Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Фурӯпошии Шӯравӣ ба тоҷикон чӣ дод ва чиро гирифт? ВИДЕО


Дар акс: Умедҷони Аҳмадзод, Муъмин Аҳмадӣ ва Рустам Аламхонзода

98 сол пеш, дар моҳи декабр, иттиҳоде бо номи Шӯравӣ ташкил шуд, ки Тоҷикистон яке аз понздаҳ узваш буд. Тоҷикон ҳафтод сол дар ҳайати ин Иттиҳод зистанд. 29 сол қабл ва дар моҳи декабр СССР пош хӯрд ва Тоҷикистон мустақил шуд.

Бо гузашти тақрибан сӣ сол тоҷикистониҳо ба фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ нигоҳи мутафовит доранд. Гурӯҳе мехоҳанд, дубора ба ҳайати чунин иттиҳоде баргарданд ва ба гуфтаашон зиндагии серу пур дошта бошанд, дигарон мустақилиро беҳтар мешуморанд.

Намояндагони ин ду ақидаро барои баҳс ба барномаи "Гапи Озод" даъват кардем:

Умедҷони Аҳмадзод, рӯзноманигори тоҷики муқими Амрико ва

Рустам Аламхонзода, шоире, ки ҳанӯз Шӯравиро васф мекунад.

"Агар ин модели хуби давлатдорӣ мешуд ва ба ҳама ниёзҳои мардум посухгӯ мебуд, аз байн намерафт. Азбаски пош хӯрд, метавонем гӯем, ки моделе буд, роҳи рушд надошт ва ба пеш ҳаракат карда наметавонист. Андешаи шахсии ман он аст, ки агар Шӯравиро ба монанди як кооператив фикр кунем, Тоҷикистон хоҷагии ёрирасон буду бас."

"Ин бародар мегӯяд, мо ғулом будем. Мо ҳозир ғуломи русҳо ва амрикоиҳо ҳастем. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ худамро соҳиби мулк, соҳиби сарзамин ҳисоб мекардам. Фарқаш дар он аст, ки он вақт ҷойи хоб доштем, хӯрду хӯрок доштем. Фарзандон соҳиби маълумот буданд, дар бемористонҳо бепул табобат мекарданд."

  • Фикр мекунед, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ то куҷо кори дуруст буд?
  • Чаро аз пошхӯрии Шӯравӣ ҳанӯз афсӯс мехӯранд?
  • Агар СССР фурӯ намепошид, ҳоло зиндагии беҳтаре доштем?
  • Бисёриҳо мегӯянд, тоҷикон дар замони Шӯравӣ аз ҳаққи дурусте бархӯрдор набуданд. Ин назар ҳам ҳаст, ки то солҳои 70-ум дар Шӯравӣ қашшоқӣ буд ва ҳарфҳои ҳама зиндагии баробар доштанд, воқеият надошт. То чӣ ҳад дуруст аст?
  • Гуруҳе ба ин назаранд, ки тоҷикон дар замони истиқлол бештар ранҷ мебаранд. Ҳазорон нафар муҳоҷир шуданд, дар кишвар ҳам ноадолатӣ бештар шуд. Ҳамин андешаҳо боис шудааст, ки ҳанӯз ҳам ҳасари Шӯравиро мехӯранд. Ба ин чӣ назар доред?

Суолу ҷавоби бештарро дар ин видео бинед:

Гапи Озод: СССР хуб буд ё бад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:02 0:00

Барномаи мо дар Ютуб ҳам ҳаст:

Шарҳҳоро бинед (32)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG