Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози сол эълон шуд


Алишер Ҷалилов ҳангоми гирифтани ҷоиза
Алишер Ҷалилов ҳангоми гирифтани ҷоиза

Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгари бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки беҳтарин бозигари сол дар соли 2019 эътироф шуд, бо ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) сарфароз гардид.

Барои унвони беҳтарин бозигари сол се довталаб буд: дарозабони «Истиқлол» Рустам Ятимов, нимҳимоятгари ин даста Алишер Ҷалилов, инчунин собиқ сартими «Хуҷанд» -и Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев, ки ҳоло шарафи бошгоҳи «Саиф Спортинг Клуб»-ро аз Бангладеш ҳимоя мекунад. Дар натиҷа ғолиби ин номинатсия нимҳимоятгари 26-сола Алишер Ҷалилов гардид.

Алишер, ки 29-уми августи соли 1993 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, соли 2004 ба Маскав кӯчида буд. Ҳамон сол ӯ шогирди мактаби варзишии кӯдакону наврасон (ДЮСШ)-и «Локомотив»-и Маскав шуд.

Соли 2009 Алишер ба дастаи ҷавонони «Рубин»-и Қазон гузашт. 18-уми июни соли 2011 дар ҳайати асосии «Рубин» дар меҳмонӣ муқобили «Ростов» ба майдон омадааст. Соли 2012 ба дастаи «Нефтехимик»-и Нижнекамск ба иҷора дода шуд, ки дар ин бошгоҳ 28 бозӣ карда, 2 гол задааст.

Алишер Ҷалилов беҳтарин бозигари ҷавони Лигаи миллии футболи Русия дар мавсими 2012/13 дониста шудааст. Тобистони соли 2013 ба «Рубин»-и Қазон баргаштааст. Мавсими 2017-2018-ро дар ҳайати «Балтика»-и Калининград гузаронидааст. Ӯ ба ҳайати дастаҳои наврасони Русия ҷалб шуда буд.

Алишер Ҷалилов аз моҳи январи имсол дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекунад. Ӯ моҳи июли соли равон ба таври расмӣ ҳуқуқи дар тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозӣ карданро пайдо кард.

Алишер дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар панҷ бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ширкат карда, як гол задааст. Ӯ мегӯяд, “орзуи ҳар як футболбоз дар ҳайати тими миллии кишвар бозӣ кардан аст. Ман аз он хушҳолам, ки ин орзуям ҷомаи амал пӯшид. Аз он мефахрам, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ватани ман аст, дохил шудам.”

Алишер Ҷалилов имсол дар дастаи “Истиқлол” бомуваффақият бозӣ карда, ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд. Ҳамчунин ӯ бо медали тиллои Ҷоми Тоҷикистон сарфароз гардид. Алишер дар бозиҳои лигаи олӣ дар ҳайати “Истиқлол” 11 тӯб задааст.

Маросими супурдани ҷоизаҳои ФФТ аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2019 имрӯз, 21-уми декабр, дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи "Кохи Cуруш", доир шуд. Ғолибон аз рӯи номинатсияҳои мухталиф бо ҷоизаҳои ФФТ сарфароз гаштанд.

Чунончи, бозигарони дастаҳои лигаи олӣ - Рустам Ятимов (“Истиқлол”) бо ҷоизаиБеҳтарин дарвозабони сол”, Давронҷон Эргашев (“Хуҷанд”-и Хуҷанд) бо ҷоизаи “Беҳтарин ҳимоятгари сол”, Эҳсони Панҷшанбе (“Истиқлол”) бо ҷоизаи “Беҳтарин нимҳимоятгари сол” ва Шериддин Бобоев (“Истиқлол”) бо ҷоизаи “Беҳтарин ҳамлагари сол” мукофотонида шуданд.

Барандагони ҷоизаҳои ФФТ дар соли 2019:

Беҳтарин бозигари лигаи аввал

Тоҳир Маладӯстов («Барқчӣ»)

Беҳтарин мураббии лигаи аввал

Зайниддин Раҳимов («Локомотив-Помир»)

Беҳтарин бозигари ҳайати ҷавонони лигаи олӣ

Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»)

Беҳтарин мураббии ҳайати ҷавонони лигаи олӣ

Камолҷон Ортиқов («Хатлон»)

Беҳтарин довар

Насрулло Кабиров (Норак)

Беҳтарин дарвозабони лигаи олӣ

Рустам Ятимов («Истиқлол»)

Беҳтарин ҳимоятгари лигаи олӣ

Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»)

Беҳтарин нимҳимоятгари лигаи олӣ

Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»)

Беҳтарин ҳамлагари лигаи олӣ

Шериддин Бобоев («Истиқлол»)

Беҳтарин мураббии лигаи олӣ

Виталий Левченко («Хуҷанд»)

Беҳтарин бозигари сол

Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)

Дар ин маросим Меҳрангез Шарипова аз дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҷоизаи “Беҳтарин бозигари лигаи занон” ва Қурбонгул Қурбонова сармураббии «Хатлон» бо ҷоизаи “Беҳтарин мураббии лигаи занон” мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин ба беҳтарин бозигарону мураббиёни лигаи наврасон, лигаи футзали касбӣ ва мусобиқаи собиқадорон тӯҳфаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон супурда шуд.

XS
SM
MD
LG