Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маориф: «Мултикид» бидуни иҷозат кор кард. САДО


Мақомоти тоҷик ду рӯз баъди пароканда шудани намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа ҳимоят аз ин иқдом ҳимоят карданд ва гуфтанд, ки созмони «Мултикид»- чорабиниро беиҷозабаргузор кардааст.Созмони ҷамъиятӣ мегӯяд, қонунро эҳтиром ва риоя кардааст.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз иқдоми худ дар амри пароканда кардани намоишгоҳи созмони маърифатии «Мултикид» дар рӯзи 1 апрел ҳимоят кард ва гуфт, ин маъракаро муассисонаш бидуни иҷозат мехостанд барпо кунанд. Дар навбати худ вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳам кори полисро дар амри ҷилавгирӣ аз кори намоишгоҳе, ки бо пешниҳоди имкониятҳои таҳсил дар хориҷа ихтисос дорад дуруст номид ва гуфт, ки ҳеҷ қонуншикание нашудааст.

Вазорати маориф: «Мултикид» бидуни иҷозат кор кард"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим

Худи созмони «Мултикид», ки 18 соли охир бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам сафоратхонаҳои аврупоиву амрикоӣ ярмаркаи таҳсил дар хориҷаро барпо мекунад, бо пахши баёнияе мақомотро дар нақзи фаъолиятҳои оинномавии ин созмон муттаҳам кардааст.

Намегузорам, бо созмони ман, ки аз соли 1999 барои ватан хидмат мекунад, чунин рафтор кунанд. Ҳоло ҳайронам, ки ман кӣ ҳастам – ҷинояткор ё мутахассисе, ки президент барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф бо медал қадрдонӣ кардааст?
М.Ҷӯраева

Пулиси Тоҷикистон рӯзи 1 апрел аз баргузории намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа дар Душанбе ҷилавгирӣ карда ва довталабону меҳмонҳоро пароканда намудааст. Манзура Ҷӯраева – масъули созмони “Мултикид” ва аз ташаббускорони баргузории намоишгоҳ – рӯзи 1 апрел бо пахши изҳороти расмӣ дар чунин ранг гирифтани кор мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро айбдор карда буд.

Ду рӯз баъди ба таври ногаҳонӣ пароканда шудани кори намоишгоҳи имкони таҳсил дар хориҷа, ки ҳар сол аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Мултикид» ташкил мешавад, мақомоти взаорати маориф ва ҳам вазорати умури дохила ба ин ҳодиса вокуниш карданд.

Вазорати маориф: «Мултикид» ғайриқонунӣ амал кард

Эҳсони Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, рӯзи 3 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Имрӯзҳо баъзе аз ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва бидуни иҷозатнома талош мекунанд, шаҳрвандони Тоҷикистонро барои таҳсил ба хориҷа фиристанд ва ё дар ин замина бо ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намоянд”. Вай дар идома созмони «Мултикид»-ро дар фаъолияти бидуни муҷоз муттаҳам кард ва гуфт: “Фаъолияти ташкилоти “Мултикид” дар самти фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар хориҷи кишвар ва вобаста ба он ташкил намудани намоишгоҳ пурра ғайриқонунӣ буда, ин амал сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин самт сарфи назар мекунад. Пас, суоле ба миён меояд, ки оё ташкилоте, ки ягон намуди иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолият надорад, метавонад барои баргузории намоишгоҳ ва ё фиристодани донишҷўён ба хориҷи кишвар саҳм бигирад? На!”

Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ ҳамчунин гуфт: “Маркази таълимии “Мултикид” як муддат танҳо барои доир намудани курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣиҷозатнома дошт, ки онро худи директори Марказ ҳануз моҳи майи соли 2016 барои ихтиёран қатъ кардан ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф пешниҳод карда буд. Аз он ба баъд ягон намуди иҷозатнома ва ягон намуди шартнома бо ягон ниҳоди давлатӣ надорад. Аз ин рӯ фаъолияте, ки марказ анҷом дода истодааст пурра ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад.”

Ба таъкиди масъулини Вазорати маориф, чунин ҷамъияту марказҳо бе мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар мақомоти дахлдор наметавонанд бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ дар ин самт ҳамкории байналмилалиро ба роҳ монанд.

Вазорати умури дохила: Дағалрафторӣ набуд

Дар ҳамин ҳол Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ мегӯяд, ба хотири мувофиқа нашудани ин чорабинӣ аз баргузор шудани он ҷилавгирӣ кардаанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 3 апрел гуфт, ин чорабинӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мувофиқа нашуда буд ва ба ҳамин хотир он баргузор нашуд. Бояд бо Вазорати маориф ин чорабиниро мувофиқа мекарданд ва баъдан мегузаронданд онро. Сухангӯи ВКД ҳамчунин “дағалрафтории кормандони ин ниҳод ба иштирокчиёни намоишгоҳро” рад карда гуфт, “ин гапҳо ягон далел ва асос надоранд. Баръакс ҳукумати имрӯза аз ҷумла ВКД дастгири ҷавонон аст. Имсол соли ҷавонон аст”.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

“Мултикид” мегӯяд, ҳеҷ гоҳ қонунро нақз накардааст

Хабари пароканда шудани яке аз маъруфтарин маъракаҳои пешниҳоди имкониятҳои васеи таҳсил дар Аврупову Ғарб, ки аз соли 1999 ба ин сӯ бо ташаббуси созмони “Мултикид” барпо мешавад, нахуст дар саҳифаи Фейсбуки раҳбари ин созмон – Манзура Ҷӯраева нашр шуд. Вай хабар дод, ки пулис рӯзи 1 апрел аз баргузории намоишгоҳи таҳсил ҷилавгирӣ карда ва довталабону меҳмонҳоро пароканда намуд. Манзура Ҷӯраева дар чунин ранг гирифтани кор мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро айбдор кард. Дар изҳороти расмии ӯ гуфта шудааст, "намегузорам, бо созмони ман, ки аз соли 1999 барои ватан хидмат мекунад, чунин рафтор кунанд. Ҳоло ҳайронам, ки ман кӣ ҳастам – ҷинояткор ё мутахассисе, ки президент барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф бо медал қадрдонӣ кардааст?"

Раҳбари созмони "Мултикид" мегӯяд, навору аксҳои шахсии онҳо аз ҷараёни омодагӣ ба намоишгоҳ ва чигуна пароканда шудани меҳмонҳову довталабон мусодира гардидааст. "Ман аз ҳамаи меҳмонҳо, бахусус, 500 довталабе, ки барои имтиҳонсупорӣ дар Душанбеву Хуҷанд сабт шуда буданд, узр мехоҳам", - афзудааст ӯ.

Рӯзи 3 апрел Манзура Ҷӯраева аз шарҳи бештари ин қазия худдорӣ кард ва гуфт, ки феълан бо ҳамин изҳороти хаттиаш иктифо мекунад.

Баҳсҳои пасипардагӣ

Коршиносон мегӯянд, дар паси баҳси “Мултикид” бо Вазорати маориф ва илм шояд масоили дигаре матраҳ аст, ки бештар ба рақобат мемонад. Ба назари Рустам Гулов, як блогнавис ва ҳам таҳлилгари ҷавони тоҷик мегӯяд, ин баҳс шояд бештар сари фиристондани ҷавонон ба хориҷ барои таҳсил аст.

Ҷаноби Гулов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “гап дар сари рақобат байни ташкилотҳо аст ва усулҳои ғайриқонуние, ки дар бозор истифода мебаранд. Дар пайи буҳрони молиявӣ ташкилотҳое, ки ҷавононро ба хориҷ барои таҳсил мефиристанд, зарар дида истодаанд. Аз ҷиҳати дигар бошад, соҳаи таҳсил дар хориҷа то як дараҷа рушд мекунад, талаботи муайяни худро дорад ва талабот ба он чандон паст нашуда истодааст. Аз ин ҷиҳат ташкилотҳое, ки мехоҳанд бо ин усулҳои ғайриқонунӣ тамоми бозорро зери дасти худ гиранд, ба ин корҳои ғайриқонунӣ даст мезананд.”

Рустам Гулов ҳамчунин гуфт, қаблан зери шиори мубориза бо ифротгароӣ рафтани донишҷӯёни тоҷик ба кишварҳои арабӣ зери назорат қатъӣ гирифта шуд ва акнун навбат ба давлатҳои Аврупо ва Амрико расид.

“Ягона давлатҳое, ки каму беш ба онҳо озодона рафтан мешуд, ин давлатҳои Аврупо ва Амрико буд. Аммо чӣ хеле мебинем, шояд ин равия ҳам дар зери назорати қатъӣ қарор мегирад ва дар натиҷа интихоби озод хеле маҳдуд карда мешавад,” - гуфт Рустам Гулов.

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Дар гузашта дар Душанбе, Хуҷанд ва шаҳрҳои дигари кишвар намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа бисёр баргузор шуда, бори аввал аст, ки мақомоти интизомӣ монеаш мешаванд.

Созмони “Мултикид”, ки ба таълими забонҳои хориҷӣ ва ташкили таҳсили довталабони тоҷик дар берун аз кишвар маъруф аст, аз марказҳои ҷиддӣ ба шумор мерафт. Масъулони созмон мегӯянд, ин дафъа барои иштирок дар намоишгоҳи онҳо ёвари раиси ҷумҳур оид ба равобит бо ҷомеа, муовини шаҳрдори Душанбе, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва сафирони Амрикову Бритониё даъват шуда буданд. Аз рӯи ин барнома солона даҳҳо ҷавони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои олии Аврупову Ғарб сафарбар мешаванд.

XS
SM
MD
LG