Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи ВКХ Русия гуфт, изҳороти Соловёв мавқеи расмии Маскав нест


Таблиғгарони сиёсати Кремлин дар телевизионҳои давлатии Русия - Владимир Соловёв (аз чап) ва Евгений Киселёв
Таблиғгарони сиёсати Кремлин дар телевизионҳои давлатии Русия - Владимир Соловёв (аз чап) ва Евгений Киселёв

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, изҳороти Владимир Соловёв дар бораи барпо кардани амалиёти низомӣ дар хоки кишварҳои Осиёи Марказӣ "мавқеи расмии Маскав нест".

Захарова дар шарҳи гуфтаҳои таблиғгари телевизионии ҳукумати Русия изҳор дошт, ин фикри шахсии журналист аст, ки дар телевизиони ғайридавлатӣ садо додааст. Рӯзи 16 январ ӯ гуфт, изҳороти Соловёв «дар шакли суол пешниҳод шуда буд, на иддао».

“Ин ибораҳоро таҳлилгарони сохта тавре пешниҳод карданд, ки гӯё мавқеи расмии Русия бошад. Даст задан ба чунин дасткориҳо нодуруст аст”, гуфтааст Захарова. Ба гуфтаи ӯ, сиёсати Маскав дар баробари кишварҳои пасошӯравӣ дар асоси эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ ва ҳамкорӣ шакл мегирад.

Мария Захарова
Мария Захарова

Муҷрии телевизиони марказии Русия Владимир Соловёв дар нашри як барномааш бо номи ҳамноми “Шоме бо Владимир Соловёв” ҳафтаи гузашта гуфт, баъди амалҳои ИМА дар Венесуэла, ки ба гуфтааш, амалиёти боздошти президент Николас Мадуроро анҷом дод, Русия ҳам метавонад, айни чунин корро дар Арманистону Осиёи Марказӣ бикунад.

Ин изҳороти таблиғгари Кремлин бо вокунишҳои тунде дар ин кишварҳо рӯбарӯ шуд.

Соловёв, аз ҷумла, гуфт: “Ба ҳуқуқи байналмилалӣ, ба тартиботи байналмилалӣ туф кардем. Модоме, ки баргузории амалиёти вижаи ҳарбӣ дар Украина зарур буд, чаро бо айни чунин андеша мо дар дигар минтақаҳои мавриди нуфузи худ амалиёти вижаи ҳарбиро шурӯъ накунем”.

Соловёв гуфт, Русия бояд аз амалҳои ИМА дар Венесуэла ибрат бигирад, ки “бо зӯр Николас Мадуроро ғасб намуд”. Ӯ афзуд, барои Русия “аз даст додани” Арманистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бадтар аз “аз даст додани” Венесуэла хоҳад буд.

Вокунишҳои тунд ба изҳороти Соловёв

Аввал шуда ба изҳороти ҷанҷолбарангези таблиғгари ашаддии Кремлин дар Ереван вокуниш карданд. ВКХ-ии Арманистон сафири Русия Сергей Копиркинро даъват ва ба ӯ ёддоштеро супурд, ки дар он «хашми амиқ дар заминаи изҳороти дар телевизиони давлатӣ садодода» баён гардид. Вазорат инро талоши «нақзи ғайри қобили қабули истиқлолияти Ҷумҳурии Арманистон» номид.

Баробар бо ин, раҳбарони ҳизбҳои сиёсиву сиёсматмадорони ҷудогона ҳам дар Арманистон гуфтаҳои Соловёвро маҳкум намуданд.

Владимир Варданян аз Ҳизби “Созиши шаҳрвандӣ” гуфт: «Шурӯи амалиёти вижаи ҳарбӣ чӣ маъно дорад? Яъне шумо фикр мекунед, ки зидди ҳар давлати дилхоҳ метавонед амалиёти вижаи ҳарбӣ барпо кунед, чунки онро минтақаи мавриди манфиатҳои худ медонед? Яъне ба фикри шумо, аз роҳи дахолат ба ҷараёнҳои сиёсии як кишвари дигаре мешавад он ҷо сулҳи пойдорро барқарор намуд? Дар Арманистон чӣ мегузарад? Ба шумо истиқрори сулҳ хуш намеояд? Ҳаракати Арманистон ба самти демократия хушатон намеояд?»

Маддоҳи Путин Арманистону Осиёи Марказиро нороҳат кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Ҳамингуна дар Узбекистон ҳам бархе мақомот аз ин гуфтаҳои Соловёв интиқод карданд. Як мақоми ҳукуматӣ дар ин кишвар бовар дорад, ки Соловёв наметавонист чунин ҳарфҳоро бидуни машварат бо мақомоти Русия ба забон оард.

Расул Қушербоев, мушовири раиси Кумитаи экологияи Узбекистон гуфт:

«Он чи Соловёв мегӯяд, танҳо фикри шахсии ӯ нест. Ӯ ба таври ғайримустақим нақшаҳо ва ниятҳои стратегии Кремлро нишон медиҳад, яъне пешакӣ маълум мекунад, ки сиёсати хориҷии Русия ба кадом самт меравад. Масалан, дар масъалаи Украина ӯ борҳо гуфта буд, ки Украина бояд қисми Русия бошад ва Русия бояд русзабонҳоро ҳимоя кунад. Маҳз чунин суханон баъдтар барои оғози амалиёти махсуси ҳарбӣ алайҳи Украина замина гузоштанд».

Айни замон, бархе даъват доранд, ки назари як таблиғгари Кремлин ҷиддӣ гирифта нашавад. Дар Қирғизистон вакили маҷлис Ҷанарбек Оқоев гуфт, ба ҳарфҳои Соловёв набояд аз будаш зиёд таваҷҷӯҳ кард, ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, бояд пеши роҳи такрори чунин ҳарфҳо гирифта шавад.

Хилоф бо рисолатҳои СПАД?

Коршиноси собиқадори масоили Осиёи Марказӣ Досим Сатпаев, ки дар Қазоқистон ба сар мебарад, ҳарфҳои Соловёвро мисли бархе дигар сиёсатшиносон «як вокуниши асабонӣ ба рукуди босуръати ормонҳои геополитикии Русия дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон», ба мисли Сурияву Венесуэла ва дар навбати баъдӣ – Эрон номид.

Айни замон ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки даъвати Соловёв ба нодида гирифтани ҳуқуқи байналмилалӣ худи мафҳуми СПАД-ро ҳам зери суол мебарад, ки як рисолаташ ҳамла накардан ба кишварҳои узв мебошад.

Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: «Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҳар сурат, набояд фориғбол бошанд. Дар шароити бӯҳрони сартосарии ҳуқуқи байналмилалӣ ҳеҷ як давлат бидуни силоҳи ҳастаӣ наметавонад худро амн ҳис кунад. Инро намунаи Украина нишон дод. Гренландияи беозор метавонад дар паи Венесуэла ҳадафи баъдии Трамп шавад».

Сатпаев мегӯяд, кишварҳои минтақа бояд аз паи тақвияти қудрати дифоии худ шаванду сохторҳои сиёсиву давлатиро қавитар гардонанд ва аз паи ислоҳоти коромади иқтисодӣ бошанд, то ки вобастагии аҳолиашон аз кишварҳои дигар коҳиш ёбад. Ӯ мегӯяд, ин ҳама аз бӯҳрони беэътимодӣ дар давлат пешгирӣ хоҳад кард.

Вокуниши шореҳони тоҷик ба мубаллиғи Кремл
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG