Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони Осиёи Марказӣ барои пешгирӣ аз саратони гарданаи бачадон фаъолтар мешаванд


Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар талоши ҷилавгирӣ аз беморие ҳастанд, ки солона сабаби марги садҳо зан мешавад. Ин саратони гарданаи бачадон – бемориест, ки вируси HPV ё папиллома сабаби гирифторӣ ба он мешавад.

Қарор аст тирамоҳи имсол барои аввалин бор дар Тоҷикистон маъракаи эмгузаронӣ зидди ин вирус роҳандозӣ шавад. Духтурон бовар доранд, ин хатари гирифтории занону духтаронро ба бемории саратони гарданаи бачадон коҳиш хоҳад дод. Дар ростои рӯзи ҷаҳонии сиҳатии занон, ки ҳамасола 28-уми май таҷлил мешавад, тарҳи Азаттик Азияи Радиои Озодӣ ин мавзӯъро дар чанд кишвари минтақа таҳлил кард.

“Ташхис ошкор кард, ки ман ба саратони гарданаи бачадон гирифторам”

Натиҷаи ташхиси Гулпарии 36 сола – сокини як деҳа дар ҷануби Тоҷикистон маълум кард, ки вай мубталои саратони гарданаи бачадон ё узви таносули занона шудааст. Ин зан се фарзанд дорад ва баъди таваллуди фарзанди охирин дар панҷ соли пеш, дигар боре аз муоинаи духтури занона нагузаштааст. Мегӯяд, барои ин на вақт дошт ва на зарурат. Аммо як сабаби асосӣ ин будааст, ки дар деҳаи Гулпарӣ духтури махсуси ин бемориҳо нест.

“Ҳамааш аз он сар шуд, ки ман лоғар шудам. Сипас пойҳоям варам карданд, дар пешоб хун пайдо шуд. Шавҳарам дар Русия кор мекунад, аз гуфтан ба хушдоманам шарм медоштам. Вале баъд дарду хунравӣ сар шуд ва тоқат накардам. Барои муоина ба Душанбе рафтем. Он ҷо ба ман ташхиси саратони гарданаи бачадонро гузоштанд. Аллакай марҳилаи сеюми беморӣ будааст”, – нақл кард вай.

Ҳар сол дар Тоҷикистон мисли Гулпарӣ садҳо зан ба ин беморӣ мубтало мешаванд. Бино ба иттилои мақомот, пас аз саратони сина ё ғадудҳои ширӣ, гирифторшавии занон дар Тоҷикистон ба омоси гарданаи бачадон зиёд аст. Солона дар кишвар 350 мавриди нави гирифтории занон ба ин беморӣ ошкор мешавад. Тақрибан дар 200 ҳолат беморӣ бо марги занон анҷом меёбад. Ба гуфтаи як духтури бемориҳои занона дар Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ, аксаран вуҷуди ин беморӣ дар ҷисмӣ занон хеле дер муайян карда мешавад.

“Одатан ин беморон занони деҳотӣ ҳастанд. Онҳо ба хадамоти дурусти тиббӣ дастрасӣ надоранд. Мутаассифона, дар баъзе маҳалҳо табибоне кор мекунанд, ки ба ҷойи муоинаи фарогир, фақат ташхиси “УЗИ” гузаронда, табобати рӯякӣ мекунанд ва бемор бо ҳамин ним сол ё як сол нопадид мешавад. Вақте нишонаҳои ташвишовар пайдо мешаванд, ӯ ба пойтахт меояд ва мо аллакай саратони марҳилаи сеюм ё чаҳорумро ошкор мекунем», — мегӯяд ин пизишк.

Ба гуфтаи ин мутахассис, на танҳо сокинони деҳот, балки занони шаҳрнишин ҳам гоҳе дар ташхиси бемории худ дер мекунанд. “Ба наздикӣ мо беморе доштем, ки духтури яке аз муассисаҳои тиббии пойтахт мебошад. Зоҳиран як одами соҳибмаълумот, вале дар ҷисми ӯ шакли бадсифати саратони гарданаи бачадон ошкор шуд. Маълум шуд, ки ин зан боре ҳам аз муоина нагузаштааст”, – нақл кард пизишки саратоншинос ба хабарнигор.

HPV ё пируси папиллома чист ва ташхиси фарогири саратоншиносӣ то куҷо зарур аст?

Вируси папилломаи инсон – аз навъҳои маъмултарини бемориҳои сироятист, ки тавассути робитаи ҷинсӣ гузашта, метавонад баъдан ба саратон табдил ёбад. Ин вирус на фақат барои занон хатарнок аст, он метавонад сабаби пайдоиши омосҳои бадсифат дар узви таносули мардон ва рӯдаву гардан шавад. Аммо хатари он ба гарданаи бачадони занон бештар будааст – чун ин узв аз эҳсоси дард маҳрум аст. Беморӣ метавонад солҳо аз худ дарак надиҳад ва бе ягон нишона дар ҷисми инсон бимонаду рушд ёбад. Нахустин нишонаҳо вақте пайдо мешаванд, ки аллакай хеле дер аст. Зарниссо Ғафурова, духтури бемориҳои занона дар Душанбе мегӯяд, “Хуб аст, ки саратони гарданаи бачадон суст инкишоф меёбад ва метавон сари вақт чораандешӣ ва аз рушдёбии беморӣ пешгирӣ кард”.

Зарниссо яке аз ангуштшумор духтурони тоҷик аст, ки дар саҳфаи Инстаграми худ аз зарурати табобату ташхиси HPV ё вируси папиллома ошкор сӯҳбат мекунад. Ӯ аз ин роҳ ба корбарон машварат медиҳад ва аз занон даъват мекунад, ки дар муоинаи худ таъхир накунанд. “Дар давоми 10 моҳ баъди бозгашт аз курсҳои тахассусӣ аз Чин ман ба беш аз ҳазор зан машварат додам ва қариб ба ҳар яки онҳо тавсия додам, ки аз ташхиси саратоншиносӣ ё онкоскрининг гузаранд. Онҳо мепурсанд, ки “ин пешоб аст?” Ман маҷбур мешавам фаҳмонам, ки не, ин тест ё озмоиши махсус аз гарданаи бачадон аст, ки нишон медиҳад, зан ба HPV сироят ёфтааст ё не”, – афзуд Зарниссо - духтури бемориҳои занона.

Ба гуфтаи вай аз ҳазор зан танҳо 20 нафарашон дар бораи HPV маълумот доштаанд. Он ҳам занони шаҳрнишин. Ғафурова гуфт, “тасаввур кунед, дар деҳаҳо вазъ чӣ гуна аст”.

Онкоскрининг ё озмоиши омосӣ ду навъ мешавад.

Бино ба тавсияҳои байналмиллӣ, баъди расидан ба ҳаёти ҷинсӣ, одам бояд ҳар се сол як бор озмоиш ё тести аввалиро (ПАП-тест) супорад. Озмоиши дигарӣ барои HPV бояд дар 5 сол як бор гузаронида шавад. “Бисёр муҳим аст, ки ташхис дуруст бошад. Зарур аст, ки ҳуҷайраҳо дар нуқтаи гузариши гардана санҷиша шаванд, зеро тағйирот маҳз он ҷо шурӯъ мешавад. Танҳо бо ин роҳ мешавад сари вақт аз нишонаҳои хатарзои вуҷуди беморӣ огоҳ шуд.”

Дар кишварҳое, ки гирифтани ваксинаи зидди HPV ё вируси папиллома роиҷ аст, бемории гарданаи бачадон қариб аз байн рафтааст. Дар Тоҷикистон озмоиш ё тести зидди ин вирус ҳанӯз барои бисёриҳо дастнорас боқӣ мемонад. Нархи як озмоиши оддии зидди HPV дар муассисаҳои тиббии хусусӣ 3 доллар аст, озмоиши фарогир беш аз 25 доллар арзиш дорад. На ҳама занони деҳотӣ тавони гузаштан аз озмоише бо ин нархро доранд.


Огоҳӣ ва гирифтани ваксина барои пешгирӣ аз вирус ва саратон кӯмак хоҳад кард

Дар ҳар сурат, имкони ташхис ва ҷилавгирӣ аз олудаёбӣ ба вируси HPV вуҷуд дорад. Ваксинзанӣ роҳи боэътимодест барои пешгирӣ аз навъҳои хатарноки ин вирус аст. Моҳтоб Бобохонова, муовини раҳбари Маркази ҷумҳуриявии имуннопрофилактикӣ гуфт: “Тоҷикистон имсол ба аввалин маъракаи фарогири ваксинзанӣ ё эмгузаронии духтарон бар зидди HPV омодагӣ мегирад. Мо ба Эътилофи ҷаҳонии ваксина ва иммунизатсия (GAVI) дархост пешниҳод кардем ва он пазируфта шуд. Ин ба Тоҷикистон имконияти беназире фароҳам мекунад, ки на танҳо ваксинаро ба барномаи миллии эмгузаронӣ барои духтарони 10-сола дохил кунад, балки барои духтарони 11-14-сола ҳам маъракаи фарогир гузаронад”.

Ба таъкиди ӯ дар кишвар ваксинаи чаҳорвалентии Gardasil истифода хоҳад шуд. Ин хатари гирифторшавӣ ба навъҳои хатарноки вируси папиллома ё HPV-ро, ки баъдан ба саратони гарданаки бачадон табдил меёбад, аз байн мебарад. Дар кишварҳои дигари минтақа ҳам ҳамин навъи ваксина истифода мешудааст. Духтаронро дар мактабҳо ва дармонгоҳҳо зидди ин вирус эм хоҳанд кард. Ҳоло, ба гуфтаи мақомот, дар кишвар омодагӣ идома дорад ва духтурону, омӯзгоронро ба омӯзишу фаро гирифта, маъракаи фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи як пизишки занона ва саратоншинос, ки нахост муаррифӣ шавад, натиҷа аз он вобаста аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон чӣ гуна ба ин иқдом омода карда мешаванд. Вай афзуд: “Мо таҷрибаи Қазоқистонро, ки соли 2013 маъракаи эмгузарониаш бо сабаби омода набудани ҷомеа ноком шуд, хуб омӯхтем. Одамон ҳарос доштанд, маълумот надоштанд ва ба духтурон бовар намекарданд. Мо набояд дар кишвари худ ба ин роҳ диҳем.”

Чанд сол пеш дар маъракаи ваксингузаронӣ дар минтақаи Павлодари Қазоқистон зидди HPV ду хонандаи мактаб аз ҳуш рафтанд. Ин ҳодиса сару садои зиёде ба по карда, сабаби фавран манъ шудани маъракаи эмгузаронии сартосарӣ дар кишвар гашт. Пизишкон он замон гуфтанд, сабаб риоя нашудани ҳарорати нигаҳдории ваксина буд. Даҳ сол пас аз ин Вазорати тандурустии Қазоқистон он духтаронро пайдо кард — ҳарду солим ва соҳиби фарзанд буданд. Дар Қазоқистон, ки ҳар сол аз саратони гарданаи бачадон 600 зан ҷон медиҳад ва 1900 мавриди гирифтории занон ба ин беморӣ ошкор мешавад, иштибоҳи худро ислоҳ ва маъракаи ваксинзанӣ алайҳи вируси папилломаро дубора дар соли 2024 оғоз карданд. Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 154 ҳазор духтарони мактабхон эм карда шуданд.

Дар Қирғизистон, ки ҳамасола 350 ҳолати гирифтори ба саратони гарданаи бачадон ошкор мешавад, аз ноябри соли 2022 духтаронро бар зидди вируси HPV ваксина мекунанд.


Ҷонибдории волидон аз маъракаи ваксингузаронӣ

Вақте пешниҳод шуд, ки дар мактабҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ зидди вируси папиллома эмгузаронӣ шавад, аксар волидони Қирғизистон дар ҳолати нобоварӣ қарор гирифтанд. Маълумоти дақиқ надоштанд ва сару садоҳо зиёд буд. Вале ба оҳистагӣ нигарониҳои аз байн рафт. Аксарият ҳоло тасмим мегиранд, ки духтарони худро аз беморӣ ҳимоя кунанд ва аз зарурати он мегӯянд. Бо ин вуҷуд, дар баъзе аз хонаводаҳо ҳамоно шубҳаҳо боқӣ мондааст.

Забрият Фатҳуллоева, сокини Алмаато, бе ягон дудилагӣ барои вакинзанӣ ба духтари 11-солааш иҷоза дод. Вале вай ботаасуф мегӯяд, шумори хеле ками духтарон барои гирифтани ваксин ҳозир шуданд.

“Ҳамсабақони духтарам аксаран дар рӯйхати онҳое буданд, ки нахостанд эм карда шаванд. Духтарам каме ташвиш дошт. Ман кӯшиш кардам ба ӯ фаҳмонам, ки чаро ваксин муҳим аст. Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ гуфтам ва пешниҳод кардам, ки ҳамроҳ равем. Ҳамааш хуб гузашт. Аввал пизишкон духтарамро муоина карда, ҳарораташро санҷиданд. Сипас дар назди мо ваксинаро аз яхдон бароварданд... Ҳаммааш ошкору шаффоф буд ва дар як дақиқа ваксинаро гузаронданд.”

Зарниссо Ғафурова, духтури занона аз Душанбе мегӯяд, ваксинаи зидди HPV таҳқиқҳоти зиёдеро гузашта, бехатар аст. Ин духтур омода аст, ки дар ояндаи дар таҷриба ва мисоли худ инро исбот кунад.

“Ман худ модари ду писарча ҳастам. Онҳо ҳоло хурдсоланд, вале баробари ба воя расидан ман ҳатман онҳоро ваксина мекунам. Чун ман мехоҳам на фақат онҳоро, балки шахсонеро ҳам, ки оянда писаронам онҳоро дӯст хоҳанд дошт, ҳимоя кунам”, - афзуд Зарниссо.


“Агар дар кӯдакии ман чунин ваксина мебуд...”

Таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон имкон медиҳад, то маъракаи ваксингузаронӣ бар зидди вируси HPV тавре роҳандозӣ шавад, ки шумори ҳарчи бештари духтарон ба ояндаи солиму бехатар даст ёбанд ва аз тарси шунидани ташхиси тарсноки саратон эмин монанд. Беморие, ки замоне дар ҷисми Гулпарӣ ҳам ошкор шуда буд. Баъди муборизаҳои тӯлонӣ ва душвор, вай тавонист хатари бемориро кам кунад ва ҳоло хеле беҳтар аст. Гулпарӣ бовар дорад, ки ташхисҳои фарогир, муоинаи саривақтӣ, муроҷиат ба духтурону эмгузаронӣ алайҳи вируси папиллома барои пешгирӣ аз беморӣ ва ҳифзи ҷони худ бисёр муҳим аст.

“Духтарчаҳои имрӯза хушшонсанд – онҳо ваксина доранд. Агар дар кӯдакии ман ҳам чунин имконият буд, шояд ин ҳамаро аз сар намегузаронидам. Аз ин имконият рӯй гардондан ба маънии даст кашидан аз сиҳатии худ аст”, – таъкид кард Гулпарӣ.

Муаллифон: Наргис Ҳамробоева, Азаттик Азия

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG