Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири пешини ИМА: Бунбаст, хушбинӣ ва имкони созиши Амрико ва Эрон

Нашрияҳои Эрон.
Нашрияҳои Эрон.

Силсилаи паёмҳои зиддунақизи Эрон ва Амрико нишон медиҳад, музокироти Амрико ва Эрон дар як вазъи тағйирёбанда қарор дорад. Сару садоҳо ва ҳадсу гумонҳое, ки дар рӯзҳои гузашта авҷ гирифтанд, боис шуд, ки бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҳампаймонҳои минтақавӣ дурнамои дастёбӣ ба як роҳҳалли дипломатиро зери заррабин қарор диҳанд.

Радиои Озодӣ барои баррасии муҳосиботи стратегӣ, фишорҳои сиёсӣ ва воқеиятҳо дар Халиҷи Форс, бо Кристофер Ҳензел, сафири пешини Амрико гуфтугӯ кард. Вай як дипломати пуртаҷриба аст, ки даҳсолаҳо дар заминаи сиёсати Амрико дар Ховари Миёна фаъолият кардаааст. Дар гузашта раиси дафтари Эрон дар вазорати умури хориҷии Амрико ва ҳамчун мудири Дафтари умури Исроил ва Фаластин кор кардааст. Дар давраи аввали раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп, роҳбарии намояндагиҳои дипломатии Амрикоро барои муддате дар Яман ва Арабистони Саудӣ бар ӯҳда дошт.”

Радиои Озодӣ: Иҷоза диҳед, мустақим ба суроғи дипломатия равем. Шумо солҳои зиёдеро сарфи таҳлили сохтори дохилӣ ва дипломатияи Эрон кардаед. Мо гузоришҳои зиддунақиз мешунавем. Барои равшан шудани масъала аз дидгоҳи шумо, оё дар ҳоли ҳозир воқеан кадом як тавофуқе рӯи миз ҳаст, ё санади муваққатии осебпазире ҳаст, ки метавонад ҳамин фардо аз байн равад?

Кристофер Ҳензел
Кристофер Ҳензел

Кристофер Ҳензел: «Ростӣ, ошкор аст, ки ҳеҷ гуна созиши ниҳоӣ ва комилан ҳамоҳангшуда вуҷуд надорад. Дар воқеъ, ҳарду тараф ҳам ин нуктаро баён доштанд. Мо бояд инро ҳам дар назар гирем, ки дар давоми чанд моҳи охир борҳо чунин иддаоҳое садо доданд, ки гӯё созиш наздик аст, вале баъдан музокирот боз чанд қадам ба ақиб рафт. Чунин менамояд, ки дар рӯзҳои истироҳати гузашта хушбиниҳои зиёде дар мавриди тавофуқ ба миён омад. Ба фикри ман, мавҷи хушбиниҳоро яке аз паёмҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард, аммо баъдан ҳарду тараф аз он ақибнишинӣ карданд.

Ба назари ман, онгуна ки Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, охирин мавзеъгирии ҳарду ҷониб ин аст, ки ҳанӯз ҳам рӯи баъзе аз бандҳо ва матни созиш бояд кор кард. Ҷониби Эрон низ бо судури баёнияе ин нуктаро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳеҷ созише ҳанӯз ҳосил нашудааст, бинобар ин корҳои зиёде мондааст, ки бояд анҷом дода шаванд. Барои мо, ки аз берун назорат мекунем, дақиқ донистани он чӣ ки дар дарун мегузарад, душвор аст, аммо мо метавонем, дар бораи воқеиятҳо ҳадсҳои мантиқӣ бизанем.»

Радиои Озодӣ: Ҳар як пешрафти дипломатӣ гузаштҳои дуҷонибаро талаб мекунад. Дар ивази ин тавофуқномаи сулҳ, ҳарду тараф дақиқан аз чӣ чиз мегузаранд ва дар воқеъ, чӣ чизе ба даст меоранд?

Кристофер Ҳензел: «Ба ин масъала бояд ин гуна нигоҳ кард. Моҳҳо боз дар музокирот як навъ бунбаст буд, вале ҳоло дар ин марҳила нишонаҳои бештаре аз хушбинӣ ба чашм мерасанд. Аз ин рӯ, бояд суол кард, ки чӣ чизе дар ин вазъият ва ё дар муҳосиботи ду тараф тағйир ёфтааст?

Андешаи ман ин аст, ки ҳар як тараф авлавиятҳои худро дорад ва рӯйхати дарозе аз хостаҳоро пеши худ гузоштааст. Вале фикр мекунам, ки авлавияти аввалиндараҷаи ҳукумати Трамп дар ҳоли ҳозир, дубора боз кардани тангии Ҳурмуз аст, зеро ба назарам, ҳукумати Трамп аз вазъи феълӣ зери фишор қарор дорад. Қимати бензин дар Амрико рӯ ба афзоиш аст ва ин як мавзуи аз назари сиёсӣ бисёр ҳассос ба шумор меравад. Аз сӯи дигар, дар байни бахше аз худи тарафдорони Доналд Трамп рӯҳияи зиддиҷангӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Дар ҳоли ҳозир, дар байни тарафдорони ӯ дар мавриди ҳимоят аз ҷанг, ё поён додан ба он як навъ тафриқа ба вуҷуд омадааст. Ин вазъ ба Доналд Трамп ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам аз назари иқтисодӣ фишор меорад. Мо ҳатто шоҳиди баъзе гуфтугӯҳо дар мавриди «Қатъномаи ихтиёроти ҷангӣ» дар Конгресси Амрико низ будем, ки аз ҷониби роҳбарони Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба таъхир андохта шуд, вале ин мавзӯъ метавонад дубора ба миён ояд ва ин як фишори дигар ба ҳукумати Трамп хоҳад буд.

Дар ҷониби Эрон низ онҳо як навъ фишорро ҳис мекунанд, агарчӣ боз ҳам барои мо ҳамчун нозирони беруна фаҳмидани он фишорҳое, ки эрониҳо зери он мондаанд, душвортар аст. Ман бовар дорам, ки як фишори бисёр муҳим, муҳосираи бандарҳои Эрон аз ҷониби Амрико аст, ки содироти бахши аъзами содироти нафти Эронро ба бозорҳо ғайриимкон сохтааст. Бинобар ин Эрон бояд коҳиши даромадҳо барои иқтисоди кишварро, ки ба бӯҳрони амиқи иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд, эҳсос намоянд. Роҳбарияти Эрон бо кадом фишорҳои дигар рӯбарӯ аст, ман намедонам ва душвор аст, бигӯем, кадом тараф фишори бештареро ҳис мекунад.

Аммо ман фикр мекунам, ки барои ҳарду тараф мавзуи аввал, ки мехоҳанд ҳал кунанд, нафт аст. Ва агар ҳар кадоми онҳо битавонанд, ҷараёни нафтро барқарор кунанд, он гоҳ эҳсос хоҳанд кард, ки фурсати бештаре доранд, то рӯи мавзуоти дигар оҳистатар кор кунанд. Инчунин, як нуқтаи дигари фишор ба Доналд Трамп ин аст, ки дар дохили Ҳизби ҷумҳурихоҳ унсурҳои ҷангҷӯе ҳастанд, ки ҳеч гуна тавофуқеро намехоҳанд, магар ин ки он таслимшавии комили ҷониби Эрон бошад. Аз ин рӯ Трамп бояд бо ин ҷиноҳ низ канор ояд.»

Бонги хатар аз Вашингтон

Радиои Озодӣ: Баъзе аз муттаҳидони барҷастаи Доналд Трамп, аз ҷумла сенаторҳо Линдси Граҳам ва Тед Круз, бонги хатар мезананд. Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки тавофуқ хатари онро дорад, ки Эронро соҳиби пули нақди зиёд кунад ва фишанги доимиро бар тангии Ҳурмуз дар ихтиёри онҳо гузорад. Оё онҳо вазъи феълиро нодуруст арзёбӣ мекунанд, ё хатари ноаёни воқеӣ барои амнияти миллӣ ҳаст? Ва агар онҳо ба ин мухолифати худ идома диҳанд, оё Конгресс аз назари қонунгузорӣ воқеан қудрати онро дорад, ки ин тавофуқро напазирад ва ё онро комилан аз байн барад?

Кристофер Ҳензел: «Хуб. Бале, ман фикр мекунам, сенаторҳое, ки шумо ном бурдед ва афроди мисли онҳо, баёнгари дидгоҳҳо ва инъикоскунандаи мавқеи тарафдорони ашаддии Исроил дар дохили Амрико ва низоми сиёсии кишвар ҳастанд. Зеро ман фикр мекунам, ки Исроил низ дар мавриди ин гуна тавофуқи сулҳ, ки сару садоҳояш дар рӯзҳои гузашта паҳн шуд, ҳамин гуна нигарониҳо дорад. Боз ҳам ҳеч кадоме аз мо дар берун дақиқ намедонем, ки ин чӣ тавофуқ аст, аммо вақте шумо берун омадани иттилоро аз ҳарду тараф мебинед, метавонед тахмин кунед, онҳо рӯи чӣ чизе кор мекунанд.

Ман фикр мекунам, ки вақте муноқиша оғоз шуд, Исроил ва тарафдоронаш дар Амрико тасаввур мекарданд, ки он метавонанд, боиси тағйири режим шаванд. Ба назари ман, режими рӯҳониёни Эрон нишон дод, ки ин як кори чандон осон нест. Ман фикр мекунам, ки онҳо мехоҳанд, Эрон на танҳо назорати тангии Ҳурмузро аз даст бидиҳад, балки пеш аз гирифтани имтиёзоте аз зербунёдҳои ғанисозии ураниум даст кашанд. Онҳо ҳамчунин намехоҳанд, ки эрониҳо дороиҳои дастнорасшудаи худро (дар Ғарб) пас гиранд. Аз дидгоҳи ман, ин воқеан як дастурамалаест, ки метавонад сабаби азсаргирии як ҷанги ҳамаҷониба ва тамомайёр шавад. Ҷанге ки ба назарам дар Иёлоти Муттаҳида рӯз то рӯз мухолифони бештар пайдо мекунад.

Як чизи дигарро бояд дар назар дошта бошем, ки ин танҳо як музокира байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон нест. Исроил ҳамеша аз пушти сари раиси ҷумҳур назора хоҳад кард ва эҳтимолан дар бисёре аз ин масъалаҳо раъйи худро хоҳад дошт ва бешак мехоҳад, ки раъй дошта бошад. Ин ки оё раиси ҷумҳур (Трамп) дар ин масъала аз Исроил ҷудо хоҳад шуд ё на, як тасмими бисёр муҳими сиёсӣ хоҳад буд.»

Радиои Озодӣ: Ин моро ба масъалаи аслии эътимод мерасонад. Бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи тӯлонии шумо дар пайгирии уҳдадориҳои Эрон, оё воқеан ба як режиме, ки дар тӯли таърих барномаҳои ҳастаии худро пинҳонӣ ва дур аз чашми дигарон пеш бурдааст, метавон эътимод кард, ки бар тибқи ин созиши нав амал мекунад?

Кристофер Ҳензел: «Ман фикр мекунам, ки ин мушкил ба мисли қабл аз ин муноқиша хатарнок нест. Медонед, шахсан ман фикр мекунам, ки ин муноқиша ва тарзи оғози он, асосан як хато буд, аммо дар ҳар сурат, ин иттифоқ афтод, вале нишон дод, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил тавоноии онро доранд, ки тамоми иншооти атомии маълуми Эронро нобуд кунанд. Онҳо иддао доранд, ки ин корро кардаанд, ё ҳадди ақал монеи онҳо шудаанд. Бинобар онки иншооти мазкур зери назорати доимии моҳвораҳо ва дигар воситаҳо қарор доранд, ба назари ман, агар эрониҳо тавофуқро риоят накунанд ва ба коркарди дубораи уран оғоз намоянд, ҳамеша ин гузина барои Амрико ва Исроил боқӣ мемонад, ки он чизеро, ки дар давоми чанд моҳи охир анҷом доданд, дубора такрор кунанд. Албатта, ҳамеша хатари кадом як барномаи бисёр махфии ҳастаӣ вуҷуд дорад, аммо ман фикр мекунам, ки ҳар кадом пешрафте, ки Эрон ба самти барномаи ҳастаии низомӣ дошт, ҳоло ба таври назаррас ба ақиб андохта шудааст.

Ва инро ҳам ба ёд дошта бошед, ки дар замони эътибор доштани тавофуқи кӯҳнаи ҳастаӣ, яъне БАРҶОМ, созмонҳои байналмилалӣ тамоми иншоот ва фаъолиятҳои ҳастаии Эронро назорат мекарданд. Ин як бахше аз тавофуқ буд, ки мешуд ба он такя кард.»

Радиои Озодӣ: Баргардем ба онки ин масъала дар дохили Эрон чӣ гуна таъсир мегузорад? Оё як чунин тавофуқе дар ниҳоят мавқеи тундравонро бо маҷбур кардани онҳо ба созиш заиф мекунад, ё ин ки омадани маблағҳо аз ҳисоби сабук шудани таҳримҳо, режимро аз назари сиёсӣ қавитар карда, ба он қонунмандӣ мебахшад?

Кристофер Ҳензел: «Ман фикр мекунам, ҳар созише, ки барои раҳбарияти ҳарду тараф қаноатбахш бошад, метавонад ба мардуми кишварҳояшон ҳамчун як муваффақият муаррифӣ шавад. Ҳарду тараф эҳтимолан аз як тавофуқ берун омада иддао хоҳанд кард, ки пирӯз шудаанд ва ҳар кадом ба бахшҳое аз тавофуқ, ки ба фоидаи онҳост, ҳамчун як пирӯзии бузург ишора мекунанд ва он бахшҳоеро, ки гузашт ба тарафи дигар аст, нодида мегиранд. Доналд Трамп бешубҳа дар ин кор бисёр моҳир аст.

Ман фикр мекунам, ки агар тангии Ҳурмуз боз шавад ва қимати бензин дар ниҳоят коҳиш ёбад ва дигар ҳеч гуна фаъолияти низомӣ сурат нагирад, мардуми Амрико эҳтимолан аз ин вазъ хушнуд мешаванд. Медонед, мунаққидони Трамп аз ҳар гуна сабук шудани таҳримҳо, ё бозгардонидани дороиҳо ба Эрон шикоят хоҳанд кард, аммо ман фикр намекунам, ки як амрикоии оддӣ ба ин чандон аҳамият диҳад.

Ба ҳамин тартиб, дар ҷониби Эрон низ режим метавонад иддао кунад, ки ин як талош барои сарнагунии режим буд ва режим муқовимат кард, бинобар ин мо пирӯз шудем ва ин ё он сабукии таҳримҳоро ба даст овардем. Онҳо ба ҳамаи ин ҳамчун як пирӯзӣ ишора хоҳанд кард. Бинобар ин, муаррифии як тавофуқ ба оммаи мардум ҳамчун пирӯзӣ, корест, ки ҳарду тараф метавонанд анҷом диҳанд. Мушкили асосӣ бештар дар он аст, ки дар ҳарду тараф унсурҳои нухбае (элитае) ҳастанд, ки хостори як тавофуқи тундраву сахттар мебошанд. Инҳо ҳамон чолишҳои воқеӣ ҳастанд, ки бояд бар онҳо пирӯз шуд.»

Радиои Озодӣ: Ҳамлаи охирини ИМА ба Эрон чӣ гуна таъсире бар ин раванд мегузорад?

Кристофер Ҳензел: «Ин ҳамла мавқеи маъмурияти Трампро дар музокирот боз ҳам қавитар хоҳад кард ва нишон хоҳад дод, ки Амрико омода аст муҳосираи худро бо истифода аз қувваи маҳдуд амалӣ созад.»

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG