Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз ғизои носолим ва бисёрвазнӣ. Мардум чӣ мехӯранд? ВИДЕО


Мақомот дар Тоҷикистон «аз вайрон шудани таркиби ғизои сокинон» нигаронанд. Пизишкон мегӯянд, ғизои якрангу носолим боис ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла бисёрвазнӣ ё фарбеҳии бахше аз аҳолӣ шудааст. Сокинон дар навбати худ мақомотро айбдор мекунанд, ки имкон фароҳам овардаанд, ғизои носолим дар бозорҳо зиёд шавад.

"Ҳот-дог", "ҳамбургер", "шаурма" ва хӯрокҳои дигари зудпаз ва маҳсулоти равғанӣ аз ғизоҳои маъмулу серхарид дар шаҳри Душанбе аст. Нуқтаҳои фурӯши чунин хӯрокҳоро дар сари ҳар қадам дидан мумкин аст.

Баъзеҳо мегӯянд, барои сарфаи вақту маблағ аз ин хӯрокҳо истеъмол мекунанд. Мисли Замира, як мусоҳиби мо, ки барои хӯроки нисфирӯзӣ вақти зиёд надорад ва маҷбур аст, аз ин нуқтаҳо хӯроки омода ё зудпаз бигирад.

Таҳқиқоти ахири мутахассисони соҳаи тиб дар Тоҷикистон муайян кардааст, ки 17 дарсади аҳолии кишвар вазни аз меъёр зиёд доранд ва 11 дарсад аз фарбеҳӣ ранҷ мекашанд. Бар асоси ҳамин пажӯҳиш ҳудуди 5 дарсад аз наврасон дар кишвар вазни аз меъёр зиёд доштаанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Ҳотамбек Хайров, сардори Маркази ҷумҳуриявии ғизо дар назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, “аз меъёр зиёд хӯрдани ширинӣ, гӯшт ва маҳсулоти ширие, ки дар таркибашон чарбуи зиёд доранд, яке аз сабабҳои чунин вазъият аст. Сабаби дигар истеъмоли хӯрокҳои омода ё зудпаз дар нуқтаҳои савдои сари роҳ. Дар он ҷо бештар аз маводи сунъӣ истифода мекунанд, зарараш ҷиддӣ аст."

Хайров афзуд, истеъмоли ғизо ҳам меъёри худро дорад ва дар сурати аз ҳад кам ва ё аз ҳад беш хӯрдани хӯрок ба саломатӣ паёмадҳои нохуб меорад. Истеъмоли нодурусти ғизо, ба гуфтаи ӯ, дар бисёр ҳолат "ба бисёрвазнӣ ва бемориҳое ба мисли фишорбаландӣ, сактаи дил, сактаи майнаи сар, санги талхадон, диабети қанд, саратони сина ва рӯдаи ғафс оварда мерасонад".

Мушкили бисёрвазнӣ ва ғизои носолим чанд рӯз пеш дар як маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон низ баҳс шудааст. Ниҳодҳои масъул муваззаф шудаанд, барои пешгирӣ аз бисёрвазнӣ ё фарбеҳӣ аз чораҳои мушаххас кор гиранд.

Барои тағйири таркиби ғизо ва ҳам тарғиби тарзи ҳаёти солим мақомот дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирӣ аз фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024»-ро қабул кардаанд. Ҳотамбек Хайров, сардори Маркази ҷумҳуриявии ғизо мегӯяд, «агар фарбеҳӣ зиёд шавад, то 6 дарсади будҷаи тандурустӣ ба бартараф кардани ин беморӣ равона мешавад».

Табибон мегӯянд, сокинон аксаран ба таркиби ғизои худ кам таваҷҷӯҳ мекунанд ва меъёри дурусти истеъмоли ғизоро риоя намекунанд. Аммо сокинон дар навбати худ аз ғайритабиӣ ва сунъӣ будани баъзе аз маҳсулоти ғизоӣ, ки ба бозорҳои кишвар роҳ ёфтаанд, шикояту нигаронӣ доранд.

Раҷабалӣ Зиёев, сокини пойтахт, гуфт, "бисёре аз камбудҳое, ки дар ҷомеа аст, аз мақомоту соҳибкорон вобаста аст. Ягон чизро ба инобат намегиранд. Барои манфиати шахсии худашон, ҳар чизе, ки лозим аст, ворид мекунанд. На парвои ҷамъият доранд ва на парвои насли оянда."

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, аз он нигаронӣ дорад, ки деҳқонон низ барои гирифтани ҳосили баланд аз маводи мамнуъ ва ё зиёновар истифода мекунанд. "Оҷонсии «Тоҷикстандарт» кори онҳоро ба шакле назорат мекунад. Аммо пеш аз рафта, назорат кардан, онҳо бояд соҳибкорро огоҳ кунанд. Вақте меоянд, аллакай камбудҳо нест. Намояндаҳои оҷонсӣ бояд бе огоҳӣ рафта, тафтиш кунанд", -- гуфт ӯ.

Нигаронӣ аз ғизои носолим ва бисёрвазнӣ миёни сокинон дар ҳолест, ки қаблан масъулони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба мардум машварат дода буданд, ки маҳсулоти рӯи дастархон ва номгӯи ғизо ва, инчунин, шеваи зиндагии худро тағйир диҳанд. Бино ба тавсияҳои ин созмони ҷаҳонӣ, 50 дарсади ғизои якрӯзаи як нафар бояд меваву сабзавот бошад ва ҳафтае 150 дақиқа ба машқи бадан бахшида шавад.

Аммо сокинон мегӯянд, баъзан иҷрои ин тавсияҳо номумкин аст, чун гапи созмонҳову мақомот бо кисаи онҳо рост намеояд. Мардум аз гаронии маҳсулоти табиӣ, бахусус мева дар бозорҳои кишвар ва кирояи марказҳои машқи бадан шикоят мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG