Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси мактабиёни Кӯлоб ҳолатҳои гирифторӣ ба ВИЧ-ро ошкор кардааст


Модари ҷавоне аз минтақаи Кӯлоб соли 2011 аз табибон ҳукми ногаҳонӣ ва сангине шунид: ӯву фарзанди ширхораш гирифтори вируси заъфи масунияти бадан СПИД мебошанд.

  • Ин зан, ки бо далелҳои ахлоқӣ номаш оварда намешавад, мегӯяд, ҳукми табибон баъди он содир шуд, ки ӯву писари инак нӯҳсолааш пайваста бемор буданд, эҳсоси заъфи бадан доштанд, вале ҳеҷ доруву дармон барои беҳбуди саломатиашон кӯмак намекард.

Модару писаре аз "нуқтаи доғ"

Чун ташхиси ин беморӣ се марҳиларо дар бар мегирад ва дар марҳилаи сеюм дақиқ мешавад, ки ӯ ба бемори гирифтор ҳаст ё не

Дар шарҳи хулосаҳои табибон гуфта шуд, ки вируси норасоии масуният аз хуни модар тавассути шир ба навзод ҳам сироят кардааст. Инак 8-9 сол аст, ки модару кӯдак таҳти назорати табибон ҳастанд, доруву дармон мегиранд ва талош мекунанд мутобиқ бо машварати духтурон зиндагӣ ва умри худро дарозтар кунанд. Ин зан, ки модари се фарзанд аст, мегӯяд, то ҳол намедонад, ки ба худи ӯ ин беморӣ чӣ гуна сироят кардааст. Танҳо тахмин мекунад, ки эҳтимолан дар паи хунгузаронӣ ва истифодаи сӯзандоруи нафари бемор дар муассисаи тиббӣ гирифтори вирус шудааст.

“Се фарзанд дорам ва бо писари нуҳсолаам ҳардуямон беморем. Инро баъди ташхис ва даводав дақиқ кардам, ки кӯдакам дар шашмоҳагӣ гирифтор шудааст. Аммо ду фарзанди дигарам сиҳатанд,” - гуфт ӯ.

Ин зан дар ҷамоате дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб ба сар мебаранд, ки онро мақомоти тибби Тоҷикистон “як нуқтаи доғ” аз назари гирифторӣ ба вируси норасоии масунияти бадан арзёбӣ мекунанд. Мутахассисони тиб бо ин минтақа ва мардумаш аз наздик кор мекунанд ва талош доранд ба хотири ҳимояти ҳуқуқи онҳо аз бархӯрди иштибоҳиву таҳқиромези дигарон, макони ҷуғрофии дақиқи ин маҳалро нашр накунанд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон, бо ин ки шумори гирифторони ин вируси то 30-40 соли пеш ноошно аз марзи 7 ҳазор нафар гузаштааст, стигма ваё адами таҳаммул нисбати гирифторон ба вирус ҳамоно вуҷуд дорад. Дар бисёр ҳолатҳо гирифторони вирусро атрофиён ошкор аз худ дур мекунанд ва мавриди бархӯрди таҳқиромез қарор медиҳанд.

200 ҳолати гирифторӣ дар миёни кӯдакон

Дар ин ҳолат вазъи кӯдакони гирифтори вирус боз ҳам сангинтар мешавад. Тибқи иттилои расмӣ дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб 200 кӯдаки то 18-сола ҳамчун олуда ба ВИЧ ба қайд гирифта шудаанд, аз ин шумор 70 нафарашон сокини шаҳри Кӯлоб мебошанд. Ин кӯдакон зери назорати табибон қарор доранд.

Ду моҳ аст, ки дар Тоҷикистон барномаи ташхсиси тиббии вазъи сиҳҳатии 120 ҳазор мактабхон ба роҳ монда шудааст ва минтақаи Кӯлоб яке аз ин нуқтаҳои ҷуғрофӣ мебошад. Мавзӯи санҷиши тиббӣ – вируси норасоии бадан СПИД аст.

Санҷиши тиббии кӯдакон бо иҷозаи волидону парасторонашон сурат мегирад. Дар шаҳри Кӯлоб тақрибан 21 ҳазор хонандаи мактаб аз чунин озмоиш гузаронида мешавад. Пизишкон аз ҳоло мегӯянд, ки аз 21 ҳазор хонандаи мактаб беш аз 16 ҳазор кӯдакро аз ташхиc гузарониданд ва дар миёни онҳо аллакай ҳодисаҳои гирифторӣ ба вирус ошкор шудааст. Мақомот мегӯянд, як сабаби ташкили ташхиси сартосарии тиббӣ ин аст, ки на ҳама хонаводаҳо фарзандони худро аз озмоиши маъмулии тиббӣ мегузаронанд.

Акрам Давлатов, директори маркази пешгирии вируси норасоии масунияти одам дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 18 феврал дар нишасти хабарии Раёсати тандурустӣ гуфт, ки гузаронидани ташхиси хонандагони макотиби шаҳри Кӯлоб бо фармоиши вазоратҳои тандурустӣ ва ҳам маориф сурат мегирад. Давлатов афзуд, ки ин ташхис натанҳо дар шаҳри Кӯлоб, балки дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Турсунзода низ баргузор мешавад. Ӯ мегӯяд, ки ҳадаф дақиқ кардани кудакони гирифтори вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ) дар миёни хонандагони макотиби миёна аст.

“Ҳозир дар шаҳри Кӯлоб бояд 2854 хонандагони макотиби миёна аз ташхиси ВНМО (ВИЧ) гузарад. Аз ин шумора 16 ҳазораш гузаштааст, аммо аз сабаби ташхис ба охир нарасидааст, омори дақиқ дар даст нест, ки чиқадар кӯдакони сироятёфта ошкор шудааст. Аммо аз миёни ин 16 ҳазор кӯдак ҳаст хонандагоне, ки аз ташхис гузаштан ошкор шудааст, ки онҳо ВНМО (ВИЧ) гирифторанд. Чун ташхиси ин беморӣ се марҳиларо дар бар мегирад ва дар марҳилаи сеюм дақиқ мешавад, ки ӯ ба бемори гирифтор ҳаст ё не”, - гуфт ӯ.

Ин ташхис дар Кӯлоб дар ҳоле миёни хонандагон роҳандозӣ шуд, ки бархе волидайн дар бархе ҷамоати Кӯлоб аз олуда шудани фарзандонашон ба бемории ВНМО (ВИЧ) шикоят мекарданд. Аммо табибон мегӯяд, ки то ҳол онҳо дақиқ накарданд, ки ин беморӣ ба кӯдаконе, ки волидайнашон сиҳат аст, аз куҷо ба онҳо гузаштааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, гирифторшавӣ ба вируси норасоии масунияти бадан ё СПИД дар кишвар ташвишовар аст. Масъулини Вазорати тандурустӣ рӯзи 8-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтанд, соли гузашта дар Тоҷикистон 1422 ҳолати нави сироятивируси норасоии масунияти бадан ошкор карда шудааст. Ба ин тартиб, ҳар рӯз дар Тоҷикистон то чаҳор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан ё СПИД гирифтор мешудааст. Дар миёни беш аз 7 ҳазор гирифтори бемории вируси норасоии бадан дар Тоҷикистон бешаз 800 нафарашон кӯдак мебошанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG