Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии як хонанда дар хобгоҳи мактаб-интернати Душанбе


Додситонии ноҳияи Сино ба таҳқиқи худкушии Муҳаммадҷон Давлатов, хонандаи мактаб-интернати рақами яки Душанбе оғоз кардааст.

Дар гарданаш доғи сиёҳ намоён буд. Ӯ худро ба дор овехтааст.

Муҳаммадҷон 15 сол дошт ва дар синфи ҳаштум мехонд. Вай чанд сол пеш модарашро аз даст дод ва дар хонаи ятимон маскун шуд. Падару моиндараш муваққатан дар Душанбе зиндагӣ мекунанд.

Мақомоти Додситонии ноҳияи Сино рӯзи 11-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтиш ҷузъиёти ҳодисаро ошкор намекунанд.

Як мусоҳиби мо дар ин ниҳод гуфт, “аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва бозпурсии омӯзгорон идома дорад. Тафсилот баъди анҷоми тафтиш эълон мешавад.”

"Мунтазири натиҷаи тафтишотем"

Дар мактаб-интернати рақами яки шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Муҳаммадҷон Давлатов рӯзи ҷумъаи 8-уми феврал дар дохили хобгоҳ худро ба дор овехтааст. Вале аз ин бештар ҷузъиёт надоданд.

Ҷамолиддин Амирхонов, мудири мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе, низ аз шарҳи худкушии Муҳаммадҷон худдорӣ кард. Ӯ гуфт, “сабаби рух додани ҳодиса барои мо ҳам маълум нест. Мунтазири натиҷаи тафтишотем, ки чӣ хулоса мекунанд.”

Танҳо баъзе аз омӯзгорону хонандагони мактаб-интернат бе зикри номи худ гуфтанд, миёни Муҳаммадҷон Давлатов ва як омӯзгори ӯ дар масъалаи гирифтани баҳо “якдигарнофаҳмӣ вуҷуд доштааст”. Яке аз омӯзгорони мактаб-интернат гуфт, “ҳайрон шудем, ки бачаи сиҳҳату саломат чаро ин корро кард. Баъди ҳодиса мушкили баҳогирии Муҳаммадҷон вирди забонҳо шуд. Шояд мақомот мӯйро аз хамир ҷудо кунанд”.

"Ӯ худро овехтааст"

Ҷасади Муҳаммадҷон Давлатовро рӯзи 9-уми феврал дар Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббиву додгоҳӣ аз назар гузарондаанд. Як масъули ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар гарданаш доғи сиёҳ намоён буд. Ӯ худро ба дор овехтааст.”

Мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ин мактаб дар маҳаллаи “Гипрозем”-и пойтахт ҷойгир аст ва дар он беш аз сесад кӯдаки ятиму бепарастор таълим мегиранд.

То ин лаҳза муяссар нашуд, ки наздикони Муҳаммадҷон Давлатовро пайдо кунем. Вале дар идораи Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон гуфтанд, нисбат ба ҳодисаи худкушии Муҳаммадҷон бетараф нестанд ва қазияро ҷиддӣ пайгирӣ мекунанд.

Сабабҳои қасди худкушии наврасон чист?

Худкушии ҷавонон ва кӯдакону наврасон борҳо мавриди нигаронии ҷомеа шудааст. Аммо хеле кам иттифоқ афтодааст, ки наврасон дар дохили муассисаи таълимӣ риштаи ҳаёти худро баркананд.

Мақомот мегӯянд, танҳо дар соли 2017 дар Тоҷикистон беш аз 80 наврас қасд ба ҷони худ кардаанд. Як пажӯҳиши Бунёди атфоли Созмони Милал дар ду соли қабл муайян кардааст, ки сабаби аслии қасди ҷони худ кардани наврасону ҷавонон ба бетаваҷҷӯҳии волидон, бехабар будан аз ҳолу дунёи онҳо ва дур будан аз навозишу меҳрубонист.

Шарҳҳоро бинед (10)

XS
SM
MD
LG