Дар Қирғизистон мехоҳанд, сомонаҳои дорои маводи фаҳшо ё порнографӣ пурра баста шаванд. Порлумони ин кишвар матни аввалияи чунин тарҳро пазируфт.
Мавзӯи дастрасӣ ба наворҳои порнографӣ дар миёни вакилони порлумон баҳс ба по кард. Бархе бастани чунин сафҳаҳоро зарур медонанд ва гуруҳи дигар бар инанд, ки калонсолон бояд ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд.
Дар Қирғизистон мавзӯи ахлоқи интернетӣ дубора пурбаҳс шуд. Ин бор ҳам, дар порлумони ин кишвар. Чанде аз вакилон тарҳи пурра бастани сомонаҳои порнографиро дар Қирғизистон пешниҳод кард.
Муаллифони тарҳ мегӯянд, дастрасии озод ба маводи фаҳш ба арзишҳои ахлоқии ҷомеа, махсусан ҷавонон зарба мезанад ва ҷинояткориро зиёд мекунад. Ба бовари онҳо қабули қонун метавонад ба ҳифзи саломатӣ ва равони сокинон мусоидат кунад.
Марлен Маматалиев, вакили порлумони Қирғизистон гуфт, “мо барои пешгирӣ аз корҳои бадахлоқона, ки ба арзишҳои миллӣ мутобиқ нест ва метавонад, ба насли оянда зарар расонад, имконият фароҳам меорем. Агар шумо аз қонун пуштибонӣ кунед, қадами аввал гузошта мешавад. Ман мефаҳмам, ки мо наметавонем ҳамаи чунин сомонаҳоро дар як рӯз бубандем, вале ин қадами аввал аст.”
Видеоро инҷо бинед:
Бар пояи ин тарҳ як рӯйхати сиёҳи чунин сомонаҳо таҳия шуда, маводи порнографӣ дар сатҳи ширкатҳои интернетӣ маҳдуд карда мешаванд. Дар сурати риоя накардан, ҷарима ва бекор шудани парвона пешбинӣ шудааст. Бо ин вуҷуд муаллифон эътироф мекунанд, ки дар асри VPN ва қулфшиканҳо, ба осонӣ метавон маҳдудиятро давр зад.
Достон Бекешов, вакили порлумони Қирғизистон мегӯяд, “чӣ тавр метавонем, сомонаҳое чун Онлифанс ё Порноҳабро бандем?
Аммо Азамат Асанов, муовини сардори хадамоти назорат дар соҳаии алоқа бовар дорад, ки “ширкатҳои интернетӣ имкони фаннии пурра бастани сомонаҳоро доранд.”
Достон Бекешев, вакили порлумон аз ин масъули идораи алоқа пурсид, “ВПН ҳаст.”
Муовини хадамоти назора дар соҳаи и алоқа дар посух ба ин суол гуфт, «бале, ВПН ҳаст. Ширкатҳои мухобиротӣ имкони фаннии убури ВПН-ро надоранд”
Пас бастани сомонаҳо чӣ маънӣ дорад? Муаллифон натавонистанд инро шарҳ диҳанд. Вале боз ҳам далелҳо барои зарурати бастани чунин сомонаҳоро номбар мекарданд.
Аккулу Бердиев, вакили порлумон мегӯяд, “пештар, вақте порнография набуд, гузаштагони мо соҳиби 10-15 фарзанд мешуданд. Бино бар ин ин бояд манъ шавад. Ҳамчунин бо талаботи ислом мувофиқ нест. Агар зиёд чунин наворҳоро тамошо кунӣ, одам зуд пир ва фаромушхотир мешавад.”
Исҳоқ Масалиев, вакили порлумони Қирғизистон дар ин бора назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, “ вақте одамон онро тамошо мекунанд, баръакс таваллуд бештар мешавад. Дар Қирғизистон солҳои ахир аҳолӣ бештар мешавад. Ин хуб аст ва бигзор бошад. Вале ин лоиҳаро ман ҷонибдорӣ мекунам, бояд маҳдуд шавад. Ба фикрам на вазорати фарҳанг, балки вазорати маориф бояд масъул бошад. Мо бояд аввал волидонро тарбия кунем, сипас онҳо фарзандони худро.”
Ҷонибдорони бастани сомонаҳои порнографӣ пофишорӣ доранд, ки чунин мавод метавонад, касро ба рафторҳои ғайриахлоқӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои шаҳвонӣ тела диҳад. Мухолифон, баръакс бар инанд, ки бастани сомонаҳои порнографӣ дӯстдорони чунин наворҳоро хашин мекунад.
Достон Бекешов, вакили порлумони Қирғизистон гуфт, “шояд дар ҳар сурат барои калонсолон, ба воситаи рамз (парол) иҷоза дода шавад? Агар хоҳад, бигзор бинад. Дар Ҷопон тамошо мекунанд, касе девона нашудааст, рушд мекунанд. Бигзор дар хона нишаста, худро таскин диҳад. Шумо мебандед, вай дар ҷустуҷӯйи он ба кӯча мебарояд.”
Омӯзгорон ва равоншиносон бовар доранд, ки манъ кардан ин роҳи ҳал нест. Ба таъкиди онҳо тарбияи ҷинсӣ, огоҳии тиббӣ ва сӯҳбати ошкоро бо кӯдакон зарур аст.
Айнура Сагинбаева, равоншинос ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, “вақте намефаҳмонанд ва мегӯянд, “мумкин нест, накун” ин табиати одам аст, ки ҳамеша ба чизи мамнӯъ майл дорад, Набояд бидуни фаҳмондан чизеро манъ кард. Бояд бо омӯзиш тарбия дод. Вале агар таваҷҷуҳ ба чунин маводи зиёд бошад, пас, бале ин ба нотавонӣ ва кам шудани хоҳиши шаҳвонӣ мерасонад.”
Ба гуфтаи коршиносон дар баъзе кишварҳо чунин манъкуниҳо даҳсолаҳост амал мекунад, вале ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ ба даст наомадааст.