Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 нуктаи калидӣ аз даври аввали музокироти Эрону Амрико

Даври аввали гуфтугӯҳои Эрон ва Амрико дар Швейтсария рӯзи 21-уми июн ба поён расид. Ҳанӯз маълум нест, ки даври дувум кай баргузор мешавад. Шаш нуктаи калидӣ аз баёнияи муштараки Қатар ва Покистон дар мавриди даври нахусти музокироти Эрон ва Амрико дар Швейтсария инҳо ҳастанд:

Созиш бар сари нақшаи роҳи 60-рӯза

Ду тараф аз тариқи ташкили як Кумитаи олии музокирот бар сари як нақшаи роҳ барои даст ёфтан ба созиши ниҳоӣ давоми 60 рӯз ба тавофуқ расиданд. Ҳамчунин, қарор шуд, ки гуфтугӯҳои фаннӣ аз ҳамин ҳафта дар Швейтсария дар бораи ҳамаи мавзуъҳо идома ёбад.

Ташкили гурӯҳи кории коҳиши таниш дар Лубнон

Эрон ва Амрико бо ташкили як "Гурӯҳи кории коҳиши таниш" бо иштироки ҳукумати Лубнон ва бо миёнҷигарии Қатар ва Покистон мувофиқат карданд, то бар иҷрои таваққуфи амалиёти низомӣ дар Лубнон назорат кунад. Аббос Ароқчӣ инро "нахустин озмуни воқеӣ"-и созиш хонд.

Эҷоди хатти иртиботӣ дар бораи оброҳаи Ҳурмуз

Теҳрон ва Вашингтон барои пешгирӣ аз рӯйдодҳо ва нофаҳмиҳо ва замонати убури амни киштиҳои тиҷорӣ аз тангаи Ҳурмуз як "хати робита" таъсис додаанд.

Ишораи Ароқчӣ ба озодсозии бахше аз дороиҳо

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, эълон кард, ки содироти нафт аз маҳдудиятҳо озод шуда, муҳосира поён ёфтааст ва бахше аз дороиҳои бандмонда озод гардидааст. Бо ин ҳол, дар баёнияи муштараки Қатар ва Покистон ба озодсозии дороиҳо ишорае нашудааст.

Нақши меҳварии Қатар ва Покистон

Қатар ва Покистон, ки миёнҷии музокирот ҳастанд, эълон карданд, ки то даст ёфтан ба созиши ниҳоӣ ба талошҳои худ барои пешбурди гуфтугӯҳо идома хоҳанд дод. Ароқчӣ ҳам аз "миёнҷигарии хастанопазир"-и ин ду кишвар қадрдонӣ кард.

Арзёбии мусбат аз музокирот

Аббос Ароқчӣ аз "пешрафтҳои калон" дар даври аввали музокирот сухан гуфт. Баёнияи муштарак низ фазои музокиротро "мусбат ва созанда" хонд, ҳарчанд ҳукумати Амрико ҳанӯз арзёбии расмии худро аз натиҷаҳои даври аввал нашр накардааст.

Раҳбарони Амрикову Эрон пас аз музокироти дарозу печидае рӯзи 18-уми июн ба эъломияи тафоҳумномаи сулҳ байни ду кишвар имзо гузоштанд, ки хатми тамоми даргириҳоро дар Халиҷи Форс дар назар дорад. Ҷанг байни Амрикову Эрон ва Исроил 28-уми феврали имсол ва баъд аз ҳамлаҳои Амрико ба иншооти атомии Эрон оғоз шуд.

Бо идомаи даргириҳо, Эрон тангии Ҳурмуз, яке аз оброҳаҳои муҳими ҷаҳониро баст, ки 20 дарсади нафту гази моеи ҷаҳон аз он мегузарад. Қатъи ҳаракати киштиҳо аз Ҳурмуз, боис ба болоравии нархи нафту газ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар худи Амрико шуд ва иқтисоди ҷаҳониро ҳам ба мушкилот гирифтор кард.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG