Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Эрон ҳушдор дод, ки агар созиши ниҳоӣ аз тариқи дипломатӣ ба даст наояд, ИМА омода аст зерсохтҳои Эронро дар кутоҳтарин муддат ба таври комил нобуд кунад. Дар вокуниш ба ин изҳороти Трамп, Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аз раисҷумҳури Амрико хост, бо Ҷумҳурии исломӣ "мӯҳтарамона" сӯҳбат кунад.
Доналд Трамп дар як барнома, ки дар Кохи Сафед баргузор шуд, ба хабарнигорон гуфт, "ба ҳар ҳол, мо пирӯз хоҳем шуд. Ё ба як созиш мерасем ё корро тамом мекунем. Ва тамом кардани ин кор ҳам сахт нахоҳад буд".
Ӯ афзуд, "ман тарҷеҳ медиҳам, ба созиш бирасем. Чун намехоҳам 91 миллион нафар осеб бубинанд. Мо метавонем давоми як соат пулҳояшонро аз байн бибарем. Метавонем шабакаи таъмини энержиашонро аз кор биандозем".
Раисҷумҳури Амрико дар идома гуфт, "метавонем барқ ва нерӯи тавлиди барқи онҳоро аз кор биандозем. Ва ба назарам, дар бахше аз як баъд аз зуҳр, ҳама нерӯгоҳҳо аз байн хоҳанд рафт. Ва худашон ҳам инро медонанд".
Дар пайи ҳушдори президенти Амрико ба тарафи эронии музокирот, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба он вокуниш нишон дод ва хостори лаҳни "мӯҳтарамона" шуд.
Муҳаммадбоқир Зулқадр, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар паёме хитоб ба Доналд Трамп гуфт, ки "бо мардуми Эрон бо эҳтиром сухан бигӯ, дар ғайри он сурат, посухи мутафовит дарёфт хоҳед кард". Муҳаммадбоқир Зулқадр шарҳе дар мавриди "посухи мутафовит" надод.
Дар пайи музокирот баъд аз барқарории оташбас, Вашингтон ва Теҳрон 18 июн тафоҳумномаеро имзо карданд, ки оташбаро ба муддати 60 рӯз тамдид мекард ва дар ин муддат қарор аст дар бораи барномаи ҳастаии Эрон музокира шавад.
Дар пайи имзои ин ёддошти тафоҳум, ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз аз сар гирифта шуд ва Амрико низ муҳосираи баҳрии Эронро бекор кард.
Гуфтугӯ