Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 чизи донистанӣ дар бораи суду зиёни тақдими шаҳрвандии Русия ба тоҷикон. ВИДЕО


Ҳангоми санҷиши шиносномаи Русия дар яке аз гузаргоҳҳои марзӣ

Русия шартҳои қабул ба шаҳрвандиро сабуктар кард. Дар ин бора амр содир шудааст ва матни онро 27-уми июн дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии ҳукумати Русия гузоштанд. Амр баъд аз 90 рӯз ба иҷро медарояд.

Эълони сабукӣ бархе аз сокинони Тоҷикистонро ба дарёфти шиносномаи Русия умедвор кардааст. Бино ба нуфусшумории соли 2010 дар Русия 250 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии ин кишварро пазируфтаанд. Дар даҳсолаи охир ин раванд ба шиддат авҷ гирифт ва танҳо соли 2020 беш аз 44 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди ин кишвар шуданд.

Миёни Тоҷикистону Русия аз соли 1995 ба ин сӯ шартномаи шаҳрвандии дутарафа вуҷуд дорад. Соли 2017 дар Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи хидмати давлатӣ” ислоҳ ворид карда шуд, ки мувофиқи он афроди соҳиби душаҳрвандӣ наметавонанд дар мақомҳои хидмати давлатӣ кор кунанд. Пештар шахсони соҳиби душаҳрвандӣ наметавонистанд дар ниҳодҳои амниятӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд.

Панҷ суду зиёни тақдими шаҳрвандии Русия ба тоҷикон:

  • Минбаъд сокинони кишварҳои пасошӯравӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия 5 сол мунтазир намешаванд. Муҳлати тақдими шаҳрвандӣ ба онҳое, ки дар донишгоҳҳои Русия хондаанд, бо шаҳрванди Русия издивоҷ кардаанд ва ё пайванде бо Русия надоранд, фарқ мекунад.
  • Кремл бо ҷалби шаҳрвандони нав мехоҳад, шумори аҳолиашро бештар кунад ва худро аз "чоҳи демографӣ" наҷот диҳад. Русия аз нигоҳи ҳудуд калонтарин кишвари дунёст, вале ҳамагӣ 140 миллион аҳолӣ дорад, ки аз назари амниятӣ барояш хавфнок аст.
  • Як ҳадафи Русия аз пазируфтани шаҳрвандони нав ҳалли мушкили нерӯи кор аст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, мегӯяд, норасоии нерӯи кор монеи рушди иқтисоди кишвараш мешавад. “Русия ба ҷалби шаҳрвандони нав ниёз дорад. Бо рушди иқтисоди Русия норасоии нерӯи корӣ рӯшан мешавад. Барои мо ҳоло нерӯи корӣ намерасад. Дар ояндаи наздик ин масъала хеле чашмрас хоҳад шуд. Қувваи корӣ намерасад. Ин як мушикли воқеӣ ва боздорондаи рушди қитисодии кишвар мешавад”, -- афзуд ӯ.
  • Вале дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ афзоиши сокинони дорои шаҳрвандии Русия хатари амниятӣ шумурда мешавад. Эълони сабукӣ бархе аз сокинони Тоҷикистонро ба дарёфти шиносномаи Русия умедвор кардааст. Ба пиндори онҳо шиносномаи русӣ касро аз озору азияти пулис дар Русия мераҳонад. Бо онки Русия тақдими шаҳрвандиашро сабук кард, ҳамин гуна метавонад шахсро аз он маҳрум кунад.
  • Соли 2015 Мақсуд Иброҳимов муассиси созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" аз Русия рабуда шуда ба Тоҷикистон супурда шуд. Русия бе хоҳиши Иброҳимов ӯро аз шаҳрвандӣ маҳрум кард. Каромат Шарипов, ҳомии муҳоҷирони тоҷик, моҳи декабри 2017 аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Ӯ афсари бознишастаи артиши рус буд ва аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дифоъ мекард. Шарипов 9-уми майи 2020 дар зодгоҳаш Файзобод даргузашт.
Панҷ чизи донистанӣ дар бораи тақдими шаҳрвандии Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00


Назари чанде аз роҳгузарон дар бораи дарёфти шаҳрвандии Русия дар ин ҷост:

"Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (18)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG