Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Озодӣ Онлайн": Фирори муҳоҷирон, хоб дар ҷангал ва Ҳаҷ бо парчами Тоҷикистон. ВИДЕО


Мадрасаву мактаб, дуди сиёҳу ҳавои олуда ва хонаи сӯхтаи муҳоҷирону бозори зери об мондаашон аз мавзӯъҳои имрӯз дар барномаи "Озодӣ Онлайн" аст. Дар камтар аз чаҳор дақиқа ин ҳамаро мегӯему нишон диҳем.

Табдили мадрасаи исломӣ ба мактаби мусиқӣ дар Ховалинг, ки Радиои Озодӣ дар бораи он хабар дод, баҳси зиёдеро дар вебсайти мо барангехт. Яке аз корбарон бо номи "Халид" гуфтааст, "кори бисёр хуб карданд. Дар як деҳа як масҷид кофист. Барои намози ҷумъа ва намози ид дар як ноҳия як масҷид бас аст."

Корбари дигаре бо номи "Ҳоҷӣ Домулло Шайх Араб" навиштааст, "ҳукумат хуб кард, ки мадрасаи исломиро ба мактаби мусиқӣ табдил дод". Ба қавли ӯ, "Худо медонад, дар мадраса зери таълими дин чӣ корҳои фаҳш мекунанд. Аз таърихи мадрасаҳои Бухоро маълум аст."

Теъдоди дигар гуфтаанд, ҳукумат хато кард, ки мадрасаро ба мактаби мусиқӣ дод. Корбаре бо номи "Муҳоҷир" навиштааст, "ин мақомдорон магар бо Худо ҷанг эълон кардаанд? Ҳар чизе, ки манъ карда мешавад, талабгоронаш зиёд мешавад. Мубориза бо ифротгароӣ аз роҳи таъмини ҳуқуқ ва ҷойи кори муносиб натиҷа медиҳад, на бо бастани масҷиду мадраса."

"Кӯҳсорӣ" гуфтааст, "ҳукуматдорони муҳтарам, ин коратон хуб нест, чун мардумро бо ҳукумат зид мекунад."

Фирори муҳоҷирон, хоб дар ҷангал ва Ҳаҷ бо парчам дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Аз масъалаи эътиқод бигзарем ба масъалаи сиҳативу тандурустӣ, ки ин ҳафта баҳс дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук дар ин бора зиёд буд. Дуди чанд корхонаи оҳакпазӣ, ки ба қавли сокинони деҳоти Хуросон онҳоро нафасгир кардааст, баҳси дарозеро барангехт.

Шаҳбоз Исломзода, ки ба ин баҳс ҳамроҳ шудааст, менависад, "пагоҳ мардумро кӣ табобат мекунад? Раиси ноҳия? Як тин барои саломатии мардум сарф намекунед, чаро барои ду танга саломатии мардумро бад мекунед?"

Абдулло Зиёдуллозода гуфтааст, "як хумдон на танҳо аз 5 то 10 нафарро бо ҷойи кор таъмин мекунад, балки ба буҷаи кишвар ё идораи молиёт дар як моҳ 5 ҳазор сомонӣ фоида меорад." Муҳаммаднабӣ Қосимов киноя кардааст, ки "фоида бошад шуд, на муҳити зист ба инобат гирифта мешавад ва на дигару дигар." Ба гуфтаи ӯ, "афзоиши бемориҳои саратону дилу бемории қанд аз ҳисоби ҳавои олуда ва айни замон ғизои номуносиб аст."

Баҳсҳоро, ки дарозанд дар инҷо хотима медиҳем, вале агар хостед назари худро дар ин мавзӯъҳо бигӯед, баъд аз тамошои барнома марҳамат ба вебсайти мо ва ё саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Инстаграм ва Фейсбуку Одноклассники.

Дар ин барнома видеҳои фиристодаи шумо низ намоиш медиҳем. Дар яке аз видеоҳо гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик тасвир ёфтаанд, ки ду ҳафта пеш дар вилояти Маскав аз тарси пулис шабро дар ҷангал рӯз кардаанд.

Видеои дигаре, ки гирифтем аз маросими Ҳаҷ аст ва ҳаракати зоирон ба самти Куҳи Арафот.

Шумо ҳам мисли ин корбарон фаъол бошед ва видеову аксҳои худро бифиристед. Ба рақамҳои

+420 607900808;

+992 980151010;

+420 724056681;

+420 724053959

То дидор дар барномаи дигар!

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG