Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳуров аз раиси Бонки миллӣ хост, нагузорад, ки "проблема бузург" шавад. САДО


Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Раиси порлумони Тоҷикистон аз раиси Бонки миллӣ хост, ки шабонарӯз машғули ҳалли масъалаи бонкҳои гирифтори мушкил бошад, то “проблема” бузургтар нашавад.

Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 25-уми май зимни баррасии ду қонун дар бораи фаъолияти бонкӣ дар Тоҷикистон ба сарнавишти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк“ дахл кард ва ба Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт: “Шахсан худатон шабурӯз машғул шавед, то ки оянда проблемаи калонро ба вуҷуд наорад. “

Раиси порлумон баъд аз он ба раиси Бонки миллӣ чунин муроҷиат кард, ки ӯ дар посух ба суоли як вакил вазъи “Агроинвестбонк” ва барномаҳо барои ба по хезондани онро шарҳ дод.

Зуҳуров аз раиси Бонки миллӣ хост, нагузорад, ки "проблема бузург" шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00
Линки мустақим

Ӯ гуфт: Проблемаҳоро ҳал кардан, вазифаҳои асосии мо аст. “Тоҷиксодиротбонк” якчанд шартнома бастагӣ ҳаст. Мо кор карда истодаем. Агар баъди таҳлилҳо ва расмиёти давлатиро мо гузаронем, мо иҷозати сармояҷалбкунӣ медиҳем. Агроинвестбонк ҳоло ҳам дар назди пасандозгузорандаҳо ӯҳдадориҳои зиёд дорад. Шаш моҳ зиёд шуд, раҳбарияти “Агроинвестбонк” ҳам бо дигар шахсон корбарӣ карда истодаанд, аз рӯи ваъдаи охирон то охири моҳи май бояд сармояи иловагӣ ҷалб намоянд. “

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Раиси Бонки миллӣ гуфт, ки ҳамин ҳафта ба ҳукумат дар бораи ҳарду бонк пешниҳодҳои мушаххас фиристодаанд ва агар “Агар Агроинвестбонку Тоҷиксодиротбонк нақшаи будагиро ҳам иҷро накунад, нисбати он ҳам чораҳои таъхирнопазир то бозхонд намудани иҷозатнома татбиқ карда мешавад.”

Аммо Ҷамшед Нурмуҳаммадзода баъди хатми нишаст зимни сӯҳбати кӯтоҳе дар роҳравҳои порлумон ба хабарнигорон аз ҷумла хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, ки вазъи ду бонки бузурги гирифтори мушкил беҳтар мешавад ва онҳо дигарбора қодир ба иҷрои масъулиятҳояшон дар назди муштариён хоҳанд буд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода рӯзи 25-уми май дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” иҷрои барномаҳои солимгардониро идома медиҳанд ва барои он ба ҷалби сармояи хусусиву хориҷӣ шурӯъ кардаанд. Вай гуфт, ки қарор аст, то охири моҳи май вуруди сармояи хусусӣ ба "Агроинвестбонк" шурӯъ шавад.

Ба қавли ӯ, сармояҳо аз ҳисоби худи моликони бонк ва ё сармояҳои хориҷӣ ҳастанд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, ки мӯҳлати солимгардонии бонкҳо се сол аст, аз соли 2017 то соли 2019 гуфт, “Магар дар як сол ин корро карда метавонанд”.

Шаш моҳ зиёд шуд, раҳбарияти “Агроинвестбонк” ҳам бо дигар шахсон корбарӣ карда истодаанд, аз рӯи ваъдаи охирон то охири моҳи май бояд сармояи иловагӣ ҷалб намоянд.

“Тоҷиксодиротбонк” ба гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода барои беҳбуди вазъи худ бо сармоягузорони хориҷӣ созишнома имзо кардааст. Ду бонки бузург, ки садҳо ҳазор муштарӣ доранд, моҳи декабри соли 2017 ба мушкилоти молӣ гирифтор шуданд ва ҳукумат барои наҷоти онҳо аз вартаи муфлисӣ беш аз 3 миллиард сомонӣ харҷ кард. Намояндагони ҳарду бонк ҳанӯз дар бораи баррасии вазъи онҳо дар ҷаласаи порлумон изҳори назар накардаанд.

Вале аввалин ҳамин моҳ гузориш расид, ки Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) эълон кардааст, ки то 51 дарсади саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро мехарад. Раванди фурӯши саҳмияҳои “Тоҷикодиротбонк” тоза шуруъ шуда, баъди розигии Бонки миллӣ ва дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.

Феълан 80 дарсад саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк" дар дасти давлат қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои наҷоти ин бонк беш аз 2 миллиард сомонӣ ҷудо кард ва дар иваз 85 дарсади саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёри худ гирифт.

Бинои аслии "Агроинвестбонк"
Бинои аслии "Агроинвестбонк"

“Агроинвестбонк”, яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, ки раҳбариашро Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки миллӣ бар уҳда дорад, дар гузашта гуфтааст, ки барои ислоҳи вазъ ва хидматрасонии муносиб ба муштариён барномаҳои зиёде иҷро мекунад. Аз ҷумла ду ҳазор корманди бонкро, ихтисор карданд, то харҷ камтар шавад. Дигар инки айни замон садҳо парвандаи он мизоҷоне, ки қарз гирифтаву барнагардондаанд дар додгоҳҳо баррасӣ мешавад ва ҳарду бонк мехоҳанд, ин мардум бо фурӯши моликияташон қарзҳояшонро баргардонанд.

Аммо ба эътиқоди Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии хабаргузории “Азия Плюс” мегӯяд, зиёд бовар надорад, ки ба ин зудиҳо ҳарду бонки бузурги кишвар “сиҳат” шаванд. “Тоҷиксодиротбонк” барои наҷот аз мушкил наздиктар аст, зеро ахиран бо Арабистони Саудӣ дар бораи сармоягузории ин бонк қарордод имзо кард. Аммо, вазъияти “Агроинвестбонк” душвор аст. Ҳарчанд раиси Бонки миллӣ мегӯяд, музокирот дар бораи сармоягузорӣ ба бонк идома дорад, аммо фикр накунам, кишваре ё муассисае омода мешавад ба бонке сармоягузорӣ кунад, ки ҳеҷ суде дар фаъолияташ мушоҳида намешавад - гуфт ӯ.

Мушкили бонкҳои Тоҷикистон соли 2016 шурӯъ шуд ва баъди коҳиши воридоти маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик шиддат гирифт. Давлати Тоҷикистон аз бими норизоиятии мардум, ки дар Агроинвестбонку Тоҷиксодиротбонк садҳо миллион сомонӣ пасандоз доранд, онҳоро аз вартаи муфлисӣ раҳонд вале бонкҳои хурде ба мисли "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд.

XS
SM
MD
LG