Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раъйи моро надуздед." Баҳси нобиноён дар остонаи "интихобот". ВИДЕО


Интихоби раиси нави ҷамъият ё иттиҳоди нобиноён дар Тоҷикистон, ки моҳи сентябри имсол сурат хоҳад гирифт, ин қишри ҷомеаро ба ду тақсим кардааст.

Гурӯҳе аз нобиноёни норозӣ иддао доранд, ки раҳбарияти ҳозираи ҷамъият раъйи онҳоро ба фоидаи худ "медуздад" ва чанд соли дигар бекору дастнигар мегузорад. Вале масъулони ҷамъияти нобиноён ва тарафдорони онҳо гуфтанд, "ҳеч тақаллуб нахоҳад шуд".

Интихоби раиси ҷамъияти нобиноён дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як бор баргузор мешавад. Анҷумани навбатӣ барои интихоби раиси нобиноён ба рӯзи 18-уми сентябри имсол таъйин шудааст.

Раисро вакилоне интихоб мекунанд, ки аз нобиноёни минтақаҳои гуногуни кишвар намояндагӣ мекунанд. Вакилон дар ҷаласаи моҳи август маълум шудаанд.

Парвиз Қурбонов, узви ҷамъияти нобиноён, рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "тақаллуб аз ин ҷаласа оғоз шуд" ва ба нигарониҳои онҳо афзуд. "Маҷлис ноодилона гузашт. Афроде вакил шуданд, ки ба раҳбарони феълӣ наздик ҳастанд. Одамоне буданд, ки ба мо дахл надоштанд. Онҳоро вакил карданд, то дар интихобот пуштибониашон намоянд", -- гуфт ӯ.

Вале раҳбарияти ҷамъияти нобиноён мегӯянд, "ин иддао бепоя аст", чун ҷараёни интихоби вакилон дар коғазҳо дарҷ шуда ва "чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест".

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Ҷанҷоли нобиноёни тоҷик дар остонаи интихоби раиси нав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Бо ин ҳол, норозигӣ ё нигаронии гурӯҳе аз нобиноён бар сари чист ва аз куҷо об мехӯрад? Бархе аз онҳо гуфтанд, "раҳбарони кунунии ҷамъият ба аъзои он кумак намекунанд" ва "корхонаҳоро ба иҷора додаанд".

"То кай мо бояд бекор бошем ва дастнигари хонавода? То кай бояд талбандагӣ кунем?" – суол гузошт яке аз нобиноёни норозӣ.

Холмурод Сафаров, узви собиқадори ҷамъияти нобиноёни Душанбе, гуфт, аз 11 корхонаи мутааллиқ ба ҷамъият се коргоҳ дар вилояти Суғд фаъол асту бас. Вай афзуд:

"Корхонаҳои дигар ё аз фаъолият мондаанд ё ба иҷора дода шудаанд. Пули иҷораро раҳбарият мегирад. Мо мехоҳем раҳбари нав ҷавон ва кордон бошад ва бисёриҳоро аз зиндагӣ дар кӯчаву талбандагӣ бираҳонад. Ақаллан чанд корхонаро ба кор дароранд."

Раҳбарияти ҳозираи ҷамъият бо чунин ҳарфҳо розӣ нест. Баръакс, онҳо аз гуруҳи нобиноёни норозӣ гиламанданд, ки "ба ҷамъият ҳеч фоидаашон намерасад".

Холмаҳмад Тенгниев, муовини раиси иттиҳоди нобиноён гуфт, аксар корхонаҳои саноатӣ дар кишвар аз фаъолият мондаанд ва корхонаҳои нобиноён низ истисно нест.

"Бо ин ҳол, дар Хуҷанд 70 нафар кор мекунанд. Дар шаҳри Ваҳдат теъдоди нобиноёни коргар ба 50 нафар мерасад. Ин магар нишонаи фаъол будани корхонаҳо нест? Гап дар сари он аст, ки мол бояд харидор дошта бошад. Талабот, ки шуд, кор ҳам мешавад", -- шарҳ дод ӯ ва афзуд, "тамоми талоши худро мекунем, ки аъзои ҷамъият дармондаву бе пушту паноҳ набошанд".

Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон шумораи аъзои худро беш аз 9 ҳазор мегӯяд, аммо ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, шумораи ин қишри ҷомеа ба тақрибан 15 ҳазор нафар баробар аст.

Бахше аз нобиноён зери парастории наздикони худ ҳастанд. Бархеи дигар дар кӯча талбандагӣ мекунанд. Шумораи ками онҳо то саҳнаи баланди ҳунар расидаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, нобиноён мисли афроди дигари маъюб аз бисёре имкониятҳо, аз ҷумла гаштугузори озод дар роҳҳову нақлиёти ҷамъиятӣ маҳруманд. Қисми хеле ками онҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Ҳоло нобиноёни норозӣ аз Вазорати адлия хостаанд, ки ҷараёни интихоби раиси нави ҷамъиятро назорат кунад, то тақаллуб нашавад ва вазъи онҳоро аз будаш бадтар накунад. Дар Вазорати адлия гуфтанд, номаро гирифтаанд, вале нагуфтанд, ки дар интихоби раиси ояндаи нобиноён дахолат хоҳанд кард ё не.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG