Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё: "Маскав дурӯғ мегӯяд ва мехоҳад ҳамаро гӯл занад"


Шабакаи телевизионии Russia Today сӯҳбати ду нафареро намоиш дод, ки худро бо исмҳои "Александр Петров" ва "Руслан Боширов" муаррифӣ карданд. Бритониё ду нафарро бо ин номҳо ба истифодаи гази фалаҷкунандаи асаб – "Новичок" – алайҳи Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар Солсбери муттаҳам кардааст.

Рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба сӯҳбати телевизионии ду гумонбари ҳамла ба Скрипал, Лондон Маскавро ба дуруғгӯӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки бо "печонидани масъала" Кремлин мехоҳад ҳамаро гӯл занад. Ҷон Глен, вакили маҷлиси Солсбери, дар навбати худ гуфт, изҳороти гумонбарон дар мавриди онки ба ин шаҳр барои тамошо рафтаанд, боварбахш нест. Ба гуфти ӯ, нақли онҳо бо иттилои хадамоти махсуси Бритониё ҳеч мувофиқат намекунад.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, намефаҳмад, чаро ҷониби Бритониё мусоҳибаи "Боширов" ва "Петров"-ро дурӯғ меномад.

Шумо кистед?

Маргарита Симонян
Маргарита Симонян

Сардабири шабакаи телевизионии Russia Today Маргарита Симонян, ки муҷрии суҳбат буд, қаблан гуфт, ин ду нафар худашон бо ӯ дар тамос шуданд. Ин тамос дақиқан ҳамон рӯзе рух дод, ки президенти Русия Владимир Путин - Александр Петров ва Руслан Бошировро шаҳрванди мулкӣ муаррифӣ кард ва гуфт, онҳо кормандони истихборот нестанд ва ҳеҷ ҷиноят содир накардаанд. Ба суоли Симонян «Шумо кӣ ҳастед?», ин ду мард худро «Боширов» ва «Петров» муаррифӣ карданд. Ба суоли дигар, ки онҳо дар Солсбери чӣ кор мекарданд, гуфтанд, ба он ҷо ҳамчун сайёҳ рафта буданд.

Порае аз сӯҳбат:

Александр Петров: “Дӯстон хеле вақт пештар ба мо пешниҳод карда буданд, ки ба ин шаҳри фавқулода зебо биравем.”

Маргарита Симонян: “Солсбери? Шаҳри зебо? Чаро зебост?”

Руслан Боширов: “Дар Солсбери калисои машҳуре аст. Ин калисо на танҳо дар Аврупо, балки, фикр мекунам, дар тамоми ҷаҳон машҳур аст. Бо бурҷи 123-метрӣ ва бо қадимтарин соатҳояшш машҳур аст, ки имрӯз ҳам кор мекунанд”.

Ин далелро, ки чаро онҳо ду рӯз (3-4-уми март) пайиҳам ба Солсбери рафта буданд ин тавр шаҳр доданд: “Рӯзи 3-юми март шаҳр пур аз барф буд” ва онҳо натавонистанд саёҳат кунанд. Рӯзи дигар ҳаво беҳтар шуд. Ин ду нафар ҳамчунин гуфтанд, ки Сергей Скрипалро намешиносанд ва ёд надоранд, ки оё ба хонаи ӯ наздик шуда буданд ё не. Онҳо ҳамчунин рад карданд, ки бо худ гази "Новичок" доштанд.

"Ҷосус нестем. Дар бахши варзиш кор мекунем"

Ҳамсӯҳбатҳои Russia Today ҳамчунин рабти худро бо хадамоти махсус рад карда, гуфтанд, ки дар бахши варзиши бадан ва ғизои варзишгарон соҳибкорӣ мекунанд. Ба суоли онки чаро онҳо доим ҳамроҳ буданд, "Петров" ва "Боширов" гуфтанд, ки дахолат ба зиндагии хусусии онҳо кори дуруст нест. "Петров" ва "Боширов" гуфтанд, ки баъди иттиҳоми ҳамла ба Скрипал дар Солсберӣ зиндагии онҳо ба кобус табдил шуд ва аз Симонян хостанд, ки аз онҳо "ҳимоят" кунад. Ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки ин ду нафар ҳамон одамоне ҳастанд, ки Бритониё муттаҳам мекунад, ба ғайр аз калимаҳои "Петров" ва "Боширов".

Мақомоти Бритониё қаблан навор ва акси одамонеро нашр карданд, ки дар ҳамла ба корманди пешини истихбороти Русия Сергей Скрипал бо гази "Новичок" муттаҳам мешаванд. Бритониё онҳоро "Александр Петров" ва "Руслан Боширов" номбар кард. Ҳамзамон тафтишот мегӯяд, ки мумкин инҳо номҳои сохта бошанд. Нахуствазири Бритониё Тереза Мэй гуфт, ки гап сари кормандони истихбороти низомии Русия аст ва худи амалиёт бо мақомоти олии Русия ҳамоҳанг шудааст. Истихбороти Бритониё ҳамлагарони Сергей Скрипалро ба воситаи ҷосуси дигари Русия ошкор кард.

Акси гумонбарони заҳролуд кардани Скрипалҳоро полиси Бритониё рӯзи 5 сентябр нашр карданд
Акси гумонбарони заҳролуд кардани Скрипалҳоро полиси Бритониё рӯзи 5 сентябр нашр карданд

"Онҳоро Аполон фурӯхт"

Дар ин бора нашрияи бритониёии Daily Express рӯзи 11-уми сентябр бо такя ба манбаъҳояш хабар дод. Тасдиқи ин хабар аз манобеи дигар дастрас нашудааст. Daily Express исми рамзии ҷосуси зархариди Русияро "Аполон" гуфтааст. Ин нафар гӯиё дар сафорати Русия дар Рум кор мекард ва дар бораи НАТО маводи маҳрамона ҷамъ меовард. Вақте ҷосусҳои MI-6 бо"Аполон" дар тамос шуданд, ӯ гуфтааст, аз сиёсати президент Путин норозӣ аст ва мехоҳад ба хориҷ муҳоҷират кунад. "Аполон"-ро аввали моҳи апрел ба Бритониё оварданд.

Ӯ дар бораи "Шабакаи байналмилаии ҷосусии Маскав" маълумот дод ва номи аслии ҳамлагарони эҳтимолии Солсбери - Александр Петров ва Руслан Бошировро ошкор кард. Ба гуфти Daily Express, "Аполон" тасдиқ кард, ки ду иштирокчии заҳролудкунии Скрипал ва духтари ӯ кормандони истихбороти низомӣ ҳастанд.

"Истихбороти Бритониё хатти ҳаракат ва робитаҳои ҷосусҳои истихбороти Русияро чаҳор моҳ санҷид ва танҳо баъди ин маълумотро дар бораи онҳо қисман ошкор кард", - навиштааст Daily Express.

Корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлияро рӯзи 4-уми март дар Солсбери заҳролуд карданд. Онҳо ҷон ба саломат бурданд ва баъди табобати тӯлонӣ аз бемористон мураххас шуданд. Макони буду боши феълии онҳо маълум нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG