Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи Департаменти давлатӣ: Амрико хоҳони истиқлол ва шукуфоии Тоҷикистон аст


Элизабет Стикни, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико.
Элизабет Стикни, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико.

Рӯзи 23 сентябр дар Маҷмаи Умумии СММ раҳбарони ИМА, Осиёи Марказӣ, Туркия ва кишварҳои дигар суханронӣ карданд. Вале таваҷҷӯҳи бештари байналмилалӣ ва матбуотро суханронии президенти ИМА Доналд Трамп ба худ ҷалб кард.

Ин нахустин ширкати президент Доналд Трамп дар Маҷмаи Умумии СММ дар давраи дуюми раҳбариаш дар ИМА мебошад. Ӯ дар бораи муваффақияташ дар пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хатми 7 ҷанг, зарурати гирифтани пеши роҳи Эрон аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ, мушкили хатми ҷанг дар Украина сухан гуфт.

Баъди анҷоми сӯҳбатҳои президенти ИМА Доналд Трамп дар Маҷмаи Умумии СММ, Элизабет Стикни, яке аз сухангӯёни Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар сӯҳбати мустақими видеоӣ аз қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк, ба пурсишҳои Радиои Озодӣ роҷеъ ба паёми муҳими раҳбари ИМА сӯҳбат кард.

Элизабет Стикни: Салом ба шумо ва бинандагони муҳтарам. Ин ҷо дар шаҳри Ню-Йорк ҳастем барои иштирок дар ин ҳафта дар баррасиҳои сатҳи олии сиёсати хориҷӣ. Он тавре, ки шумо гуфтед, имрӯз президенти Амрико Доналд Трамп суханронӣ дошт ва ӯ бештар ба мавзӯи сулҳ тамаркуз кард. Сулҳ яке аз аҳдоф ва арзишҳои давлати Амрико аст ва мо мехоҳем бештар ба ин мавзӯъҳо тамаркуз кунем ва мехоҳем, ки Созмони Милали Муттаҳид ба аҳдофи асосиаш бозгардад. Ва муҳимтарин ҳадафи СММ сулҳ аст.

Радиои Озодӣ: Созишномаҳои ахири ИМА бо Қазоқистон ва Узбекистон далели таваҷҷуҳи маъмурияти ҷаноби Трамп ба Осиёи Марказӣ аст. Оё нақшаҳои беш аз ин ҳам дар миён ҳаст?

Элизабет Стикни: Ҳоло намехоҳам роҷеъ ба ҷузъиёти барномаҳои президент Доналд Трамп сӯҳбат кунам. Вале ба таври куллӣ президент Трамп хоҳони равобити хуб бо ҳамаи кишварҳои дунё аст. Дар поёни суханрониаш ӯ бо як дасти боз ба кишварҳои дунё сӯҳбат кардааст. Бахусус дар мавриди Тоҷикистон мо аз ҳокимияти миллӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлоли Тоҷикистони ҳимоят мекунем.

"Маъмурияти Трамп аз Тоҷикистон ҳимоят мекунад."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:40 0:00

Радиои Озодӣ: Оё президент Трамп нақшаи сафар ва ҳамкории наздиктар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, масалан бо Тоҷикистонро дорад?

Элизабет Стикни: Беҳтар аст, ки Кохи Сафед дар мавриди ҷузъиёти барномаи президент Доналд Трамп сӯҳбат кунад. Вале ба таври куллӣ метавонам бигӯям, ки се даҳа баъд аз истиқлоли Тоҷикистон, мо дар соҳаҳои мухталиф ва муҳим ҳамкорӣ мекунем. Ва мо мехоҳем дар оянда ҳам ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятиро тақвият бидиҳем.

Радиои Озодӣ: Мавзӯи Афғонистон дар лобалои ин ҳамкориҳо чӣ нақше дорад?

Элизабет Стикни: Дар мавриди Афғонистон ба таври куллӣ метавонам бигӯям, ки мо мехоҳем, ки Толибон иқдом кунанд. Бояд дар аввал бигӯям, ки баъд аз заминларзаҳои маргборе, ки дар Афғонистон иттифоқ уфтоданд, мо ба мардуми Афғонистон таслият мегӯем. Аҳдофи давлати Амрико дар Афғонистон аввалан ҳифозат аз мардуми мо аст. Мо мехоҳем, ки ҳамаи амрикоиёне, ки ноҳақ дар Афғонистон боздошт шудаанд, озод шаванд.

Радиои Озодӣ: Оё кадом нақшаҳои ҳамкориҳои гуманитарӣ бо Тоҷикистон дар назар ҳаст?

Элизабет Стикни: Шояд беҳтар аст, ки Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯи ин мавзӯъ сӯҳбат кунад, вале ба таври умум мо алоқаманд ҳастем, бахусус ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятиамонро бо кишвари Тоҷикистон тақвият бидиҳем.

Радиои Озодӣ: Масъалаи ҳуқуқи башар, озодии матбуот дар Тоҷикистон то куҷо барои ҳукумати ИМА муҳиманд?

Элизабет Стикни: Ба таври куллӣ мавзӯи ҳуқуқи башар барои давлати Амрико мавзӯи муҳим аст ва аз назари давлати Амрико рӯи ин мавзӯъ бисёр тамаркуз мекунем. Вале ба таври куллӣ ин ҷо дар мақарри СММ мо сари озодии ҳокимияти миллӣ ва сулҳ тамаркуз мекунем.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи грин-карта бисёр пуртарафдор аст ва бисёр ҷавонон мехоҳанд бо ин роҳ ба Амрико бикӯчанд. Вале вақтҳои охир дар қоидаҳои он тағйироте ҷорӣ мешавад. То куҷо мешавад гуфт, ки акнун роҳ ёфтан ба Амрико, масалан барои як ҷавоне аз Тоҷикистон ё ҳар ҷои дигар сахттару мушкилтар шудааст?

Элизабет Стикни: Бояд бигӯям, ки ҳадафи аслии президент Трамп ҳифозат аз мардум ва давлати Амрико аст. Вале дар мавриди ҷараёни гирифтани грин-корт, фикр мекунам, ки барои мардуми муҳтарами Тоҷикистон беҳтарин кор аст, ки ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бираванд ва иттилоотро аз он ҷо бигиранд.

Радиои Озодӣ: Шумо шахсан чун як дипломати собиқадор ва форсидони Департаменти давлатӣ бигӯед, то куҷо дар ҳукумати имрӯзаи Амрико таваҷҷӯҳ ба мардуми форсизабон дар Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба хотири ҳамгироии бештари онҳо бо Амрико вуҷуд дорад? Агар чунин майле ҳаст, аз чӣ иборат аст?

Элизабет Стикни: Ин мардум, мардуми Афғонистон, мардуми Тоҷикистон ва мардуми Эрон барои давлати Амрико мардуми муҳим ҳастанд. Ман бисёр талош мекунам, ки бо расонаҳои ин се кишвар сӯҳбат кунам ва аз ин фурсат ибрози ташаккур мекунам, чун ин як ифтихорест, ки метавонам бо шумо сӯҳбат кунам.

Радиои Озодӣ: Бо як нукта, паёми Доналд Трамп дар СММ-ро чӣ гуна хулоса мекунед?

Элизабет Стикни: Муҳимтарин паёми президент Трамп ин буд, ки ӯ раиси ҷумҳурии сулҳ аст ва Амрико хоҳони сулҳ аст.

Радиои Озодӣ: Элизабет, шояд шумо барои бисёр ҷавонон дар Тоҷикистон намунаи ибрат шавед. Бигӯед, ки чӣ гуна тавонистед забони форсиро омӯхта, дар Департаменти давлатӣ истихдом шавед?

Элизабет Стикни: Шояд хабар дошта бошед, ки ман ду бор фурсат доштам, ки дар Афғонистон кор кунам. Талош мекунам бо эрониён, бо мардуми Тоҷикистон ва бо афғонҳо сӯҳбат кунам. Фикр мекунам, ин як ифтихори бузург буд барои ман, раҳмати калон барои ҳамаи дӯстон дар Радиои Озодӣ.

Радиои Озодӣ: Ба Тоҷикистон ҳам сафар мекунед?

Элизабет Стикни: Умедвор ҳастам, ки як рӯз битавонам ба Тоҷикистон ҳам сафар бикунам.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG