Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ниҳоят "генерал" - "солор" ва "дивизия" - "лашкар" мешаванд? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯянд, тарҳи тарҷумаи рутба ва истилоҳоти ҳарбӣ мисли “Генерали артиш -- Артишсолор”, “полковник -- сарҳанг” ва “подполковник -- сарҳангёр” ба Шӯрои амнияти миллӣ ва вазорати дифоъ пешниҳод шуд.

Ду ниҳоди амниятӣ ҳам ин тарҳро баъди баррасӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд. Кумитаи забон умед дорад зимни ислоҳи қонуни хидмати ҳарбӣ ин пешниҳоди онҳо ҳам қабул хоҳад шуд. Ин ниҳод соле пеш рутбаҳои ҳарбиро ба забони тоҷикӣ баргардон ва ба мақомот пешниҳод кард. Вазорати дифоъ он замон дар посух ба пешниҳоди кумита тарҷумаи рутбаҳои ҳарбиро “нодуруст” ва «камаҳаммият» номид.

Гавҳар Шарофзода, раҳбари кумитаи забон ва истилоҳот мегӯяд, сари ин мавзӯъ дар гурӯҳи корӣ баҳсҳо зиёд буд, аммо ин пешниҳоди онҳо дар миёни мақомдорон ҷонибдор пайдо кардааст.

Абдураҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи танзими Кумитаи забон ва аъзои гурӯҳи корӣ оид ба тарҷумаи истилоҳҳои ҳарбӣ дар Шӯрои амнияти миллӣ, мегӯяд, як сабаби сар задани нофаҳмиҳо дар ин масъала ва қабул нашудани пешниҳод ҳам надонистани забон дар байни баъзе аз мақомдорон аст.

Дар ниҳоят генерал - солор ва дивизия - лашкар мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Ба гуфтаи ӯ, бархе аз истилоҳҳои тарҷумашудаи ҳарбӣ аз тарафи дигарон нодуруст ва тамасхуромез қабул мешуданд. Ӯ дар ин маврид аз истилоҳи сарҳанг мисол меорад: "Агар онҳо забонро медонистанд ба калимаи "сарҳанг" тамасхур намекарданд. Нодуруст фаҳмида мешавад, ин калима. Дар ҳоле ки ҳанг беҳтарин калимаест, ки дар лашкардории мо истифода мешуд.”

Зулфониён мегӯяд, феҳрасти истилоҳоту рутбаҳои ҳарбие, ки бояд тоҷикӣ шаванд, аз 20 вожа иборат аст ва омӯхтани он барои як мутахассиси соҳаи низомӣ мушкил нест. Ӯ гуфт: “Бист истилоҳе, ки таърихи ҳастии мо, давлатдориву лашкардориҳои моро зинда мекунад, чаро ба онҳо рӯ наорем? Бояд бе чуну чаро ба онҳо рӯ орем.”

Аммо ба гуфтаи ӯ, дар ин миён бархе аз мутахассисон дар Вазорати дифоъ ҳам тарҷумаи дигари вожаҳои низомиро таҳия намудаанд: “Мо, масалан, "прапоршик"-ро размомӯз мегӯем, онҳо "молик" ё "сармолик" гуфтаанд. Ё мо "отделения"-ро "гурӯҳ" ё "даста" гуфтем, вале пешниҳоди онҳо фарқ мекунад. Истилоҳи арабиро истифода кардаанд. Гурӯҳи кории кумита аз тамоми сарчаамаҳо, аз забони авастоӣ, ки давлатдориву лашкардории мо пайдо шуда буд, истифода карда, рутбаҳоро дар шакли комил ба гурӯҳи кории Шӯрои амнияти миллӣ ва Вазорати мудофиа пешниҳод кард.”

Масъалаи баргардони рутбаҳои ҳарбӣ ба забони тоҷикӣ борҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс шудааст. Бархе аз генералҳо ҳам гуфта буданд, ба тарҷумаи рутбаҳои ҳарбӣ зарур нест. Мақомоти Вазорати дифоъ соли гузашта дар номаи ҷавобӣ ба Кумитаи забон навиштанд, ки рутбаҳои ҳарбӣ "истилоҳҳои байналмилалӣ ҳастанд ва зарурат ба тарҷумаи онҳо нест".

Маҳдӣ Собир, полковники бознишаста бо назардошти нуфузи Русия дар Тоҷикистон тоҷикӣ шудани рутбаҳои ҳарбиро номумкин медонанд: “Тавре ҳаст, ҳамин тавр мемонад. Зеро муддати зиёда аз 100 сол ин дар хуну пӯсти мо ҷой шудааст. Албатта, ин истилоҳҳо русӣ ҳам нестанд. Аз забонҳои дигар қабул шудаанд. Аммо андешаҳои мо дар самти ҳарбӣ русӣ аст, фикрронии мо русӣ аст, барои ҳамин ҳам ин номумкин аст ва ба фикри ман, ин пешниҳод қабул намешавад.”

Аммо ҷонибдорони пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳот барои тоҷикӣ кардани рутбаву фармонҳои ҳарбӣ ҳам зиёданд. Ардашер Пайванд, хабарнигори тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон чун як кишвари соҳибистиқлол бояд аз забону фарҳанги худ ҳимоя кунад: “Агар мо ба таърихи лашкардории худамон назар афканем, мебинем, ки тоҷикон қабл аз русҳову дигар ҳамсояҳо дорои рутбаҳои ҳарбӣ мисли сипаҳсолор буданд. Баргаштан ба рутбаҳои миллӣ ва тоҷикӣ бузургдошти забони тоҷикӣ ва тоза кардани забон аз панҷараи танги забони русӣ ба ҳисоб меравад.”

Аммо ба бовари бархе аз донишмандони тоҷик, ин масъала хеле печида аст. Баргардони вожаҳои ҳарбие, ки сад соли охир роиҷанд, ба бовари онҳо, кори муҳим, аммо мушкил аст. Тоҷикистон пас аз суқути шуравӣ номи унвонҳои ҳарбиро ҳам ба ҳамон истилоҳҳои русиаш нигаҳ дошт.

Дар сурати қабул ва тасдиқ шудани истилоҳҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарбӣ, низомиёни тоҷик бояд бо рутбаҳои "генерал”-у “полковник", ки мероси даврони Шӯравии собиқ аст, хайрухуш кунанд ва ба ҷои он ба истилоҳи “Солор” ва “Сарҳанг” рӯ оранд.

Ҳамчунин дар сурати ба тоҷикӣ тарҷума шудани ислоҳҳои низомӣ, дигар дар сохторҳои ҳарбии кишвар ба ҷои истилоҳи “Взвод – Таҳм” “Баталион - Гурдон”, “Дивизия - “Лашкар”, “Капитан - Сарвашт” ва “Лейтенант”- и калон - Таҳмбон” истифода мешавад. Дар сурати пирӯз шудан дар тарҷумаи рутбаву ислоҳоти ҳарбӣ ба забони тоҷикӣ Кумитаи забон ва истилоҳот тасмим дорад, ба баргардони рутбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз русӣ ба тоҷикӣ шурӯъ кунад ва масъалаи шаҳрбон шудани милисаро дар миён гузорад.

XS
SM
MD
LG