Фақру бебизоатӣ шумори бештари оилаҳо дар сайёраро водор мекунад, ки аз таваллуди чанд фарзанд даст кашанд. Бунёди занони СММ (UNFPA) дар гузорише, ки 10 июн натиҷаҳои онро нашр кард, мегӯяд, аз ҳар панҷ нафар як нафарашон натавонистанд шумори дилхоҳи фарзандонро таваллуд кунанд.
Таҳқиқи мазкур дар миёни 14 ҳазор сокини 14 давлати ҷаҳон баргузор шудааст. Ин кишварҳо Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Итолиё, Маҷористон, Олмон, Шведсия, Бразилия, Мекика, ИМА, Ҳинд, Индонезия, Марокаш, Африқои Ҷанубӣ ва Нигерия мебошанд, ки дар маҷмӯъ сеяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд.
Натиҷаи таҳқиқ ин аст, ки дар шароити кунунӣ агар кӯдакони нав чашм ба дунё кушоданд, дар аксар ҳолатҳо ин ба он сабаб ҳам ҳаст, ки хонавода тавони таъмини кӯдак ва пардохти хароҷоти ӯро доранд.
Бисёр пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки дилашон мехост аз ду бештар фарзанд ба дунё оваранд, вале имкони молии бузург кардани онҳоро надоранд ва бо шумори камтари кӯдакон маҳдуд шудаанд.
Нисфи пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки нигарониҳои молӣ, аз ҷумла, таъмин бо хона, хароҷоти нигоҳубини кӯдак, ноамнии даромад ва кор онҳоро водор кардааст, ки камтар таваллуд кунанд.
Муҳаққиқони СММ дар ин гузориш мегӯянд, тамоюл ба таваллуди камтари кӯдакон дар сайёрае бо 8 миллиард аҳолӣ аз нигарониҳои иқтисодӣ бармеояд ва дар оянда метавонад ба як дардисари ҷиддие дар иқтисоди ҷаҳонӣ табдил шавад, чун шумори коргарон кам мемонад.
“Як роҳҳали масъала дар ҷалби бештари занҳо ба кори пардохтшаванда аст”, мегӯянд муаллифони гузориши СММ. “Вақте занҳо маҷбур нестанд, ки аз ду якеро интихоб кунад, яъне таваллуд кунанд ё аз паси кору карйера шаванд, онҳо тавони таваллуди дилхоҳ шумори фарзандро хоҳанд дошт”, мегӯяд ин гузориш.
Дар Тоҷикистон, ки аксар аҳолиии беш аз 10 миллион нафарааш мусалмон мебошанд, таваллуди фарзанд пеш аз ҳама мавзӯи ахлоқӣ аст. Фарзандро атои худо медонанд ва солҳои шӯравӣ ҳам давлат бисёрфарзандиро ташвиқу пуштибонӣ мекард.
Баъди касби истиқлолият ва сангинтар шудани бори иқтисодии хонаводаҳо, банақшагирии шумори фарзандон ҳам ба як зарурати иҷтимоӣ табдил шуд. Дар ин кишвар, ба ҳисоби омори давлатӣ, аҳолӣ соле 2,2 фоиз афзоиш меёбад ва соли 2018 ба ҳисоби миёна, ба як оила дар Тоҷикистон чор фарзанд рост меомад.
Аксари модарон дар чунин хонаводаҳо кор намекунанд ваё даромади каме доранд ва бидуни ёрии ҳамсар ё дигар аъзои хонавода бузург кардани ин фарзандон барои онҳо кори осоне нест.
Гуфтугӯ