Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиршо баъд аз изҳороти вазир: "Барои ман саломатӣ муҳим аст, чизи дигар гуфта наметавонам" ВИДЕО


Зоиршо Қодиров як муддат дар бемористон бистарӣ буд. Пизишкон гуфтанд, ӯ аз қафаси сина, шикам ва пешониву пушти сар захм бардоштааст.

Зоиршо Қодиров, корманди Академияи давлатии идоракунии назди президенти Тоҷикистон, ба изҳороти вазири умури дохилӣ, ки гуфт, "ӯ рагҳои хунгардашро захмӣ кардааст", посух надод. Танҳо гуфт, ҳанӯз ба табобат машғул аст ва наметавонад ба суолҳо ҷавоб гӯяд. "Барои ман муҳим саломатӣ аст, ҳоло ҳеч чиз гуфта наметавонам", -- таъкид кард ӯ рӯзи 3-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Вазири умури дохили Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 3-юми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, тафтиши чӣ гуна захмӣ шудани Зоиршо Қодиров қатъ шудааст, чун ба қавли ӯ, дар ин ҳодиса "ҷиноятеро наёфтанд".

Охири моҳи марти имсол, замоне ки Зоиршо Қодиров дар истироҳатгоҳе дар ноҳияи Варзоб таҳти "карантин" қарор дошт, бо чанд захми корд дар бемористон бистарӣ шуд. Ба иттилои пизишкон, дар қафаси синааш як ва дар шикамаш захми се корд буд. Вай аз пешониву пушти сар низ ҷароҳат бардоштааст.

Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, "ӯ аз тарафи касе захмӣ нашудааст. Аз тарафи худаш рагҳои хунгард захмӣ шудааст".

Мақомот дар оғоз ба наздикони Зоиршо Қодиров гуфта буданд, ки гуё ӯ ба баданаш чанд дафъа корд зада, аз ошёнаи севум сарозер шудааст.

Қодир Қодиров, падари Зоиршо Қодиров, мегуфт, ба фарзияи мақомот бовар надорад. Зоиршо Қодиров рӯзи 2-юми апрели имсол дар бемористони Қарияи Боло ба хабарнигори Радиои Озодӣ чунин гуфта буд: "Сӯзанро як бор дар даст гузор, чӣ хел мешавад. Мантиқан фикр кунем, чӣ хел бо корд худро мезанӣ?"

Вале ӯ рӯзи 3-юми август дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ба табобат машғул аст ва наметавонад ба суолҳо посух гӯяд.

Ин дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи ахир бори дувум аст, ки мақомоти расмӣ дар қазияи моҳи март Зоиршо Қодировро муқассир медонанд. Охири ҳафтаи гузашта Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонси хидмати давлатӣ дар ҳузури хабарнигорон сабаби ҳодисаро чунин шарҳ дод: "Ман узр мепурсам, агар изҳори назарам ба ин нафар сахт расад. Аз назари ман, сабаби сарозер кардани худ, ба маънои худро таҳқиршуда ва шармандашуда эътироф кардани ӯ аст, ки гуё ба ин касал гирифтор шудааст. Ҳоло он ки аз ин нуқтаи назар эътибор додан лозим нест."

Давлатзода афзуд, дар асл Зоиршо Қодиров бемор набуд ва танҳо барои доштани тамос бо шахси гумонбар ба "илтиҳоби шуш" зери назорат қарор гирифта буд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки аз аввал дар қазияи Зоиршо Қодиров ду фарзия вуҷуд дошт ва ду тараф ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд, бархе аз коршиносон ба таҳқиқи дубора ва мустақилонаи ҳодиса даъват доранд. Вагарна, ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, баҳо додан ба вазъият мушкил мешавад.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ гуфт, "таркиби ҷиноят дар кирдору рафтор дар он ҳолат ҷой дошта метавонад, ки шахси бемор таҳти фишор ё таҳдид қарор гирифтааст. Агар ҳадаф аз содир кардани чунин амал саркашӣ аз хидмат аст, низ таркиби ҷиноят дорад. Агар ба ҳамин баҳона кӯшиши ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти марбутаи ваколатдори давлат ба беадолатӣ буд, бояд мақомот онро санҷида, баъд баҳои ҳуқуқӣ медоданд."

Зоиршо Қодиров, сардори шуъбаи илм, инноватсияи Академияи давлатии идоракунии назди президенти Тоҷикистонро баъди он ки яке аз ҳамкоронаш аз сафари хидматӣ аз Олмон баргаштаву зуком шуд, ба карантини чаҳордаҳрӯза фиристода буданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG