор Файзов ҳамчун раиси Бадахшон"

Як мақом дар ҳукумати Бадахшон, рӯзи 3-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Ёдгор Файзов, раиси тозатаъини вилояти Бадахшон дар ҷаласа аз вакилони шаҳри Хоруғ даъват кардааст, ки дар "таъмини волоияти қонун дар шаҳр ва гузаронидани корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ, фаъол бошанд."

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, вакилони маҳаллӣ дар Хоруғ вазифадор шуданд, ки бо сокинони шаҳр, бахусус ҷавонон дар бораи таъмини тартибу интизом сӯҳбатҳо анҷом диҳанд.

Ёдгор Файзов дар мақоми раиси вилояти Бадахшон ҷойгузини Шодихони Ҷамшед шуд.
Ёдгор Файзов дар мақоми раиси вилояти Бадахшон ҷойгузини Шодихони Ҷамшед шуд.

Ин масъули ҳукумати Бадахшон афзуд, Ёдгор Файзов рӯзи 1-уми октябр аз сӯи Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президент оид ба масъалаи кадрҳо, ҳамчун раиси нави вилояти Бадахшон муаррифӣ шуд. Ба гуфтаи манбаъ, раиси вилоят аллакай рӯзи 2-юми октябр бо омӯзгорон ва донишҷӯёни шаҳри Хоруғ мулоқот карда, рӯзи 3-юми октябр дар ҷаласаи вакилони халқии ин шаҳр иштирок дошт.

Ин ҳамсӯҳбати мо дар ҳукумати Бадахшон, ки ба далели надоштани ҳаққи сӯҳбат бо матбуот нахост номаш нашр шавад, гуфт, барои бартараф кардани камбудиҳо дар Хоруғ, худи сокинон низ фаъол шуданд. Ба гуфтаи ӯ, "бо ташаббуси ҷавонон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон 190 мошини сиёҳшиша тоза карда шуд. Аллакай 91 соҳиби нақлиёт барои сиёҳшиша кардани нақлиётҳои худ расман иҷоза гирифтан",-гуфт манбаъ.

"Беш аз 150 мил силоҳ ихтиёрӣ супурда шуд"

Бадахшон баъд аз як сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа дар нимаи аввали моҳи сентябр дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мақомотро барои роҳ додан ба ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ дар ин минтақа сахт танқид кард. Раиси ҷумҳур ба онҳо як моҳ мӯҳлат дод, то, ба гуфтааш, тартибу интизомро барқарор кунанд. Як интиқоди вижаи ӯ аз "чор ҷинояткор" буд, ки ба гуфтааш, вазъро халалдор мекунанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сафари ахири худ ба Бадахшон, аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ интиқод кард.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сафари ахири худ ба Бадахшон, аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ интиқод кард.

Сокинони шаҳр мегӯянд, дар ду ҳафтаи баъди ин интиқодҳо вазъ дар Хоруғ дигар шудааст. Ҷонибеки Қозибек, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, ҳизби ҳоким дар Бадахшон мегӯяд, ширкати фаъоли ҳама аъзои ҷомеа тавонист вазъро дар Хоруғ дигар кунад. Ба қавли Ҷонибеки Қозибек, дар вохӯриҳои худ ба мардум аз оқибатҳои майзадагӣ, СПИД ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ гуфтанд ва "мардум ҳам ба худ омад."

Ин ҳамсӯҳбати мо аз ҳамкории мардум бо ниҳодҳои қудратӣ ситоиш кард ва гуфт, "зиёда аз 150 мил аслиҳа супурда шуд. Мардум ихтиёран омада бо роҳи фаҳмонадиҳӣ супурда истодаанд. То имрӯз дар 15 мактаби Хоруғ ва 22 идораву муассисаҳо вохӯриҳо ташкил шуда, фикру дархостҳои аҳли ҷомеа гирифта шуд."

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки савол дар бораи силоҳ ва аз куҷо пайдо шудани он дар дасти сокинони маҳаллӣ бояд ба мақомоти қудратӣ дода шавад. Вале сохторҳои қудратӣ дар Бадахшон барои шарҳи ин мавзӯъ феълан омода нестанд.

Хабарҳои расида аз Бадахшон ҳокист, ки мақомоти навтаъин барои ислоҳи вазъ дар Хоруғ халифаҳо, раисони маҳаллаҳо ва ҳамакнун вакилонро ҳам сафарбар кардаанд. Бар асоси иттилои дарёфтӣ, баъд аз зуҳри 3-юми октябр Ёдгор Файзов, раиси нави вилоят бо як гурӯҳ аз ҷавонон ва "ашхоси таъсиргузор" чанд соат сӯҳбат доштааст. Ҷузъиёти ин вохӯрӣ барои мо феълан дастрас нест ва мақомоти маҳаллӣ ҳам аз ироаи ҳамагуна маълумот дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Вакил: "Сабаби ҳама нооромиҳо бекорӣ аст"

Вакилони маҳаллӣ дар ҳоле барои ислоҳи вазъ ба "корҳои фаҳмондадиҳӣ" сафарбар мешаванд, ки бархе онҳо мегӯянд, ҳалли мушкили Хоруғ аз онҳо вобаста нест. Аз ҷумла, Аввалмо Хубоншоева, вакили маҷлиси шаҳри Хоруғ мегӯяд, мушкили аслии ҷавонони Хоруғ ин бекорӣ аст, ки ҳалли он аз ихтиёри вакилон берун аст. Хонум Хубоншоева бекориро сабаби аслии вазъ дар Хоруғ арзёбӣ кард.

Намое аз шаҳри Хоруғ.
Намое аз шаҳри Хоруғ.

Ӯ мегӯяд, "ҷавононро ба машғулиятҳое ҷалб кунем, ки онҳо бо бекорӣ машғул нашаванд. Сад афсӯс, ки ҷавонон тамоман кор надоранд. Мо, намояндагони мардумӣ, бо ин мушкил ягон кор карда наметавонем. Бекорӣ аз ҳад зиёд аст. Ҷойи корӣ даркор аст, масалан, ягон фабрикаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ё гуштӣ бошад, ки қисмати зиёди мардум банд шаванд. Чун дар мактабҳо дигар ҷойи кори муаллим нест, духтурҳо зиёда шуда истодаанд, дигар корҳоро фикр кардан даркор."

Ин вакили маҷлиси шаҳри Хоруғ гуфт, дар бораи мушкилоти шаҳр бахусус бекорӣ бо роҳбарияти қаблии вилоят сӯҳбат доштанд ва ҳамакнун нақша доранд онро бо раиси нави вилоят низ дар миён гузоранд.

Як вакили дигари маҷлиси Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ислоҳи вазъи мавҷуда дар маркази Бадахшон танҳо истодагарии мақомоти қудратӣ зарур аст. "Мо бо ҳама гурӯҳҳо ва ҷавонон сӯҳбат мекунем. Аммо мақомоти қудратӣ дар вилоят бояд яктарафа кор кунанд. Намешавад, ки бо ҷинояткор шинухез дошта бошӣ ва боз муқобили ҷинояткорӣ мубориза барӣ",-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Шаҳри Хоруғ -- маркази вилояти Бадахшон ҳудуди 30 ҳазор аҳолӣ дорад ва ба хотири кӯҳҳои осмонбӯси минтақа, ин шаҳр макони марказии ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шумор меравад. Роҳҳои мошингарду кӯҳӣ Хоруғро бо Ӯши Қирғизистон, Бадахшони Афғонистон, Ҷумҳурии Чин ва шаҳри Душанбе мепайвандад.

Дар шаҳр ду донишгоҳ амал карда, чанд корхонаи дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, осоишгоҳҳову нирӯгоҳи барқи обӣ амал мекунад. Вале боз ҳам сокинон аз камбуди кор азият мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG