Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи "рондани арвоҳи бад". Ҷашни Ҳелловин дар Душанбе. ВИДЕО


Маргарита, сокини ҷавони Душанбе гуфт, ҷашни имсолаи Ҳелловинро бо ин чеҳра таҷлил кард
Маргарита, сокини ҷавони Душанбе гуфт, ҷашни имсолаи Ҳелловинро бо ин чеҳра таҷлил кард

Бархе аз ҷавонон мегӯянд, ки имсол дар чанде аз марказҳои дилхушии Душанбе ҷашни Ҳелловинро таҷлил карданд ва он дар муқоиса ба солҳои пеш "бошукуҳтар буд". Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон монеи таҷлили Ҳелловин шуда, мегуфтанд, "ин ид барои тоҷикон бегона аст ва ҷавонон набояд ҷашн гиранд".

Таҳмина, сокини шаҳри Душанбе, дар ҷашни имсолаи Ҳелловин "чашми аждаҳо"-ро намоиш дод. Ӯ, ки барои ин кор вақти зиёдашро сарф кардааст, дар сабқати офариниши симоҳои Ҳелловин мақоми дувумро гирифт.

Маргарита, сокини дигари пойтахт мегӯяд, "як соат андешидам, ки бо кадом чеҳра ба ҷашн оям – ҷокер, вампир ё чизи дигар… Дар охир ба ҷашн омадам ва дар он ҷо маро оро доданд."

Матвей бо дӯстонаш ҳар чанд вақт маҳфилҳо баргузор мекунанд. Ӯ мегӯяд, бархе дар Тоҷикистон ин идро "ҷашни шайтон" меноманд ва онро хуш надоранд. "Менталитети тоҷикон ин ҷашнро чандон хуб қабул надорад, аммо ҳоло вазъ дар муқоиса ба солҳои пеш хеле беҳтар шудааст", -- андеша дорад ӯ.

Маргарита ҳам мегӯяд, мардум ба ӯ чун ба як чизи ғайриоддӣ менигаранд. Аксарият чизе намегӯянд, вале баъзеҳо ӯро бо садои баланд фарёд мекунанд, то каме азияташ диҳанд.

Дар Тоҷикистон ҷашни Ҳелловин ҷонибдору мухолиф дорад. Мухолифонаш ба инанд, ки ин ҷашн миллӣ нест ва онро нашояд таҷлил кард. Ҷонибдоронаш зидди мамнӯъ кардани ҳар гуна баҳонаи шодиву хурсандианд.

Ба назар мерасад, таҷлили Ҳелловин дар Тоҷикистон маъмул мешавад. Ҳасан, як сокини пойтахт, мегӯяд, мухолифи он нест, ки Ҳелловин дар Тоҷикистон ҷашн гирифта шавад, аммо мегӯяд, “ин барои миллати мо бегона аст”. Мадина ҳам ба ин назар аст, ки “Ҳелловинро аз нофаҳмӣ таҷлил мекунанд” ва “худро бадшаклу ҳаросангез месозанд, ки дуруст нест”.

Рауф, сокини дигари Душанбе, дар таҷлили Ҳелловин бадиеро намебинад ва мегӯяд, “бигзор бачаҳо хурсандӣ кунанд”, аммо ӯ ҳам мухолифи он аст, ки иштирокдорон бо чеҳраҳои тарснок ба кӯчаҳо бароянд ва дар шаҳр ҳаракатҳои ноҷой кунанд.

Ҳелловин ҷашни қадимии мардуми англисзабон аст, ки дар остонаи Иди арвоҳи муқаддас дар охири моҳи октябр ва оғози ноябр таҷлил мешавад. Муҳимтарин унсури ҷашн ин аст, ки иштирокдорони он шомгоҳон либосҳои ваҳмангези мухталиф мепӯшанд ва шодиву хурсандӣ мекунанд.

Кадуи рангуборшуда ҳамроҳ бо шамъи фурӯзон, ки дар назди хонаҳо гузошта мешавад, рамзи дигари ин ид шумурда мешавад. Ҳикмати идро “дур кардани арвоҳи бад” ва “арҷ гузоштан ба зиндагиву хушиву хурсандӣ” медонанд.

Мақомот дар гузашта чанд бор ҷавонони тоҷикро нагузоштанд, ки Ҳелловинро пешвоз гиранд ва онро барои мардум бегона эълон карданд. Соли 2014 кормандони пулиси шаҳри Душанбе монеи таҷлили ин ҷашн дар маркази дихушии Порт-Саид шуда, ҷавононро пароканда карда буданд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Рӯзи арвоҳ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

XS
SM
MD
LG