Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, чорчӯби созиши хатми низоъ дар Ховари Миёна, боз шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз ва қатъи муҳосираи бандарҳои эронӣ аз тарафи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ҳосил шудааст. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” навишт: "Созиш бо ҷумҳурии исломӣ такмил шуд".
Ба қавли Трамп, cозиш имкон медиҳад, ки дар 60 рӯзи оянда Вашингтон ва Теҳрон ба таври муфассал тавофуқи сулҳро арзёбӣ кунанд.
Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ин хабарро тасдиқ карда, афзудааст, маросими имзои созиш 19-уми июн дар Женева доир хоҳад шуд. Покистон дар музокироти Амрикову Эрон нақши минёнаравро бар ӯҳда дорад.
Мақомдорони эронӣ ҳам дар навбати худ рӯзи 15-уми июн иброз доштаанд, ки тавофуқ поёни доимӣ ва фаврии ҷангро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон дар бар мегирад. Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, баъд аз имзои созиш дар рӯзи 19-уми июн равуои озод дар Ҳурмуз таъмин хоҳад шуд.
Имзои созиш бузургтарин иқдом дар самти таъмини сулҳи пойдор дар Ховари Миёна хоҳад буд, ки рӯзи 28-уми феврали имсол бо ҳамлаҳои ҳавоии Амрикову Исроил ба Эрон оғоз ёфт.
Хабаргузории эронии "Меҳр" навиштааст, эъломияи ҳамдигарфҳамии ҷонибҳо аз 14 бахш иборат буда, пешбинӣ мекунад, ки дар 60 рӯзи оянда масъалаҳои марбут бо барномаи ҳастаии Теҳрон ва рафъи таҳрими Ҷумҳурии Исломӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.
Президенти Амрико исрор меварзад, ки унсури калидии ҳар гуна созиш бо Эрон кафолати он аст, ки Теҳрон ҳеч гоҳ ба силоҳи ҳастаӣ дасрасӣ наёбад ва равуои озоди киштиҳо дар гулӯгоҳи Ҳурмуз таъмин гардад.
Хабаргузории "Рейтерс" бо такя ба маълумот аз мансабдорони эронӣ навиштааст, бар пояи созиш Амрико мувофиқат мекунад, ки 25 миллиард долларро аз ҳисобҳои бастаи Ҷумҳурии Исломӣ боз кунад ва дар ҷавоб Теҳрон ӯҳдадор мешавад, аз истеҳсол ва дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ худдорӣ варзад.
Ҳамин манбаъ афзудааст, то замони имзои ниҳоии созиш Теҳрон мувофиқат мекунад, ки аз ғанигардонии уран ва бунёди коргоҳҳҳои нави ҳастаӣ худдорӣ кунад.
Хабаргузории "Форс", ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон наздик аст, сарфи назар аз изҳороти Трамп дар бораи равуои озод дар Ҳурмуз таъкид кардааст, ки ҳаракати киштиҳо дар Халиҷи Форс аз тарафи Эрону Умон назорат хоҳад шуд.
Ҷанг миёни ИМА ва Эрон бо ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил дар рӯзи 28 феврали имсол оғоз шуд. Ин ҷанг то рӯзи 8 апрел идома кард ва сипас ҷонибҳо ба оташбаси муваққат розӣ шуданд. Дар ин миён тарафҳо ба таври пароканда борҳо ба якдигар ҳамлаҳо карданд.
Бар асари ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ Оятуллоҳ Хоманаӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон Алии Лориҷонӣ, шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомии Эрон, кушта шуданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Гуфтугӯ