Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоира: Мақсад дорам, ки ба Олимпиада роҳхат бигирам


Шоира Зулқайнарова.
Шоира Зулқайнарова.

Шоира Зулқайнарова, муштзани тоҷик, барои аввалин бор ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол дохил шудааст.

Шоира Зулқайнарова, муштзани тоҷик, барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиё ва Ҷоми ҷаҳонии бокс, барои аввалин бор ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, ки онро Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа тартиб додааст, дохил шудааст.

Ӯ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки соли 2015 барояш соли хотирмон гардид. Шоира моҳи августи соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин баргузор шуд, дар вазни зери 64 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Барои ин дастовардаш Шоира бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон мукофотонида шуд. Баъдан Шоира моҳи декабр дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни кишварҳои тавлиди нафт дар Ханти-Мансийски Русия медали биринҷӣ ба даст овард.

Шоира Зулқайнароваи 20-сола, донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки се сол инҷониб таҳти роҳбарии устодаш Ҷамшед Султонов ба бокс машғул аст, мегӯяд соли равон барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебарад.

Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки Шоира барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар риштаи бокси занона дар вазни то 75 кило шонси хуб дорад.

Шоира дар сар ҳавои қаҳрамонӣ дорад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:09 0:00

XS
SM
MD
LG