Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз миёнҷигарӣ байни Эрону Амрико чӣ фоида хоҳад гирифт?

Расонаҳои ҳукуматии Эрон аз сафари Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури он кишвар ба Покистон дар рӯзи 23-юми июн хабар доданд. Ин сафар дар пайи музокирот миёни Амрико ва Эрон дар Швейтсария анҷом шуд. Дар ин гуфтушунид Покистон ва Қатар нақши муҳим доштанд.

Бар асоси гузориши ИРНА, хабаргузории давлатии Эрон, масъулони ҳукумати Эрон эълон карданд, ки яке аз ҳадафҳои ин сафар "ибрози қадрдонӣ аз нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф ба хотири миёнҷигарии ӯ миёни Эрон ва Амрико аст".

Нақши Покистон дар миёнҷигарӣ барои даст ёфтан ба тафоҳумномаи сулҳ дар ҷанги Эрон ситоиши густурдаи дипломатиро барои ин кишвар ба ҳамроҳ доштааст.

Қадрдоние, ки ба бовари баъзе аз коршиносон метавонад бархе манфиатҳои иқтисодӣ барои Исломобод дошта бошад. Бо ин ҳол, таҳлилгарон шак доранд, ки чунин дастовардҳое битавонад мушкилоти решадори иқтисоди Покистонро ҳал кунад.

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ва генерал Осим Мунир, фармондеҳи артиши ин кишвар охири ҳафтаи гузашта дар музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Швейтсария ширкат карданд. Музокироте, ки натиҷаи чандин моҳи нақшофаринии Покистон дар яке аз муҳимтарин музокироти дипломатии ҷаҳон буд.

Амрико ва чанд раҳбари ҷаҳонии дигар аз Исломобод барои ёрӣ ба коҳиши таниш дар даргирие, ки метавонист барои муддати дароз равуоро дар тангаи Ҳурмуз ба ҳам занад, савдои ҷаҳонии нафтро ба хатар андозад ва иқтисоди ҷаҳонро дучори бӯҳрон кунад, қадрдонӣ кардаанд.

Ин муваффақият ҷойгоҳи байнулмилалии Покистонро боло бурд ва таҳлилгарон мегӯянд, ин кишвари 250-миллионнафарӣ акнун фурсат дорад, ин ҳусни ниятро ба дастовардҳое барои иқтисоде табдил кунад, ки даҳаҳо бо шукуфоӣ ва рукуд дасту панҷа нарм кардааст.

Бо ин ҳол, онҳо ба ин бовар ҳастанд, ки ин вижагиҳо ба танҳоӣ қодир ба ҳалли мушкилоти сохтории амиқ, аз ҷумла, нобаробарии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва вобастагии пай дар пайи ба бастаҳои наҷоти молии Сандуқи байнулмилалии Пул, нахоҳад буд.

ПОКИСТОН ДАР ИНТИЗОРИ ИМТИЁЗҲОИ ИҚТИСОДӢ

Покистон барои соли молии оянда рушди иқтисодии чаҳордарсадӣ пешбинӣ кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки рушди иқтисоди соли молии 2026, ки дар ҳамин моҳ поён меёбад, 3,7 дарсад пешбинӣ шуда буд.

Бисёре аз таҳлилгарон интизор доранд, ки Амрико имтиёзҳое ба Покистон бидиҳад, ҳарчанд то кунун нишонае аз чунин ҳимоятҳо дида нашудааст.

Алекс Ватанка, пажӯҳишгар ва мудири барномаи Эрон дар Муассисаи Ховари Миёна дар Вашингтон, мегӯяд, яке аз дастовардҳои Покистон ин аст, ки "зарфияти азиме барои табдил шудан ба бахше якпорчатар аз Ховари Миёнаи густурда", пайдо кардааст.

Мифтоҳ Исмоил, собиқ вазири молияи Покистон низ гуфт, коҳиши таҳримҳои Эрон метавонад заминасози "тиҷорати калон миёни Эрон ва Покистон" шавад, ба вижа аз тариқи марзи заминии Балучистон.

ИСЛОМОБОД ДАР НАҚШИ МИЁНҶИИ СУЛҲ

Пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар Амрико ва ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон, ҳамсӯии Покистон бо ИМА сабаб шуд, ки қарзҳои Исломобод дубора тибқи ҷадвали замонӣ пардохт шаванд, кумакҳои Амрико ба Исломобод афзоиш ёбанд ва ҳимояти Сандуқи Байнулмилалии Пул ва дигар ниҳодҳои ёрирасон дигарбора оғоз шавад. Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон, Покистон бинобар заъфи сохторӣ натавонист аз он фурсатҳо истифода кунад.

Хуррам Ҳусейн, рӯзноманигор ва таҳлилгари иқтисодӣ, мегӯяд, шароити кунунӣ монандии зиёде ба даврони пас аз 11-уми сентябри 2001 дорад, аммо бо як фарқи муҳим: Он замон оғози як ҷанги тӯлонӣ ва вайронгар буд, ки Покистон ночор шуд дар хатти пеши он қарор гирад, аммо ин бор Покистон дар нақши "сулҳсоз" зоҳир шудааст.

Мифтоҳ Исмоил, собиқ вазири молияи Покистон мегӯяд, ин нақши дипломатӣ эътибори байнулмилалии Покистонро афзоиш додааст, аммо таъсире бар мушкилоте монанди содироти заиф ва бозпардохти қарзҳои хориҷӣ, ки ин кишварро аз Сандуқи Байнулмилалии Пул вобаста нигоҳ медоранд, надоштааст.

Таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки ҳар гуна дастоварди иқтисодии нав низ мушкилоти амиқи Покистонро ҳал нахоҳад кард. Одил Малик, устоди иқтисод дар Донишгоҳи Оксфорд мегӯяд, "агар ислоҳоти сохторӣ иҷро нашавад, кишвар дар даҳҳаҳои оянда дар рӯбарӯии фурӯпошӣ қарор хоҳад гирифт".

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG