Дар пайи идомаи ҳамлаҳои Исроил ба ҷануби Лубнон, Эрон шаби якшанбе ба Исроил ҳамла кард ва Телавив ҳам вокуниш нишон дод.
Трамп дар мусоҳиба бо Axios ҳамчунин гуфт, Эрон "бо мо тамос гирифт ва гуфт, дигар ҳеч ҳамлае анҷом нахоҳад дод ва аз мо хост ба Исроил бигӯем, ҳамлаҳои бештаре анҷом надиҳад".
Ӯ гуфт, ҳамчунин ба нахуствазири Исроил ҳушдор додааст, "беҳтар аст аз эҳтиёт кор бигирӣ, вагарна хеле зуд танҳо хоҳӣ монд".
Ҳар ду кишвар баъдтар дар рӯзи душанбе эълон карданд, ки амалиёти низомии худро қатъ кардаанд.
Раисҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо Шабакаи 12-и телевизиони Исроил, ки шаби душанбе нашр шуд, низ гуфт, ки дар посух ба дархости панҷ кишвари минтақа талош кардааст, вокуниши Исроил ба ҳамлаҳои нави Эронро контрол кунад.
Доналд Трамп мегӯяд, панҷ кишвар аз ӯ хостаанд Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроилро зери фишор қарор диҳад. Ӯ гуфт, "ба Нетаняҳу гуфтам, беҳтар аст дар корҳое, ки мекунӣ, хеле эҳтиёткор бошӣ, зеро мумкин аст ба зудӣ дар баробари Эрон танҳо бимонӣ".
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Амрико, дар гуфтугӯи телефонии 7-уми июн ӯ аз Нетаняҳу хостааст, ки ба ҳамлаҳои мушакии Эрон посух надиҳад. Аммо ба гуфтаи Трамп, Исроил маълумоти навро хеле дер ва дар замоне ба онҳо фиристод, ки ҷангандаҳои онҳо дар роҳ ба сӯи Эрон буданд.
Трамп дар ин мусоҳиба ҳамчунин гуфт, ки мақомҳои эронӣ бо Вашингтон тамос гирифтанд ва эълон карданд, ки дигар ҳамлае алайҳи Исроил анҷом нахоҳанд дод ва дар айни ҳол хостори он шуданд, ки Исроил низ ҳамлаҳои худро қатъ кунад.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз ин тамос, Доналд Трамп бори дигар бо Бенямин Нетаняҳу гуфтугӯ кард ва ӯро қонеъ кард, ки бо қатъи ҳамлаҳои бештар мувофиқат кунад.
Гуфтугӯ