Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот 2020. Ҳизби рақиби Эмомалӣ Раҳмон ё "нақшофар"?


Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, яке аз ҳафт ҳизби сиёсии амалкунанда дар Тоҷикистон, дар интихоботи порлумонии моҳи март 8 номзад пешбарӣ мекунад. Ҳизбе, ки раҳбараш онро "ҳизби мухолиф" ва мунтақидонаш "филиали ҳизби ҳоким" меноманд, аз замони таъсисаш дар соли 1996 танҳо панҷ сол пеш дар порлумон соҳиби курсӣ шуд.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик, онро ҳосили "нақшофарӣ"-и Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сотсиалистӣ дар интихоботи президентии соли 2006 ва 2013 медонад.

Абдуҳалим Ғаффоров дар интихоботи президентии соли 2013 дар баробари Толиббек Бухориев аз Ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Усмонзода аз Ҳизби демократ ва Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ рақиби Эмомалӣ Раҳмон буд. Чаҳор рақиби президент пас аз ду соли интихобот дар порлумон соҳиби курсӣ шуданд, ки ба гуфтаи коршиносон, як навъ "ҳадя" барои иҷрои нақши рақиби Эмомалӣ Раҳмон буд.

Абдуҳалим Ғаффоров дар интихоботи президентии соли 2006 яке аз номзадҳо буд
Абдуҳалим Ғаффоров дар интихоботи президентии соли 2006 яке аз номзадҳо буд

Аз Сафаралӣ Кенҷаев то...

Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ин иддаоро пурра бепоя медонад. Вай рӯзи 9-уми январ гуфт, талошҳои ҳизбаш дар интихоботи президентии соли 2013 ва порлумонии соли 2015 ҷиддӣ буд ва ин навбат бо нерӯи тозатар вориди интихобот мешаванд.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 23 соли пеш аз ҷониби Сафаралӣ Кенҷаев ва гурӯҳе аз ҳамандешонаш дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт.

Сафаралӣ Кенҷаев, додситони собиқадор, ки дар солҳои аввали истиқлол раиси порлумони Тоҷикистон низ буд, ин ҳизбро дар ҳоле ташкил кард, ки дар чанд талошҳои сиёсӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ноком шуда буд.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, Кенҷаев ҳамеша дар андешаи курсии аввали мансаб дар Тоҷикистон буд ва ҳизби сиёсиро низ се сол пеш аз интихоботи президентии соли 1999 зоҳиран бо ҳамин ҳадаф таъсис дода буд. Ӯ соли 1999, ҳашт моҳ пеш аз баргузории интихоботи президентӣ кушта шуд ва ҳанӯз ангезаи куштораш маълум нест. Он замон ӯ раиси кумитаи ҳуқуқи башари порлумони Тоҷикистон буд.

“Аслан ҳизби сотсиалистӣ ҳанӯз ҳамчун ҳизб шакл нагирифта буд. Ин бештар ба як гурӯҳ монанд буд, ки бештар ба шахси раҳбараш вобаста буд. Пас аз марги Кенҷаев талоши аз он ҳизби мухолиф сохтан ба назар мерасид, вале дар пайи татбиқи сенарияи шикастани ҳизбҳои мухолиф ба ин ҳадаф нарасид”, -- гуфт Мамадшоев.

Ҷиноҳи Нарзиев ва ҷиноҳи Ғаффоров

Манзури рӯзноманигори тоҷик он аст, ки ду сол пас аз марги Сафаралӣ Кенҷаев миёни раҳбарони ҳизб ихтилоф ба миён омад. Натиҷаи ихтилоф ин шуд, ки ҳизб ба ҷиноҳи Мирҳусейн Нарзиев ва ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоров тақсим шуд.

Соли 2004 Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷиноҳи Ғаффоровро расман ҳамчун ҳизби сотсиалистӣ эътироф кард.

Мирҳусейн Назриев
Мирҳусейн Назриев

Мирҳусейн Нарзиев, корманди Пажӯҳишгоҳи физика ва нуҷумшиносии Фарҳангистони илмҳои Тоҷикистон, ҳанӯз худро раҳбари ин ҳизб медонад. Ӯ мегӯяд, ҳукумат аз ду ҷиноҳ онеро интихоб кард, ки ба манфиаташ кор мекард. “Мо мавқеи худро доштем ва ҳукуматро барои мавқегирии нодуруст танқид мекардем. Мавқеи мухолифати қонуниро гирифтем. Ин барои ҳукумат маъқул набуд”, -- гуфт ӯ.

Нарзиев мегӯяд, ҳанӯз ҳуҷҷатҳои расмии ҳизбро рӯйи даст дорад ва ҳизбе, ки Абдуҳалим Ғаффоров раҳбарии онро ба дӯш дорад, ба ҳизби таъсисдодаи Сафаралӣ Кенҷаев ҳеч рабт надорад.

Ҳақ бо кист?

Мирҳусейн Нарзиев афзуд, ҳоло ҳаводори ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст, ки ба андешаи ӯ ягона ҳизби мухолиф дар кишвар аст. Панҷ сол пеш аз номи ин ҳизб дар интихобот ширкат кард, вале ноком шуд. Ӯ мегӯяд, то замоне ки кафолати интихоботи озод дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, дигар дар ин маърака ширкат нахоҳад кард.

Ӯ мегӯяд, то ҳанӯз узви ҳизби дигаре нашудааст, чун ҳанӯз худро раҳбари ҳизби сотсиалистӣ медонад. Ҳизбе, ки ба иддаои ӯ, Абдуҳалим Ғаффоров онро пароканда кард.

Назаре, ки Абдуҳалим Ғаффоров қабул надорад ва мегӯяд, ӯ ҳизбро аз вартаи шикаст натанҳо наҷот дод, балки онро ба як ҳизби порлумонӣ табдил дод: “Ҳизб, ки пас аз марги Сафаралӣ Кенҷаев суст шуда буд, қавитар кардем. Дар интихоботи президентӣ иштирок кардем ва дар соли 2015 ҳизби порлумонӣ шудем. Ҳизби моро имрӯз мардуми зиёд мешиносанд.”

"Ҳизб кисагӣ шуд"?

Моҳиннисо Ҳорисова, раиси аввалини ҳизби сотсиалистӣ ва яке аз муассисони ҳизб мегӯяд, онҳо ба таъсиси созмони сиёсӣ замоне камар бастанд, ки ба ҷуз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон дигар ҳизбе амал намекард.

Моҳиннисо Ҳорисова
Моҳиннисо Ҳорисова

Ҳорисова пас аз таъсиси ҳизб шаш моҳ раиси он буд. Вай мегӯяд, аз фаъолияти кунунии ҳизб розӣ нест. “Фақат як чиз маро хурсанд мекунад, ки меҳнатҳоямон барбод нарафт. Як ҳизб ба ҳар ҳол бо номи сотсиалистӣ вуҷуд дорад. Ҳизби порлумонӣ шуд, вале он орзуву ормонҳое, ки доштем, татбиқ накард. Як ҳизби кисагӣ шуд”, -- гуфт ӯ.

Ибораи “ҳизби кисагӣ” замоне пайдо шуд, ки ҳизби сотсиалистӣ дар ду интихоботи президентӣ аз мавқеи ҳизби ҳоким пуштибонӣ кард. Ин ҳизб низ ба ҷуз аз арафаи интихоботҳо дар Тоҷикистон садо баланд намекунад ва нисбат ба тасмимгирҳои ҳукумат эътироз надорад. Аз ин рӯ, мунтақидон мегӯянд, ин ҳизб барои рангорангӣ ва ҷомеаи демкоратӣ нишон додани Тоҷикистон аз ҷониби давлат пуштибонӣ мешавад.

Таваҷҷуҳ ба барномаи ҳизб ё шахсиятҳо?

Ҳарчанд, Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизб мегӯяд, дар даҳҳо тарҳи қонун, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар авлавият қарор медод, дар порлумон ширкат дошт ва аз манфиатҳои мардум ҳимоят кардааст. Ӯ мегӯяд, зидди бандҳои қонун, ки манфиати мардумро ҳимоят намекард, дар парлумон садо баланд мекард.

Марат Мамадшоев мегӯяд: “Дар Тоҷикистон ба барномаи ҳизб таваҷҷуҳ надоранд. Дар мо бештар ба шахсият таваҷҷӯҳ доранд. Агар ба ҳизбе узв мешаванд, ба хотири шахсият ё шахсиятҳо дар ҳизб аст, на ба хотири барномаҳои ҳизб. Агар аз дасти раҳбари раиси ҳизб чизе меояд, он вақт аз пушташ мераванд”, -- гуфт ӯ.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон яке аз аҳзоби сиёсист, ки қарор аст дар интихоботи президентии имсол ширкат кунад. Масъулони ҳизб мегӯянд, 21 ҳазор узв доранд. Рақаме, ки баъзе аз коршиносон дурустии онро зери суол мегузоранд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG