Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар робита ба изҳороти Владимир Соловёв, яке аз мубаллиғони машҳури ҳукумати Русия, ки гуфт, кишвараш бояд барои манфиатҳои худ ба Арманистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ лашкар кашад, вокунише накардаанд.
Аммо суханони ин маддоҳи Путин дар телевизиони давлатии Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва байни коршиносон баҳсеро ба вуҷуд овард.
Шералӣ Ризоён, коршиноси равобити байнулмилал инро муносибати густохона ва беэҳтиромӣ ба соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ медонад ва мегӯяд, ки дар ҳеч ҷойи дигари дунё чунин муносибат “бо ҳампаймон ва кишварҳое, ки дар теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалии зери чатри Маскав ҳузур доранд”, дида намешавад.
Ӯ мегӯяд: “Барои садо додани ин гуна изҳорот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеч гуна заминаи воқеӣ ба назар намерасад. Зеро дар ин 4 соле, ки Русия бо Украина ҷанг мекунад, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо тамоми масъулият ба намоиш гузоштанд, ки шарикони наздиктарин ин кишвар ҳастанд, диду боздид ва ҳамкориҳои бисёр сатҳи баландро бо Маскав қатъ накарданд, бараъкс мебинем, ки дар 4 соли ахир тиҷорати кишварҳо бо Русия хеле боло рафтааст.”
Муҳаммад Шамсиддинов, таҳлилгари сиёсати байналмилалӣ низ мегӯяд, чунин изҳорот бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Вай бар ин аст, ки дар сиёсати хориҷии Русия ҳавзаи муҳимтарини нуфуз кишварҳои пасошӯравиянд, ки барои комилан соҳибӣ кардани он гузинаи низомӣ низ яке аз роҳҳост.
“Истифодаи неруи низомӣ дар Осиёи Марказиро набояд истисно донист. Хусусан дар ин бофтор, ки чунин мудохилаҳо буданд, аз ҷумла соли 2008 дар Гурҷистон ва баъдан дар Украина. Ва Соловёв бисёр дақиқ маълум кард, ки чӣ омиле метавонад, далели истифодаи неруи низомӣ дар Осиёи Марказӣ шавад.
Ӯ гуфт, ки вуҷуди ҳукуматиҳои зиддирусӣ дар фазои пасошӯравӣ бо шумули Осиёи Марказӣ ба манифати мо нест. Ба ин тартиб мешавад гуфт, ки далели истифодаи неруи низомӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад вафодор набудан ба Маскав бошад” - ҳадс мезанад таҳлилгар.
Заъфи ҳуқуқи байналмилал
Аз нигоҳи Шамсиддинов, ин гуна изҳори назарҳо дар Русия пас аз ин ки кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати мустақилтари хориҷии худро бо Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва дигари мухолифони геополитикии Русия ба роҳ монданд, зиёд шуда истодааст. Аммо Хурсанд Хуррамов, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд, ки дар пасманзари заиф шудани низоми ҳуқуқи байнулмилал пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 ва ба қудрат расидани Доналд Трамп дар Амрико таблиғгарон ба ривоятсозиҳо оғоз карданд.
“Ба назар мерасад, ки ин таблиғгарон аз заифии ҳуқуқи байнулмилал истифода бурда ба ривоятсозиҳои асри 20 гузаштанд, ки тибқи ин ривоятҳо Осиёи Марказӣ худ як ҳавзаи зери нуфузи Русия ҳисоб мешавад. Агар ин раванд идома кунад, шояд Русия худаш ба яке аз хатарҳои асосӣ барои минтақа дар дарозмуддат табдил биёбад”-андеша дорад Хурсанд Хуррамов.
"Соловёв чеҳраи номатлуб эълон шавад"
То кунун аз миёни кишварҳое, ки мубаллиғи рус роҳандозии “Амалиёти махсуси низомӣ” дар онҳо аз эҳтимол дур намедонад, танҳо Арманистон вокуниши расмӣ карда, ба сафири Русия дар Ереван нота ё ёддошти эътирозӣ супурдааст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳарчанд вокуниши расмие накардаанд, аммо коршиносон ҷонибдоранд, ки кишварҳои минтақа посухи ҷиддӣ дошта бошанд.
Шералӣ Ризоён, мегӯяд, ки вақте мушкилро дар ҷойи холӣ месозанд, ё дар даруни коса тӯфонеро ба вуҷуд меоранд ин бисёр маъноҳои зиёд дорад. Пешниҳоди коршинос ин аст, ки Соловёв дар тамоми кишварҳои минтақа “мамнуъулвуруд эълон карда шавад”.
Хурсанд Хураммов ҳам ҷонибдори вокуниши “бархӯрди хеле ҷиддии кишварҳои минтақа” аст ва бар ин аст, “ҳамгироии минтақаӣ бояд вусъат пайдо кунад ва кишварҳои минатақа набояд аз як қутб ё кишвар пура вобаста бошанд”.
“Вокуниши кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд посухи ҳамсанг” ва ҳатман бояд нотаи расмии эътирозӣ бошад”,- мегӯяд Муҳаммад Шамсиддинов.
Владимир Соловёв дар ин барномаи телевизионӣ ҳамчунин гуфт, ки “минтақаи нуфуз” аз ҳуқуқи байнулмилалӣ болотар меистад. Ин ҳарфҳои Владимир Соловёв, дар пасманзари ҳодисаҳои Венесуэла, амалиёти Амрико зидди Николас Мадуро раисҷумҳури ин кишвар ва вокуниши вазорати корҳои хориҷии Русия садо дод. Рӯзҳои охир мубаллиғони Кремл дар бораи ҳавзаи нуфузи абарқудратҳо бештар ҳарф мезананд.