Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дигарбора ба Эрон зарба зад, Эрон ҷавоб дод

навшуда
Расонаҳои Эрон аз садои таркишҳо дар чанд шаҳри ин кишвар гузориш доданд
Расонаҳои Эрон аз садои таркишҳо дар чанд шаҳри ин кишвар гузориш доданд

Нерӯҳои Амрико шаби 10-уми июн чанд ҳадафро дар Эрон бомбборон кардаанд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, дар сурати ҳосил нашудани созиши сулҳ, ба Эрон зарбаҳои бештар мезананд: “Мо ба онҳо ҳамла хоҳем кард ва ин ҳамлаҳо бисёр кӯбанда хоҳанд буд.”

Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико рӯзи чоршанбе дар як баёния гуфт, ин амалиёт вақти бомдоди Теҳрон ба поён расид. Дар ин баёния дар шабакаи иҷтимоии “Х” омадааст, ҳадафҳо “системаҳои назорати низомӣ, сомонаҳои мухобиротӣ ва дифои ҳавоӣ дар саросари Эрон” будаанд.

Пит Ҳегсет, вазири дифоъ ё ҷанги Амрико, ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон дар аёлати Флорида гуфт, ҳамлаҳо талоше барои маҷбур кардани Эрон ба созиш ва поён додан ба муноқиша будаанд.

Ӯ гуфт: “Агар лозим бошад, ки бо бомб гуфтугӯ кунем, мо бо бомб гуфтугӯ хоҳем кард. Ва мо ин корро бисёр хуб метавонем.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳамлаҳои нави Амрико ба чанд ҳадаф дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00

Расонаҳои Эрон аз садои таркишҳо дар чанд шаҳри ин кишвар гузориш доданд. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи 11-уми июн гуфт, дар посух ба ҳамлаҳо ба 18 таъсисоти низомии Амрико дар пойгоҳҳои ҳавоии Кувайт ва Баҳрайн зарба задааст.

Эрон ҳамчунин ҳушдор дод, ҳар киштиро, ки қасди гузаштан аз тангии Ҳурмуз дорад, ҳадаф қарор медиҳад. Расонаҳои эронӣ аз ҳамла ба ду киштӣ ва батамом баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар додаанд.

Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико баста шудани Ҳурмузро рад кард ва гуфт, бо вуҷуди таҳдидҳои Эрон, киштиҳои тиҷоратӣ убурро аз ин оброҳа идома медиҳанд.

Дар айни замон дар Лубнон даргириҳо миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”, гурӯҳи таҳти ҳимояти Эрон, идома дорад.

Мақомоти Лубнон тасдиқ карданд, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил рӯзи чоршанбе дар ҷануби Лубнон чанд нафар ҷон бохтаанд. Як рӯз пас аз ин, артиши Исроил гуфт, ду мушак дар наздикии маҳалли нерӯҳои исроилӣ дар ҷануби Лубнон суқут кардааст.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG