Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулаймон Ҷобиров дар Русия "гум", дар Боздоштгоҳи Душанбе "ёфт" шуд


Сулаймон Ҷобиров
Сулаймон Ҷобиров

Пайвандонаш гуфтанд, бо гузашти чанд ҳафта дараки Сулаймон Ҷобировро ёфтанд. Ин муҳоҷири 43-солаи тоҷик 8-уми апрел дар шаҳри Самараи Русия ба таври мармуз "гум" шуда буд.

Ҳоло, ба иттилои наздиконаш, дар Боздоштгоҳе дар шаҳри Душанбе аст ва ба ҳамкорӣ бо "Гурӯҳи 24", созмони мухолифи ҳукумат, муттаҳам мешавад.

"Як муфаттиш ба падараш тамос гирифта, гуфтааст, Сулаймон дар Боздоштгоҳ аст ва иттиҳомаш ҳамкорӣ бо "Гурӯҳи 24". Падараш ба Душанбе рафт ва бо ӯ гап зад. Аз аҳволаш хабардор шуд. Вакили мудофеъ дорад," -- гуфт яке аз пайвандони Сулаймон Ҷобиров рӯзи 10-уми июн ба Радиои Озодӣ.

Талошҳои мо барои гирифтани назари мақомот то ин дам натиҷа надод. Муфаттишон ба пайвандони Сулаймон Ҷобиров гуфтаанд, ӯ тайи тақрибан даҳ соли охир таҳти ҷустуҷӯ буд.

Убайдулло Саидӣ, сухангӯйи "Гурӯҳи 24", рӯзи даҳуми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Сулаймон Ҷобиров ҳашт сол боз узви ин созмон нест ва ҳеч робитае бо онҳо надорад. "Соли 2016 дар як ҷаласаи созмон довталабона аз узвияти "Гурӯҳи 24" даст кашид ва дигар ҳеч майле барои ҳамкорӣ ё пайвастан нишон надод," – афзуд Саидӣ.

Сулаймон Ҷобиров зодаи ноҳияи Вахш ва соҳиби шаш фарзанд аст. Солҳо боз дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Самараи Русия қарор дошт.

Созмони "Гурӯҳи 24", ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархеи онҳо ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, сарнавишти Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли дигари ин созмони мухолифи ҳукумат, норӯшан аст. Онҳо дар моҳҳои феврал ва марти имсол дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. То ҳол дар куҷо ва таҳти чӣ шароит будани онҳо маълум нест.

XS
SM
MD
LG